Дар Тоҷикистон дубора оташи ҷанге ба монанди ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои 1992-1997, дар ҳоли зоҳир шудан аст. Мақомоти Тоҷикистон дар як макони ором вазъияти бӯҳронӣ эҷод кардаанд; вазъияте, ки хунрезиҳои дигар ва кушту кушторҳои шаҳрвандони бегуноҳ дар Бадахшонро дар пай дорад.
Ин бӯҳрон, ки ахиран тавассути Эмомалӣ Раҳмон дар Бадахшон эҷод шуда ва худи ӯ ҳидоят мекунад, тибқи ҳамон нақшае пеш меравад, ки дар соли 2012 мавриди озмоиш қарор гирифта буд, ба гунае, ки камтарин иқдоми носанҷида ва як иштибоҳ, мумкин аст як даргирии ҷадидеро дар ин нуқтаи бисёр ҳассоси минтақа ва ҷаҳон, яъне Бадахшон ва чӣ басо кулли Тоҷикистон, дар пай дошта бошад.
Хомӯш ва бетараф истодан дар баробари ин рухдод дар ҳоли ҳозир, на танҳо баробар аст бо хиёнат ба манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ва насли оянда, балки хиёнат аст ба манфиатҳои миллии кишварамон дар дарозмуддат.
Баъди гузаштани беш аз як моҳ аз сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хоруғ — маркази ВМКБ, ҳанӯз мақомот натавонистанд сабаби аслии интиқоли нерӯҳои артиш ба Бадахшонро тавзеҳ диҳанд.
Маълум шуд, ба ғайр аз нерӯҳои асосӣ, ҳукумат аллакай гурӯҳҳои иловагие аз ҷумлаи ветеранҳои ҷанги шаҳрвандӣ, яъне “Фронти халқӣ” – ки Эмомалӣ Раҳмонро ба сари қудрат овардааст – ташкил намудаанд; ҳамон “Фронти халқие”, ки қатли омми мардуми бегуноҳи Тоҷикистон аз ҷумла бадахшониҳоро дар корномаи худ дорад.
Мо ба сурати ҷиддӣ ба мақомоти Тоҷикистон ҳушдор медиҳем, ки аз такрори иқдомҳои ғайримасъулона, хатарнок ва низомӣ-полисӣ дар Бадахшон худдорӣ кунанд. Қотеъона даъват ба амал меоварем, ки аз ба кор бурдани терроризми давлатӣ нисбат ба шаҳрвандони худ даст бардоранд ва шайтони ҷанги шаҳрвандиро аз хоб бедор насозанд.
Мо ба мақомоти Тоҷикистон ёдоварӣ мекунем, ҳукумат масъул аст, ки ба мардум хидмат кунад ва Қонуни асосии Тоҷикистонро мӯ ба мӯ риоят намояд; қонуне, ки ба асли бегуноҳӣ таъкид дорад ва иҷоза намедиҳад, ки касе бидуни исботи гуноҳ дар маҳкама, ҷинояткор хонда шавад.
Рафторҳои кунунии мақомоти Тоҷикистон, вайронкунии бевоситаи Қонуни асосии кишвар шумурда мешавад. Истифодаи артиш ва нерӯҳои вежа дар замони сулҳ алайҳи шаҳрвандони худ, ғайриқонунӣ буда ва мухолифи статуси давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд ва меъёрҳои байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.
Мо аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба хусус аз мақомот ва низомиҳо, даъват ба амал меоварем, ба хотири сулҳу осоиш дар кишвар ва ба хотири ояндаи фарзандони худ, аз иҷрои фармонҳо ва дастуроти ғайриқонунӣ худдорӣ намоянд.
Мо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳамаи касоне, ки тавони расондани паёми худ дар ҳимоят аз сулҳу суботу осоиш дар Тоҷикистонро доранд, даъват ба амал меоварем, тамоми имкониятҳои худро ба кор гиранд, то ба хунрезӣ ва кушту куштори дигар дар Бадахшон роҳ дода нашавад.
Бадахшон, ҷузъи ҷудонашавандаи Тоҷикистон аст. Аҳолии ВМКБ барои ҳеч кас таҳдид ба шумор намераванд ва ба касе ҳамла ҳам нахоҳанд кард. Онҳо мисли ҳамаи тоҷикистониён, ҳамватанони мо ҳастанд; ҳамватаноне, ки миёни онҳо ҳеч фарқе вуҷуд надорад.
Имрӯз ҳамаи тоҷикҳо ва тоҷикистониён, фақат бо як мушкили фарогир рӯ ба рӯ ҳастанд – фақру беқонунӣ, набуди имконияти интихоб кардан ва таъсир гузоштан дар сарнавишти кишвар, ва солеҳ сохтани кишвар барои як зиндагии шоиста ва муносиб.
Мақомоти Тоҷикистон афродеро ҳамроҳ бо силоҳ ба ВМКБ фиристодаанд, то кушту куштор роҳ андозанд, то шаҳрвандони моро бар зидди якдигар бишӯронанд, он ҳам дар замоне, ки ҳанӯз захмҳои ҷанги шаҳрвандӣ шифо наёфтаанд. Онҳо ба Бадахшон ҳазорон доваталабро дар қолиби гурӯҳҳои корӣ нафиристоданд, ки фабрикаҳо ва корхонаҳо бисозанд, ҷои кор муҳайё намоянд. Балки ба ҷои тракторҳо ва экскаваторҳо, ба сӯи шаҳрвандони худ тӯпу танк фиристоданд. Ба ниёзҳои мардум ин гуна посух намедиҳанд. Мушкилоти мардум ин гуна ҳаллу фасл намешаванд. Мушкилоти ҳукумат ба ин сурат қобили ҳаллу фасл нест.
Паймони Милли Тоҷикистон (ПМТ) ба мақомоти Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки дар сурати шурӯъи иқдомҳои ғайриқонунӣ дар Бадахшон, онро ҳамчун тарроризми давлатӣ бар зидди мардуми Тоҷикистон шумурда ва ба он, бо тазоҳурот ва роҳпаймоиҳои худ дар бузургтарин шаҳрҳои Урупо ва ҷаҳон, посух хоҳад дод.
Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ)
23 октябри соли 2018
Варшава, Лаҳистон
Рубрики:Ахбори Анҷуман, Баёнияҳо