Дар фарҳанги мо, тоҷикон, Наврӯз на танҳо фасле нав барои табиат аст, балки барои инсон ҳам як фасли ҷадид ба шумор меравад; фасле барои нав шудан, фасле барои тағйиру таҳаввул пайдо кардан ва фасле барои беҳтар шудан дар тамоми ҷанбаҳои зиндагӣ. Аз ин рӯст, ки ниёкони мо бо омадани Наврӯз, ҳамгом бо табиат либос нав бар тан мекарданд ва хона такон медоданд.
Паймони Миллии Тоҷикистон зимни табрику таҳниати яко-яко шаҳрвандони Тоҷикистони азиз ба муносибати фаро расидани ин ҷашни куҳан ва бостонӣ, таманно мекунад, ки бо омадани баҳор ва нав шудани табиат дар ин сол, дар зиндагии шаҳрвандон низ тағйиру таҳаввуле эҷод бишавад ва якрангиву якнавохтӣ аз арсаи сиёсии кишвар — ки 25 сол аст бар ҷомеаи мо соя афканда – рахт барбандад ва ҷомеа ҳамгом бо табиат фасли наву тозаеро таҷриба кунанд.
Ба умеди он рӯз!
Паймони Миллии Тоҷикистон
20 марти 2019