Ҳуқуқи башар

Профессор Элен Тибо хостори озодии Наимҷон Самеев шуд

Як устоди донишгоҳ дар Донишгоҳи Назарбоеви Қазоқистон, 15 сол ҳукми зиндон нисбати Наимҷон Самеев, яке аз аъзои аршади Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ноодилона хонда, хостори озодии ӯ шуд.

Ба гузориши сайти Паём, профессор Элен Тибо бо интишори матлабе “Яке дигар аз қурбониёни саркуби сиёсӣ дар хориҷ аз Тоҷикистон” навишт: “Дар таърихи 9 апрели 2019, Наимҷон Самеев, узви собиқи Ҳизби наҳзати исломии ҳоло дар Тоҷикистон мамнуъ (ҲНИТ), бо чандин иттиҳом шуруъ аз доштани ғайриқонунии силоҳ то узвият дар як созмони экстрамистӣ барои 15 сол равонаи зиндон шуд. Қазияи Самеев ба листи дарози аъзои собиқи мухолифини сиёсӣ, ки бо ҷурми экстрамизм бар асоси далелҳои машкук зиндонӣ шуданд, изофа шуд.”

Хонум Тибо афзуд: “Мурофиаи судӣ пушти дарҳои баста сурат гирифта, аъзои хонаводааш иҷоза дода нашуданд, то дар мурофеа ширкат кунанд. Писари Самеев ва падари 90-солааш аз мақомот авфи ӯро талаб карданд. Хонаводааш иддао доранд, ки Самеев ҳанӯз дар Русия зиндагӣ мекард, вақте Прокуратураи Генералӣ ҲНИТ-ро дар листи созмонҳои террористӣ гузошт.”

Ӯ аз Наимҷон Самеев чунин ёдоварӣ кард: “Вақте ман дар солҳои 2010 ва 2011 дар Хуҷанд машғули пажуҳиш будам, бо Самеев дар чанд маврид мулоқот кардам ва ӯро як инсони нарм ва ҳушманде ёфтам. Дар қароргоҳи ҲНИТ дар Хуҷанд, Самеев дарсҳое оиди ҳуқуқи инсон, забон ва Қуръон ташкил карда буд.”

Дар мавриди навҳаи истирдоди ӯ аз Русия ва мушкили фаъолони сиёсии тоҷик дар ин кишвар хонум Тибо чунин гуфт: “Парвандаи Самеев бештар драматикӣ аст бо таваҷҷуҳ ба инки ӯ аз Грознии Русия, ки аз соли 2014 дар онҷо ба сар мебурд, дар сентябри 2018 ба Тоҷикистон истирдод шуд. Ин идомаи ҳамон раванди нигаронкунанда аз иқдомоти амниятии кишварҳои худкома (таъқиби мухолифин дар саросари ҷаҳон) мебошад, ки ҳукумат Тоҷикистон онро тайи солҳо амалӣ кардааст. Ин дар ҳолест, ки садҳо нафар аз аъзои собиқи ҲНИТ дар табъид дар чандин кишварҳои аврупоӣ, Русия ва Туркия ба сар мебаранд, ҳарчанд ошкор шуд, ки онҳо дар Русия ва Туркия дигар амният надоранд.”

Ба тозагӣ дар моҳи феврали 2019, яке дигар аз раҳбарони мухолиф аз гурӯҳи 24 (ин ҳам дар Тоҷикистон мамнуъ аст), Шарофиддин Гадоев, аз Русия рабуда шуда ва ба Тоҷикистон истирдод шуд. Мақомоти тоҷик иддао карданд, ки ӯ ба хоҳиши худ ба Тоҷикистон баргаштааст. Ӯ 15 рӯзро дар Тоҷикистон сипарӣ кард, пеш аз онки дар таърихи 1 марти 2019 ба Олмон фиристода шавад. Гуфта мешавад, ки тасмим барои озодии ӯ натиҷаи музокирот байни ҳукумати Тоҷикистон ва дипломатҳои олмонӣ буд. Ӯ сипас ба Ҳуланд, ки онҷо дар соли 2017 мақоми паноҳандагӣ гирифтааст, баргашт.”- ин профессори ғарбӣ изҳор кард.

Элен Тибо афзуд: “Ин як қазияи ҷудогона нест. Пас аз фишори ҷомеаи ҷаҳонӣ, чандин тан аз маҳбусони сиёсӣ озод шуданд. Дар соли 2018, як ҳамлаи густурдаи таблағотии байналмилалӣ дар фишор овардани ба ҳукумати Тоҷикистон барои озод кардани Хайрулло Мирсаидов, журналисти тоҷик, муваффақ шуд. Хайрулло Мирсаидов ба хотири интиқод аз фасоди систематик дар парламенти минтақавии вилояти Суғд, дар шимоли кишвар, ба ҷурми нафрати миллӣ ба 15 сол зиндон маҳкум шуда буд. Бо сабаби тарс аз амнияти худ, ӯ табъидро ихтиёр кард ва то имрӯз дар табъид ба сар мебарад.”

Ӯ дар идома гуфт: “Бо таваҷҷуҳ ба ду мавриди ахир, маълум шуд, ки фишори байналмилалӣ муассир аст ва метавонад ба таври мусбат дар озод шудани қурбониёни саркубҳои сиёсӣ кумак кунад.”

Дар охир Элен Тибо афзуд: “Бинобар ин, ин масъулияти мо, ҳамчун нозирон, донишмандон ва шаҳрвандон, ин аст, ки ин маълумотро мунташир ва бозтоб диҳем, то ба амалҳои саркубкунандаи ғайриқонунии ҳукумати Тоҷикистонро хотима диҳем ва барои озодии Наимҷон Самеев мубориза барем.”

Рубрики:Ҳуқуқи башар

Помечен как:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s