Баёнияҳо

Номаи ПМТ ба сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО)

Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) ба муносибати баргузории панҷумин Саммити сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон дар санаи 14-15 июни соли ҷорӣ, хитоб ба сарони кишварҳои узви ин созмони байналмилалӣ изҳор медорад:

1) ПМТ на танҳо аз узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин созмони байналмилалӣ, ки “тақвияти равобит ва ҳамкории кишварҳои осиёӣ ҷиҳати таъмини амният дар минтақа”-ро ҳадафи худ қарор додааст, истиқбол мекунад, балки бо таваҷҷӯҳ ба афзоиши хатари ифротгароӣ ва терроризм дар минтақа дар ҳоли ҳозир, ҳамкории кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, махсусан кишварҳои узви МҲТБО-ро дар ҷиҳати мубориза бо ин падидаи шум, заруритар аз ҳар замони дигар мешуморад.

2) ПМТ, роҳи мубориза бо падидаи ифротгароӣ ва терроризмро фақат дар истифода аз зӯр ва бакоргирии нерӯи низомӣ намебинад, балки мӯътақид аст, ки муҳимтар аз он, талошу кӯшиш дар ҷиҳати аз байн бурдани бистарҳо ва заминаҳои гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ аст. Ба назари мо, муҳимтарин заминаҳо ва бистарҳои гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ иборатанд аз: фароҳам набудани фурсатҳои корӣ барои ҷавонон, маҳдудсозии озодиҳо аз ҷумла озодиҳои динӣ ва эҷоди монеъаҳо дар анҷоми маросими мазҳабӣ аз тарафи шаҳрвандони диндор, вуҷуди фасодҳои идорӣ дар сохторҳои давлатӣ мебошад.

3) Бо таваҷҷӯҳ ба он чи дар боло гуфта шуд, ПМТ ба арзи сарони узви ин созмон мерасонад, ки ҳукумати кунунии Тоҷикистон бо ин ки ҳамеша таъкид бар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ кардааст, вале мутаассифона, дар амал, сиёсатҳои пешгирифтаи ӯ дар 5 соли ахир, махсусан манъи фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ мисли ҲНИТ ва террористӣ эълон кардани он ва зиндони намудани раҳбаронаш, боис шуданд, ки на танҳо аз хатари терроризм ва ифротгароӣ коста нашавад, балки ин падида бештар ва густурдатар гардад, то ба ҳадде, ки афсарони вобаста ба ҳукумат аз ҷумла фармондеҳи ОМОН ба саффи ДОЪИШ ҷазб гардад. Ва ҳамчунин ҷаҳониён дар соли қабл шоҳиди ҳамлаи доъишиҳо ба туристҳои хориҷӣ ва низ шӯриши зиндониёни доъишӣ дар ду зиндони кишвар шуданд. Дар ҳоле, ки дар замони ҳузури ҲНИТ дар арсаи сиёсии Тоҷикистон ва фаъолияти расмии он, ҳаргиз шаҳрвандони Тоҷикистон шоҳиди инчунин ҳодисаҳои ғамангез ва хунин нашуда буданд.

Бинобар ин, ПМТ изҳори умедворӣ мекунад, ки сарони кишварҳои узви МҲТБО дар ин саммити навбатӣ, заминаҳо ва бистарҳои гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиро баррасӣ намуда, барои аз байн бурдани онҳо, барномаҳои амалӣ мерезанд ва дар ҷиҳати маҳви ин хатар, гомҳои ҷиддӣ бармедоранд.

Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ)

13 июни 2019

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s