Ахбори Анҷуман

Равшан Темуриён: “Шарти асосии вуҷуди ПМТ — секулоризм ва демократия”

Равшан Темуриён, ҳамраиси Анҷумани Озодандешони Тоҷик ва мудири ҳайати машваратии назди раиси Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ), дар гуфтугӯ бо шабакаи радиоии “Паём Нюз дар барномаи “Дидор”, изҳор дошт, ки шарти асосии вуҷудии ПМТ, ин секулоризм ва демократяи аст.

Вай, дар ин ин барнома, бо баёни ин ки “аксарияти мардуми Тоҷикистон баъди 80 соли даврони Шӯравӣ бештар ба ҳаёту рӯзгори секулорӣ одат кардаанд”, гуфт: “Аз пурсишҳои ғайрирасмӣ маълум мешавад, ки аксариятро дар ҷомеи тоҷик тарафдорони сохти секулорӣ ва демократӣ ташкил медиҳанд.”

Темуриён афзуд: “Инро раҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон хеле хуб дарк мекунанд. Ин ҳизб модерейт (мӯътадил) аст ва ба идеяҳои мардумсолорӣ арҷ мегузорад. Шарти асосии вуҷуди Паймони Миллии Тоҷикистон ҳам ҳамин аст: секулоризм ва демократия.”

Темуриён дар посух ба суоли муҷрии барномаи “Дидор” дар бораи музокираҳо миёни намояндаи ҳукумати Тоҷикистон ва раҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо миёнҷигарии худи ӯ афзуд: “Он як барномаи сулҳомези тарафи ҳукумат буд, ки аз ҷониби раҳбарияти идораи амнияти миллӣ бо ҳамоҳангсозӣ бо сарвари давлати Тоҷикистон таҳия шуда буд. Тамосҳо ва гуфтушунидҳо аз тарафи ҳукумат самимӣ ва некбин ба назар мерасид. Ҷониби дигар ҳам ин муҳити самимиро ҳис мекард.”

Изҳори назари Темуриён дар бораи тамосҳо ва гуфтушунидҳо миёни ду тараф ва дар бораи пешшартҳои ҷонибҳо ва ҷузъиёти ҷараёни муколамаи ба восита ва сабабҳои қатъи гуфтушунидҳоро дар зайл метавонед мушоҳида намоед:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s