Баёнияҳо

Баёнияи Дабирхонаи Ҷоизаи байналмилалии Файзинисо Воҳидова

Баъд аз эълони сабти расмии Ҷоизаи байналмилалии Файзинисо Воҳидова аз сӯи Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо дар Ҷумҳурии Литва дар таърихи 16 июли соли ҷорӣ, Дабирхонаи ин ҷоиза дар ҳамон таърих тайи баёнияе аз шаҳрвандони азизи кишварамон даъват ба амал овард, то афрод ва созмонҳои мавриди назари худро барои дарёфти ин ҷоиза муаррифӣ намоянд.

Дар як муддати кӯтоҳ, беш аз 40 шахсият ва ниҳод барои дарёфти Ҷоизаи байналмилалии Файзинисо Воҳидова тавассути мардум ба Дабирхона муаррифӣ шуданд.

Дабирхона билофосила Комиссияи арзёбӣ ва ташхиси барандагони ҷоизаро ташкил дод. Нӯҳ (9) шахсияти маъруфи байналмилалӣ — ҳуқуқдонҳо, рӯзноманигорон ва сиёсатмадорони матраҳ – аъзои ин комиссия мебошанд, ки дар сурати зарурӣ, ному насаби онҳо расонаӣ хоҳад шуд.
Комиссия билофосила ба кори худ оғоз намуд ва тайи баргузории 6 ҷаласаи корӣ ба сурати онлойн, аз миёни 40 шахсият ва ниҳодҳои муаррифишуда тавассути мардум, се нафарро ба унвони номзадҳои ниҳоӣ барои дарёфти ин ҷоиза интихоб намуд, ки дар рӯзи маросими эътои ин ҷоиза — ки дар даҳаи дуввуми моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Варшава, пойтахти Лаҳистон баргузор хоҳад гардид – яке аз ин се номзади ниҳоӣ, ба унвони барандаи Ҷоизаи байналмилалии Файзинисо Воҳидова дар соли 2019 эълон ва ҷоиза барояш эъто хоҳад шуд.

Номзадҳои ниҳоӣ барои дарёфти Ҷоизаи байналмилалии Файзинисо Воҳидова дар соли 2019 иборатанд аз:

Каримҷон Ёров

Бузургмеҳр Ёров

Иззат Амон

Ҳамчунин, ба 5 нафар аз кунишгарони арсаи дифоъ аз ҳуқуқи башар ва фаъоли иҷтимоӣ низ, лавҳи тақдир эҳдо хоҳад гардид.

Дабирхонаи Ҷоизаи байналмилалии Файзинисо Воҳидова вазифаи худ медонад, ки камоли тақдиру ташаккури худро ба аъзои мӯҳтарами Комиссияи арзёбӣ ва ташхиси барандагони ҷоиза иброз бидорад.

Бо эҳтиром,

Дабирхонаи Ҷоизаи байналмилалии Файзинисо Воҳидова

2 сентябри соли 2019

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s