Баёнияҳо

Пешниҳодҳои ПМТ оид ба пешгирӣ аз таъсири манфии буҳрони дар пешистода

Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯзҳо дар рубарӯи чолиши бузурге қарор дорад, ки таъсири худро аллакай ба иқтисоди ҷаҳонӣ расонидааст ва ин раванд идома дорад. Ҷои шак нест, ки ҳама кишварҳо ба ин ё он сатҳ аз ин буҳрон зарар хоҳанд дид. Ба хусус, аз оқибатҳои иқтисодӣ ва равонии он.
Тоҷикистони мо ҳам яке аз кишварҳоест, ки метавонад зарари бештар бубинад, чун иқтисоди мо аз омилҳои беруна вобостагии зиёд дорад.
Бухрони эхтимолӣ дар Русия бо сабаби поин рафтани нархи нефт ва идомаи маҳдудиятҳо бо сабаби вирус метавонад садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷикро аз ҷои кор маҳрум созад, ки яке аз сарчашмаҳои асосии маблағҳо барои иқтисоди кишвар мебошанд.
Лозим аст, ки аз ҳоло чораҳои лозимии иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ дида шаванд, то аз таъсири манфии ин бӯҳрон дар оянда коста шавад.

Паймони Миллии Тоҷикистон бастае аз пешниҳодҳоро ҳамчун чораҳои фаврӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад ва боварӣ дорад, ки дар сурати иҷроиши онҳо, омодагии кишвари мо ба ин буҳрон бештар ва марҳалаи гузор аз он барои давлат ва миллат сабуктар хоҳад буд:

1. Ба таври ҳамагонӣ ва бепул ба кишвар овардани ҳама шаҳрвандони Точикистон, ки дар хориҷ мондаанд ва нияти бозгашт ба ватанд доранд.

2. Дар биноҳои васеътар ва муносиб бо шароити беҳтар ҷой кардани ҳама касоне, ки ба карантин фаро гирифта мешаванд.

3. Қатъи тамоми навъи ҷамъомадҳо, чашнворахо, маросимхои серодам, аз ҷумла маршировкаҳо.

4. Озод намудани ҳама маҳбусони болои синни 60 аз зиндонҳо, новобаста аз муҳлати ҷазо, таркиби ҷиноят ва омилҳои дигар. Маҳбусони синашон ҷавонтар вобаста ба хатарнокиашон ба ҷомеъа, барои муддатҳои гуногун аз маҳбасҳо озод шаванд ва дар шароити манзил ба сар бубаранд. Инчунин, ба хотири беҳтар кардани фазои сиёсиву равонии кишвар, ба хотири боло бурдани эьтимоди мардум ба ҳукумат ва нишон додани эҳтиром ба қарори муътабартарин созмони байналмиллалӣ, ки Тоҷикистон узви он мебошад, озод намудани 15 зиндонии сиёсӣ, ки Кумитаи ҳуқуқи башари СММ озодии фаврии онҳоро талаб намудааст.

5. Боло бурдани суръати интернет ба хотири ҳарчи зудтар омода кардани шароит барои низоми интернетии таълим, коргузорӣ ва мудирият дар кишвар. Бардоштани ҳамагуна маҳдудиятҳо болои сайтҳои расонаӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба хотири қавитар кардани амнияти иттилоотии кившар ва боло бурдани сатҳи огоҳии мардум аз равандҳо, мушоракати бештари мардум дар тарҳҳо ва барномаҳои зиддибуҳронӣ.

6. Роҳандозии низоми пардохтҳои ғайринақдӣ ва фурушгоҳҳои интернетӣ, ки дар сурати зарурат мардум битавонанд ашёи мавриди ниёзи худро аз манзил ва фосилаи дур супориш бидиҳанд. Дар сурати зарурат, ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо дар фаъолияти бозорҳо, фурӯшгоҳҳои калон , нақлиёти шаҳрӣ ва донишгоҳу муассиаҳои таълимӣ. Ҳамзамон ташкили фурӯшгоҳҳои хурди сайёр бо рияоти талаботи санитарӣ дар маҳаллаҳо ва хиёбонҳои аслии шаҳрҳо.

7. Барҳам додани низоми пулакии роҳи Душанбе -Чаноқ, ки ширкати IRS солона наздики 100 миллион долларро аз ронандагон, соҳибкорон ва мардуми оддӣ ситонида, ба суратҳисобҳои офшорӣ мефиристад ва амалан аз гардиши молии кишвар берун мекунад. Ин иқдом на танҳо фишори молиро дар чунин рӯзҳои буҳронӣ болои мардум камтар мекунад, балки таъсири худро ба поён рафтани нархи сафар ва интиқоли молу мавод хоҳад расонд.

8. Эълони мораторияи санҷиши корхонаҳо, ширкатҳо ва соҳибкорон (ба ғайр аз санҷишҳои санитарӣ) давоми солҳои 2020-21.
Барҳам додани имтиёзҳои молиявӣ ва андозӣ ба ширкатҳои монополистӣ ва додани ин имтиёзҳо ба соҳибкории хурду миёна, ки маҳсулоти ниёзи аввали мардумро истеҳсол мекунанд. Пешгирӣ аз нархгузориҳои баднафсонаи ширкати монополистии «Сомонайр» бо истифода аз буҳронҳо ва мутобиқ гардонидани нархи билетҳои ин ширкат ба нархҳои мавҷуд дар бозори мусофиркашонии минтақа.

9. Боло бурдани маоши кормандони соҳаи тиб, санитарӣ ва соҳаҳое, ки кормандонашон дар сафи аввали мубориза бо ин буҳрон фаъолият мекунанд.

10. Баргардонидани маблағҳои офшорӣ ба кишвар ва ворид намудани онҳо ба буҷаи давлат барои амалӣ кардани тарҳҳои миллӣ ва нигаҳдштани низоми иқтсодии кившар аз муфлисшавӣ.

Варшава

25. 03. 2020

Рубрики:Баёнияҳо, Ҷомеа

Помечен как:,

1 ответ »

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s