Сайидюнуси Истаравшанӣ
“Дурӯғ ҳар қадр бузургтар бошад, бовари он барои тӯдаи мардум роҳаттар аст… Дурӯғро ба ҳадде бузург бигӯед, ки ҳеч кас ҷуръату фикри такзиби онро накунад.” (Юзеф Губелс, вазири таблиғоти Ҳитлер)
* * *
Дирӯз (26.06.2020), ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ, Эмомалӣ Раҳмон ҳарфҳое ба забон ҷорӣ кард, ки итминони комил дорам ҳатто худаш ба онҳо бовар надорад, то чӣ расад ба мардум. Зеро:
1) Мегӯяд: “Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки бо гуноҳи азими роҳбарони ҳизби миллаткуш, яъне собиқ ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ва хоҷагони хориҷии онҳо, яъне хоинону душманони миллати тоҷик ва давлати тозаистиқлоли тоҷикон рух дод, боиси ба ҳалокат расидани беш аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон гардид.”
Ин ки мегӯяд, “таҳмилӣ” буд, рост мегӯяд, вале дар ин ки чӣ касе ин ҷангро таҳмил кард, дурӯғ мегӯяд ва медонад, ки дурӯғ мегӯяд. Раҳмон медонад ва фаромӯшаш ҳам нашуда, ки ин, ҳукумати вақти Русия ва раисиҷумҳури вақти Ӯзбакистон, Ислом Каримов буданд, ки ин ҷанги вайронгарро бар сари мардуми мо таҳмил карданд. Ба тасреҳи шоҳидони айнии он ҳаводис, ба хусус сарҳанг (полковник) Квачков, Ислом Каримов ин сарҳанги русро маъмур кард, то бо ташкили “Фронти халқӣ” ба раҳбарии Сангак Сафаров ва Эмомалӣ Раҳмон ва ҳампиёлаҳои ин ду, Ҳукумати муросои миллиро сарнагун кунад. Дар воқеъ, ҳукумати вақти Русия ва Ислом Каримов “хоҷагони хориҷӣ”-и Раҳмону Сангаку Файзалӣ ва амсоли онҳо буданд. Ва ҳаминон ҳукумати навпойи муросои миллиро на танҳо сарнагун, балки алайҳи мардум як ҷанги тамомаёре роҳ андохтанд, ки дар натиҷаи он, садҳо ҳазор мардуми бечора ба Афғонистон фирор ва даҳҳо ҳазори дигар ба дасти Сангаку Раҳмону Файзалӣ ва ғайри онҳо кушта шуданд. Ин аст ҳақиқат.
2) Мегӯяд: “Мақсади асосии онҳо дар Тоҷикистон бунёд намудани давлати исломӣ ва зӯран ба сари мардуми мо таҳмил кардани фарҳанги бегона буд.”
Чаро рӯи рост дурӯғ мегӯӣ, ҷаноби Раҳмон?! Медонӣ, ки ҲНИТ ҷузъе аз Ҳукумати муросои миллӣ буд, на куллаш. Раҳбарони он ҳукумат дар воқеъ Акбаршоҳ Искандаров, Абдумалик Абдуллоҷонов, Сайфиддин Тӯраев, Устод Сайидабдуллоҳи Нурӣ, Устод Тӯраҷонзода ва ғайра буданд. Оё онҳо мехостанд “давлати исломӣ” барпо бидоранд? Медонӣ, ки ҳақиқат ин нест. Медонӣ, ки ҳадафи онҳо истиқлоли Тоҷикистон буд. Ҳадафашон бунёди Тоҷикистони мустақил буд. Аммо ту ва дору дастаат, намехостед Тоҷикистон мустақил гардад. Ҳадафи шумо эҳёи СССР буд, ки инро ҳам хуб медонӣ.
Бале, гоҳе иқдомҳои носанҷидае аз сӯи афроди мансуб ба ин ё он ҳизбу ҳаракатҳо дар он замон ва шиорҳои нодурусте сар дода мешуданд. Аммо он шиорҳо фақат дар сатҳи шиор боқӣ монданд. Ва иқдомҳои носанҷидаи онҳо низ қатъан маҳкум аст ва қобили тавҷеҳ нест.
3) Мегӯяд: “Ин дастаи хоинони миллат ҳатто баъди имзои созишномаи сулҳ низ, ки 27-уми июни соли 1997 сурат гирифт, дар давоми чандин сол ба кирдорҳои нопоку душманонаи худ – тарконидани иншооту биноҳо, қатлу куштор ва террор идома дода, ҳатто якчанд маротиба ба табаддулоти ҳарбиву давлатӣ даст заданд.”
Ин ҳам дурӯғ аст. Зеро пас аз имзои созишномаи сулҳ, ИНОТ бо эътимод ба ту, ҷаноби Раҳмон, силоҳашро ба замин гузошт. Аъзои ИНОТ гумон мекарданд, ту сари қавлат меистӣ. Ба ту бовар карданд. Аммо ту хиёнат кардӣ. Дар аввалин фурсате, ки бароят пеш омад, ҳамаашонро қалъу қамъ кардӣ ва фаъолияти ҲНИТ-ро ҳам қатъ ва раҳбаронашро ба зиндон андохтӣ.
4) Мегӯяд: “Мо бо ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ягон созишнома имзо накардаем. Ҳукумати мамлакат Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро бо Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин ба имзо расонидааст...”
Ин ҳам як дурӯғи шохдор аст. Иттиҳоди нерӯҳои мухолифон, ки мегӯӣ, магар аз Миррих буданд ва ту бо миррихиҳо сулҳ кардӣ? Ин иттиҳод аз чӣ гурӯҳу аҳзоби сиёсӣ ташкил шуда буд? Магар ҲНИТ ҷузъи асосии ин эътилоф набуд? Магар раҳбари ин эътилоф марҳум Устод Нурӣ набуданд? Магар Устод Нурӣ ҳамзамон раҳбари ҲНИТ ҳам набуданд?
Шумо фикр мекунед, мардум ба ин дурӯғҳои шохдор ба ҳамин роҳатӣ бовар мекунанд? Ҳатто агар ҲНИТ-ро ҳам канор гузорем, шумо раҳбари яке аз боризтарин узви ИНОТ-ро ҳам ба зиндон афкандаед, яъне Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро.
* * *
Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар ҳоле дам аз сулҳ мезанад ва Рӯзи ваҳдати миллиро ҷашн мегирад, ки ҳаминак, даҳҳо ҳазор аз ҳаводорони на танҳо ҲНИТ, балки Иттиҳоди нерӯҳои мухолифон ба хотири фишору таъқиб, дар берун аз кишвар зиндагӣ мекунанд. Даҳҳо ҳазор тоҷик дар кишварҳои урупоӣ ба унвони паноҳандаи сиёсӣ ба сар мебаранд. Ин чӣ сулҳ аст ва ин чӣ ҷашни Ваҳдат аст?!
Оё ин паноҳандаҳои сиёсӣ ҳамонҳое нестанд, ки ту имрӯз ба пуррӯӣ иддао мекунӣ бо онҳо сулҳу оштӣ кардаӣ?!
* * *
Ба назар мерасад, Эмомалӣ Раҳмон ва дору дастааш, воқеан боварашон шуда, ки “сиёсат палид” аст. Вагарна, ба ҳамин роҳатӣ дурӯғ намегуфт. Ба ҳамин роҳатӣ таърихро таҳриф намекард. Ба ҳамин роҳатӣ воқеиятҳоро воруна ҷилва намедод. Зеро, танҳо сиёсатмадоре ҳозир аст ба ҳамин роҳатӣ дурӯғ бигӯяд, ки бовараш ин аст, ки “сиёсат палид” аст ва мисли Губелс (Йозеф Геббельс, вазири таблиғоти Ҳитлер) аст, ки мегӯяд: “Дурӯғ ҳар қадр бузургтар бошад, бовари он барои тӯдаи мардум роҳаттар аст… Дурӯғро ба ҳадде бузург бигӯед, ки ҳеч кас ҷуръату фикри такзиби онро накунад.” Дар ҷойе ҳам гуфтааст: “Баъзе мавоқеъ дурӯғҳое мегуфтам, ки худам аз онҳо метарсидам.”
Рубрики:Дидгоҳ