Бобоҷон Қаюмов, сухангӯи ҲНИТ, дар ёддоште дар сафҳаи фейсбукии худ, бо радди иддаоҳои сомонаи MediaMarker, аз ҷумла хотирнишон кардааст: “Соҳиби MediaMarker дар ҳоле ин иддаоҳоро мекунад, ки аъзои барҷастаи ПМТ дар зери ҳамон ёддошти Маҳмудхон Бурҳонов назару дидгоҳи худро ба равшанӣ баён кардаанд. Чун он кас дар солҳои 2006 то 2008 ба ҳайси мутахассиси пешбари шуъбаи идеологӣ, мудири бахши иттилоот ва таҳлили Дастгоҳи Марказии Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон кор кардааст, хуб мефаҳмад, ки фарқ байни навиштаи як ҷонибдор ва мавқеъи расмии як ҳизбу созмон дар чист.”
Матни пурраи мақолаи Бобоҷон Қаюмов:
Дар матлабе, ки дар сомонаи MediaMarker, вобаста ба Дустов Саймуддин Ашурович, узви Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар таърихи 26.10.2020 зери унвони “Ситоиши мубаллиғи тоҷик аз террори омӯзгори фаронсавӣ” мунташир шудааст, тӯҳматҳои беасос алайҳи ҲНИТ, АОТ ва ПМТ ва шахсиятҳои алоҳида мунташир шудааст, ки лозим донистем ба онҳо бипардозем.
1) Дар ин матлаб, нависанда пас аз овардани ҷумлаҳое аз Маҳмудхон Бурҳонов, ӯро “аз пуштибонони аслии ҲНИТ ва Анҷумани Озодандешони Тоҷик (АОТ)” унвон карда ва бо ин кор хостааст навиштаи ӯро ба гунае ба ин ду гурӯҳи сиёсӣ рабт диҳад. Ин дар ҳолест, ки АОТ ё ҲНИТ ҳар кадом сомонаҳои худро доранд ва мавқеашонро масъулонаш дар расонаҳои худ нашр мекунанд ва масъули гуфтаи ҷонибдоронашон нестанд. Маҳмудхон Бурҳонов на узви АОТ ва ё ҲНИТ аст ва на масъулияте дар онҳо дорад. Дар ягон ҷои дунё ҳам ягон созмон ва ниҳоди сиёсӣ масъул ва посухгӯи гуфтору кирдори ҳаводоронаш намебошад. ҲНИТ, АОТ ва дар умум ПМТ дорои ҳазорон ҷонибдору мухлис дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон мебошад, ки масъул донистани ин созмонҳо дар баробари гуфтору рафтори ҳазорон шаҳрванд ғайримантиқӣ аст.
2) Дар мавзӯи ҳодисаи ахири Фаронса, мудири MediaMarker, ки ҳамеша худро бетараф унвон мекунад, агар ҳадафи нашри воқеиятро медошт, аввал бояд ба баёнияи ҲНИТ ишора мекард, ки дар таърихи 19.10.2020 ҳам дар сомонаи расмии ин ҳизб ва ҳам дар саҳифаи фейсбукиаш нашр гардида буд. Аммо қасдан ба он баёния ишора накардааст ва навиштаи як ҷонибдори ҳизбро ҳамчун мавқеи ҳизб муаррифӣ кардааст. Дар ҳоле, ки дар баёнияи ҲНИТ омадааст:
“Қатли ваҳшиёнаи муаллими фаронсавӣ аз тарафи ҷавони 18 солаи чеченӣ аксарияти мардуми дунёро дар ҳолати шок қарор дод. Новобаста аз омилҳои ин рафтори ӯ, хуни ноҳақ рехта шуд ва инсоне қурбон гардид.
Рух додани ин ҳодиса дар маҳди озодӣ ва демократия, далели он аст, ки ҳанӯз ҳам иддае бо озодӣ ва арзишҳои волои инсонӣ мухолиф буда, чунин фазоро барои худ бегона меҳисобанд. Дар фазое, ки асоси онро илм, мантиқ, андеша ва арзишҳои инсонӣ ташкил медиҳанд, касоне, ки ҷуз зур, таҳдид, такфир ва хушунат силоҳи дигаре надоранд, манофеъи худро дар хатар мебинанд ва ҷавонони эҳсосотии мусалмонро таҳрик медиҳанд, ки даст ба ҷиноятҳои зиддидинӣ ва зиддиинсонӣ бизананд.
ҲНИТ ин ҷиноят ва амали зиддиинсониро қотеъона маҳкум намуда, мухолифати шадиди худро бо дастгирӣ намудан, таҳрик додан, пуштибонӣ ва ё тавҷеҳ намудани чунин амалҳои зиддидинӣ ва зиддиинсонӣ эълон мекунад.
ҲНИТ бар ин бовар аст, ки бардоштҳо ва паёми доираҳои динӣ ва муносибати онҳо бо қазияҳои марбут ба дин бояд бознигарӣ шавад, то пеши роҳи чунин амалҳо ва таҳрики ҷавонони мусалмон аз суи гурӯҳҳои манфиатҷӯ гирифта шавад.
Раёсати Олии ҲНИТ
19.10.2020”
Набояд фаромӯш кард, MediaMarker, ки яке аз аҳдофашро “беарзишсозии пропаганда дар зеҳни корбарон” унвон кардааст , аммо бо ин кор амалан ба пропаганда машғул шуда, мухолифи аҳдофи эълон доштааш фаъолият кардааст.
3) Дар бахше дигар аз матлаби пойгоҳи MediaMarker -и Дустов омадааст: “Мавриди зикр аст, ки Маҳмудхон Бурҳонов ва бародари ӯ Сайидюнуси Истаравшанӣ аз мубаллиғони охундӣ мебошанд, ки дар ташкил ва роҳандозии Паймони миллии Тоҷикистон – чатри нав барои фаъолияти раҳбари фирории ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ дар хориҷ нақши калидӣ доштанд.”
Ин ҳам бахши дигаре аз тӯҳмати беасос ва пропагандаи MediaMarker аст, ки Маҳмудхон Бурҳонов дар ташкил ва роҳандозии ПМТ “нақши калидӣ” дошта бошад. Маҳмудхон Бурҳонов на танҳо “нақши калидӣ” надорад, балки ҳеч нақше дар таъсис ва ҳатто фаъолияти ин эътилоф надорад. Ба илова, ПМТ-ро “чатри нав барои фаъолияти раҳбари фирории ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ дар хориҷ” унвон кардан, худ тӯҳмати бузургтар ба созмонҳои аъзои ПМТ аст. ПМТ муташаккил аз чаҳор созмон ва гурӯҳи мустақил аст, ки дар соли 2018 дар Аврупо таъсис шуда ва ҲНИТ яке аз аъзои он ба шумор меравад. Маҳмудхон Бурҳонов на аъзои АОТ ё ҲНИТ аст ва на масъулияте дар ПМТ дорад.
Нуктаи ҷолиби дигар дар ин навишта истифода аз ибораи “раҳбари фирории ҲНИТ” аст, ки маъмулан ин “хабарнигори фирорӣ” аз он истифода мекунад. Ин ҳам як навъ пропагандаи ин хабарнигори фирории “бетараф” аст, ки ҳадафмандона анҷом мешавад.
Ҳамчуноне, ки дар навиштаи дигараш низ бетараф набуданаш ошкоро дида мешавад, ки менависад: “Мунозираи сиёсӣ миёни раҳбари ҳаракати «Ватандор» Додоҷони Атовулло ва раиси Ҳизби мамнуъи назҳати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ тариқи Скайп сурат гирифтааст.”
Магар Ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон мамнуъ ҳасту ҳаракати Ватандор мамнуъ нест? Ё инки бетарафӣ аз нигоҳи сомонаи MediaMarker ҳамин аст?
4) Боз як тӯҳмати дигари нависандаи матлаб ин аст, ки иддао мекунад: “Соли 2017 онҳо дар вазъе, ки хатари ихроҷ аз Эрон таҳдидашон мекард, дар ҳамдастӣ бо Муҳиддин Кабирӣ тарҳи “ИНОТ-2”-ро роҳандозӣ карда, дубора мавриди эътимоди Сипоҳи посдорони Инқилобӣ исломӣ қарор гирифтанд.”
Ӯ меафзояд: “Ҳарчанд тарҳи “ИНОТ-2” муҷиби парокандагии мухолифини тоҷик дар хориҷи кишвар шуду номи Паймони миллии Тоҷикистонро гирифт, имконоти техникиву робита бо мақомҳои эронӣ ба бародарон Бурҳоновҳо имкон дод, ки раҳбарии ҷузъу таркибҳои ПМТ-ро зери фармони худ бигиранд.”
Мухолифони тоҷик магар кай ҳама бо ҳам муттаҳид будаанд, ки ПМТ онҳоро пароканда карда бошад? Дурӯғ ҳам ҳадде доштагист. Баръакс вуҷуди ПМТ боиси ба ҳам омадани чанд гурӯҳи мухолифин дар канори ҳам гардид ва то ҳудуде нерӯҳои диниву дунявиро ба ҳам наздик намуд. Набудани чанд нафар ба ҳар далеле дар ПМТ магар пароканда кардани мухолифон аст? Нерӯҳои солими дигаре ҳам ҳастанд, ки дар канори ПМТ ба муборизаи худ идома медиҳанд. Онҳо агарчӣ ба он напайваста бошанд ҳам, вале аз масири аслии худ берун нарафтаанд ва мисли дигарон “мурдаро монда тутхурӣ” намекунанд.
Ин авҷи пропагандаи сомонаи Дустов аст, ки аз ҳисоби созмонҳои байналмилалӣ барои “беарзиш кардани пропаганда” пул мегирад.
Аммо масъалаи дигар иттиҳоми пайванди ПМТ ба як кишвари хориҷӣ аст. Барои ин иттиҳом аз хабарнигори фирории “бетараф” талаб менамоем, ки далели равшан биёварад. Ин иттиҳоми бузургест, на танҳо бо аҳдофу рисолати MediaMarker, балки бо арзишҳои хабарнигориву инсонӣ ҳам мухолиф аст. Агар далел надоред, пас бояд ҷавобгӯи ин иддаои беасосатон бошед.
5) Соҳиби пойгоҳи MediaMarker дар қисмате дигар аз матлабаш, иддао мекунад: “Онҳо аз гардонандаҳои аслии сомонаи “Кимиёи саодат”- cаҳифаи тоҷикии хабарпарокании Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ буда, сомонаҳои Ozodandishon.org, Bgidega.com (дар ҳамдастӣ бо паноҳандаи тоҷик дар Фаронса Темур Варқӣ) ва Tajinfo.com (дар ҳамдастӣ бо паноҳандаи тоҷик дар Фаронса Саид Сафаров) ро танзим мекунанд.”
Ин ҳам дуввумин иттиҳоми бузургест, ки ба чанд шахсияти узви ПМТ зада мешавад. Агар “Кимиёи саодат” марбут ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бошаду сомонаҳои “Озодандешон” ва “БгиДега” ба онҳо марбут бошад, лутфан далел биёваред! Зеро ҳарфи бедалелро маъмулан тӯҳмат задан меноманд ва тӯҳмат ҳам ҷавобгарӣ дорад.
Агарчӣ “хабарнигори фирории бетараф” узви ҲХДТ ҳасту то ҳол хабари расман аз он хориҷ шуданашро дар ҷое нахондаему нашунидаем ва ин иттиҳомотро ҳам метавонем идомаи иттиҳомоти мақомоти қудратии кишвар талаққӣ намоем, вале чун ин ҳарфҳо аз тарафи як расонаи ба истилоҳ мустақил матраҳ мешаванд, ки аз пули созмонҳои байналмилалӣ роҳандозӣ шудааст, аз эшон талаб мекунем, ки барои ин иддаҳои ботилашон далел биёваранд.
6) Соҳиби MediaMarker дар ҳоле ин иддаоҳоро мекунад, ки аъзои барҷастаи ПМТ дар зери ҳамон ёддошти Маҳмудхон Бурҳонов назару дидгоҳи худро ба равшанӣ баён кардаанд. Чун он кас дар солҳои 2006 то 2008 ба ҳайси мутахассиси пешбари шуъбаи идеологӣ, мудири бахши иттилоот ва таҳлили Дастгоҳи Марказии Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон кор кардааст, хуб мефаҳмад, ки фарқ байни навиштаи як ҷонибдор ва мавқеъи расмии як ҳизбу созмон дар чист, дар зер ба назари 3 нафар аз масъулони ПМТ ишора мешавад:
1) Алим Шерзамонов:
“Коре, ки ин ҷавон бар зидди уммат кард шояд дар чандсад соли охир ягон душмани ислом накардааст ва оқибаташ хеле сангин меанҷомад ва чӣ қадар мӯҳлату заҳматро металабад, ки паёмадҳои ин амали аҳмақонаро бартараф кард. Хеле мутаассифам. Ҳам ҷони ҷавони худро барбод дод ва ҳам зарбаи сахте ба тамоми мусалмонон расонд.”
2) Темур Варқӣ:
“Махмудхони гироми, бе чуну чаро шумо хаки ибрози назар ва мавкеъи шахси ба ин ходиса доред. Вале банда дар ин масъала бештар чонибдори нукоти назари Дориюш, Даврон, Махмадали Расулов, Алим ва хатто Саймиддин Дустов хастам. Набояд дар ин масъалаи бисёр печида даст ба даъвати куштан зад. Шахсан банда дар Фаронса зиндагони дорам ва хеч бадбиние аз ин мардум надидам. Бардошти шумо аз дуруягии чомеаи Фаронса галат аст. Заминаи ин давлат ва чомеа дар хакикат бародари, баробари ва озоди аст. Дар Порис дар назди Эйфел занхои бо хичоб акс мегиранд ва касе онхоро хака хам надорад гапе занад на ин ки дастгиру сатркаши кунад. Дар паркхо мусалмоном намоз мехонанд озодона. Факат як чиз манъ аст — бо либоси дини мактаб, донишгох ва кор рафтан. Баъзан попхои масехи мусалмононро ба моск даъват мекунанд ки намозашонро хонанд. Магар ин озоди ва баробари нест? Ва кафолати рушди ин давлат дар озодии сухан аст. Бале ин карикатурхо ба Паёмбар Мухаммад (сас) дили манро низ меранчонад. Вале касе касеро мачбур намекунад ки ин магозаро хонад ва е дар чунин дарс шинаду сухани ин муаллимро гуш кунад. Толиб хак дорад аз болои чунин муаллим шикоят кунад ва е тарки дарсаш кунад. Вале коре ки он бачаи бесавод кард зарбаи сахт ба уммати Фаронса ва тамоми Урупо зад. Хазорхоро дастгир мекунанд, хазорхо чавоби рад мегиранд, баъзехоро истирдод мекунанд. Ин сарбурии вахшиёнааш натоичи баръакс медихад. Захмати солхои дарози уммати Фаронса барои чои муносиб дар чомеа сохиб шуданро барбод дод ва бовари ва эътимоду эътикодашро кушт. Бо ин кораш вай барои душманони ислом, барои нацистхо ва расистхо ярок дод ва тасдик кард ки мардуми мусалмон дар вокеъ вахшианд чуноне ки «Шарли Эбдо» нишон медихад. Додари азизам, пеш аз ин чомеаи Фаронса ба ин карикатурхо ахамият надода буд вале холо мегуянд ки муаллифони карикатурхо хак баромаданд. Агар ба шумо оинаи чиркину кач медиханд саратонро ба ин оина назанед ва дунёро ба хотири ин чапа накунед, хохиш дорам, як оинаи покро ихтиер кунед на даъват ба куштору вайрона кунед.”
3) Сайидюнуси Истаравшанӣ:
“Маҳмудхон узви ҳеч гурӯҳе аз гурӯҳҳои мухолифон нест яъне на узви ҲНИТ аст ва на АОТ ва на ғайра… Ва ҳамчунин ба сойтҳои мухолифон ҳам кучактарин рабте надорад. Инро гуфтам то бидонед.”
“Ман бо ин дидгоҳҳои Маҳмудхон мувофиқ нестам.”
Ҳоло барои ҳар як фарди соҳибфикр ин суол пеш меояд, ки шахсе бо ин ҳама поймолкунии меъёрҳои хабарнигорӣ оё метавонад бетарафона фаъолияти дигар расонаҳоро таҳлил ва баҳогузории холисона кунад?
Бобоҷон Қаюмзод
Рубрики:Нақду назар, Ҷомеа