Рустами Ҷонӣ
Ба Маҳмадбоқир Маҳмадбоқир ҳамла шуд. Вақти ҳамла ӯ бо писари хурдсолаш дар дохили мошин будааст. Кормандони ҳифзи қонун ва тартибот ба сӯи онҳо тир холӣ карданд.
Ҳамла ба мошине, ки онҷо кӯдак аст, аъмоли зишт ва ғайриинсонист. Ин кирдор нишон медиҳад, ки мақомоти тоҷик дар роҳи мақсад ба ҷони тифл ҳам раҳм намекунанд.
Ҳич ғоя пазируфтанӣ нест, агар ҷони кӯдакеро рабояд.
Шариф Назар баъди таъинаш ба мақоми сардори милитсаи вилояти мухтор идаъо кард: такя ба мардуми бошарафи Бадахшон мекунад.
Ҳодисаи имрӯз нишон дод, ба чӣ такя хоҳад кард ва барои анҷоми кадом рисолат ба Помир омадааст.
Ман як бор бо ин генерал рӯ ба рӯ шудам ва ҳазорҳо маротиба ҳаҷ раваду ғусл бикунад ҳич шакку шубҳаи қаблиам тағйир намеёбад.
Ӯ касе набуд, ки дар масъалаи ҳифзу амният масъул ва шоистаи боварӣ бошад. Касест, шартҳои ҳозираи интихоби кадрҳо ба комаш буда.
Гуфтааст, аз вуқӯъи ҳамла ба ҷони Маҳмадбоқир хабар надорад. Яъне, ӯ дар бораи ҳамла ба ҷони касе, ки се моҳи охир номаш вирди забон аст, намедонад.
Ин чӣ макр ва ҳилаи дигар? Инҳо мехоҳанд ба ҷуз тиру туфанг аз василаи дигар барои ҳалли қазияи Бадахшон истифода кунанд?
Дар вазъи кунунӣ дареро ба ангушт задан, маънии шаллоқ хӯрданро дорад…
Манбаъ: Сафҳаи Рустами Ҷонӣ дар Фейсбук
Рубрики:Дидгоҳ, Сиёсат, Таҳлил, Ҳуқуқи башар, Ҷомеа