Бонувон

Шоҳида Маҳмадҷонова ва “ҷомеаи шаҳрвандии тоҷик”

Темур Варқӣ

Мухотаби ин ёддошт, Шумо — ки ба истилоҳ, “ҷомеаи шаҳрвандии тоҷик” номида мешавад ва низ касоне, ки ба истилоҳ, “зиёиёни тоҷик” хонда мешаванд — ҳастед.

Дар миёни шумо, кам нестанд афроди алоқаманд ба базмҳо ва тақдим шудани анвоъи ҷоиза ва дипломҳо.

Дар байни шумо, андак нестанд дӯстдорони грантҳо, сафарҳои хориҷӣ, тренингҳо ва селфӣ бо сафирон, ки баъд дар мавриди шумо бигӯянд, “ГоГо” (GoGo) ҳастед. (GoGo дар истилоҳ ба рақсандагоне гуфта мешавад, ки барои саргарм кардан ва гарм кардани маҷлисҳои шабнишинӣ дар бошгоҳҳои шабона истихдом мешаванд — (мутарҷим))

ГоГо-ҳои маъмулӣ, ки ҳамон ҷомеаи мадании давлатӣ ё созмонҳои ғайридавлатии давлатӣ ҳастанд, фақат аз худ – шабнишинҳо, ҳимоят мекунанд, таҳти шиори ногуфтаи:

Раҳмон! Ҳар гуна, ки дилат мехоҳад, корвон бирон,

Вале даст ба тори мо ҳаргиз нарон!

Ин ҷамоат дӯстдори номаҳои пуртумтуроқе ҳастанд, ки тақрибан чунин оғоз мешавад:

Мӯҳтарам, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Наҷотдиҳандаи Сайёра, Аълоҳазрат Пешвои Миллат…

Ё агар хитоб ба вориси ӯ менависанд, пас ин гуна шурӯъ мекунанд:

Мӯҳтарам, шаҳрдори шаҳри Душанбе, Раиси Маҷлиси Улё, Рустами Эмомалӣ! Мо, миллати зердасти Шумо, хоҳишатон мекунем, таваҷҷӯҳамон кунед, наҷот ва кӯмакамон намоед, бо ноадилатиҳо пайкор бифармоед…”

Раҳмон, ки муддатҳост рӯи ин гуна номаҳои пуртумтуроқи шумо туф карда, аммо Рустам ҳанӯз тозанафас аст, дӯст дорад, гоҳе нақши як наҷотдиҳандаи одилро ифо кунад.

Бахше дигар аз ба истилоҳ, “нухбагони миллӣ” — ки худро равшанфикр ҳам медонанд — бо як шӯру шавқи фаровон, ба киштукори 6 ҳектор замини Афғонистон ба ахбор ва ситондани Панҷшер аз панҷаи Толибон пардохтаанд. Албатта, дам задан аз арзишҳое мисли озодандешӣ, шаҳрвандӣ, дунявият, мазҳабӣ, миллӣ, дар ҳадде барои онҳо муҷоз аст, ки КГБ-и Тоҷикистон иҷозат дода бошад. Ҳамин гурӯҳ аз “озодандешон”, дар майдони набард бо Қирғизистон низ “меҷанганд”.

Ҳеч як аз ин гурӯҳҳои “озодандеш”, дар майдони дифоъ аз ҳуқуқи сокинони Бадахшон дида нашуданд. Тақрибан ним сол аст, ки Помир дар муҳосираи низомӣ-пулисии режими Раҳмон қарор дорад, кулли ин минтақаи баланди кӯҳистонӣ аз ҷаҳон бурида шуда ва интернет дар он хомӯш аст.

“Хашми шаҳрвандӣ” ба куллӣ хомӯш аст. Гӯ ин ки ин хашм пушти дарвоза дар интизори як тикка гӯшт ё устухон нишаста, то вақте, ки (он тикка гӯшт ё устухон) партоб шуд, аз он бигирад ва шикамашро сер кунад. Хашми шаҳрвандии муҷоз, хашми одилонаи муҷоз, чорчӯбҳои муҷози озодандешӣ, ки аз сӯи дастгоҳи КГБ муҷоз дониста шудаанд.

Куҷост он ҷомеаи шаҳрвандии сарбаланд ва қаҳрамони тоҷик? Шабнишинҳои номӣ ва блогерҳои дарборӣ чашму забонашонро куҷо гузоштаанд?

Бахше дигар аз “виҷдони” миллат, имрӯз ғарқ дар як одами ивазӣ шуда; одами мубтало ба бемории бузургманишӣ, яъне Путин ва аз қатли истиқлоли Укройн ва бомбборони шаҳрҳои он ҳимоят мекунад. Албатта, ин як оҳанги ғамгини ҷудогона аст дар бораи касоне, ки ҳамеша пуштибони қавӣ ва қудратманд будаанд; касоне, ки ҳанӯз миллат нагардидаанд; касоне, ки ҳозир нестанд кишвари хешро аз таҷовуз ва таҳоҷум, аз тарафи ҳар ки бошад, дифоъ кунанд. Ин бардаҳо ҳозиранд, аз ҳар тонке бо гул истиқбол кунанд. Ин “Синдроми Стокҳолм”-и гаравгонҳост. Шиори онҳо ин аст: биниатро нахалон, саратро поин биёвар ва лаззат бибар!

Ва инак, зиндониёни сиёсии ин режими зишт, танҳои танҳо мондаанд. Дар ҳоле, ки ҷомеаи шаҳрвандии мо ба рақсидан ва дарёфти ҷоизаҳо ва грантҳо идома медиҳад ва бо либосҳои рангоранги худ дар селфиҳо медурахшад, хештанро “виҷдони миллат”, “нухба” ва “равшанӣ” дар торикиҳо медонад, мутлақо ғофил аз рухдодҳои талхи атроф; гӯ ин ки чашмонаш ба додгоҳҳои баста, шиканҷаҳо, қатлҳо, таъқиби афроде, ки аз маҳдудаи “муҷоз” берун шудаанд, намеафтад.

Достони Шоҳида Маҳмадҷонова, ки боздошт ва ба зиндон афканда шуд, бисёр талх аст. “Гуноҳи” ӯ фақат ин аст, ки модари як ҷавони исёнгар аст, ки дар Ютюб бепарво алайҳи ин ё он ҳарф мепароканад ва асаби ҳамагон, аз мақомот ва опозисиюнро хароб мекунад.

Ҳукм алайҳи ин Модар, ҳукм алайҳи тамоми кишвар ва ҳамаи ГоГо-ҳост.

Агар шумо ба як ҷомеаи шаҳрвандии қавӣ табдил нашавед ва ба дифоъ аз ҳамаи ҷомеа бидуни тақсим кардани онҳо ба худӣ ва ғайрихудӣ (дунявӣ ва мазҳабӣ) напардозед, фардо қатъан ё ба табли Толибон хоҳед рақсид ва ё ҳаргиз қодир ба рақсидан нахоҳед шуд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s