Дидгоҳ

Баҳори хунин

Ҷунайдулло Худоёров

8-уми апрели соли 1993 расо 29-сол қабл дар ҳамин рӯз тахминан соатҳои 6:00 дақиқаи субҳ, мани он замон 10-сола аз садои техникаҳои ҳарбӣ, ки бо навиштаи номи “ФАЙЗАЛИ” ба Камароб ҳуҷум намуданд, аз хоби ноз бедор шудам.

Вақте аз хона берун шудам, мардҳои деҳаро дар кӯча дар ҳоли фирор дидам, ҳама ба самти дараи Яшм ҳаракат менамуданд; ҷое, ки аз чашми ҳамлаварон пинҳон шуданашон имкон дошт. Дар деҳа танҳо занону кӯдакон монда буданд.

Ҳамин тариқ соати 7:00 дақиқа дар деҳаҳои Шулман, Яшм ва Шоҳиндара задухӯрд шурӯъ шуд. Дар болои сари мо тир мисли жола меборид. Аз садои тири танкаву пушка гӯшҳои мани он замон кӯдак мегирифтанд. Сагҳо аз тарси садои тир ба пои одамон мепечиданд. Гову моли мардум бе обу алаф аз оғилхонаҳо садоҳо мебароварданд. Баъзе дарахтони мевадиҳандаву сояафкан аз зарби тир каллапар мешуданд.

Ҷунайдулло Худоёров

Тахминан соатҳои 8:00 нерӯҳои заминӣ ба деҳаҳои дар боло зикргардида ворид шуда ба “тозакунӣ” (очистка) шурӯъ намуда, он деҳаҳоро ба хоку хун кашиданд. Дар он рӯзи шумтарини ҳаёт, ки доғе дар дили банда то абад боқӣ гузоштааст, даҳҳо нафар кушта шуданд, ки аксарашон ғайринизомӣ буданд. Дар байнашон муаллимону зиёиёни маҳаллӣ ва ҳатто занону кӯдакон низ буданд. Дар баъзе деҳот занҳо таҷовуз ва боигариву сарвати мардум ғорат гардиданд.

Нимаи аввали рӯз деҳаҳои дар боло зикргардидаро “тоза” (очистка) намуданд ва ба қисмати болои дараи Камароб ҳамла намуданд.

Баъди каме паст шудани садои тиру туфанг, аз хонаҳо берун шудем ва аз шаҳид шудани апаи Шафоат ном ҳамдеҳаамон дар дохили деҳаи Шоҳиндара, ки бо тифли 8-моҳааш дар ҳолати фирор ба ҷои амнтаре будааст, хабардор шудем. Як афсари тоҷик тифли 8-моҳаро аз назди ҷасади беҷони модараш солим пайдо намуда, дар наздиктарин хона ба як зани он хонадон месупорад ва мегӯяд, ки “модараш дар фалон мавқеъ аз захми тир фавтидааст”. Ҷасади беҷони он занро падараш, марҳум бобои Мунаҳваршо бо як чанд нафар шабона ба хок супурданд.

Инчунин аз шаҳодати акаи Мирзоҳабиб, ки аз касалии руҳӣ ранҷ мебурд бодарак гаштем. Шоҳидони ҳодиса нақл карда буданд, ки акаи Мирзоҳабиб тоза оиладор шуда буд ва чанд рӯзе нагузашта, бо бардоштани 18-захми тир ҷоми шаҳодатро нӯш карда буд.

Ҳамон рӯз аз шаҳодати 16-нафар дар деҳаи Шулмак хабардор шудем. Мардҳо ҳама гуреза дар дараву кӯҳҳо буданд ва дафни шаҳидон ба дӯши занону кӯдакони наврасашон буд.

Фардои он рӯз дар рӯ ба рӯи деҳаи Яшм дар танаи кӯҳ дар ҷарие, ки гаштугузор барои мардон душвор аст занҳои қаҳрамон ва шердили деҳаи Шулмак ҳамроҳи кӯдакони навраси худ шурӯъ намуданд ба дафни шаҳидони ғарқи хун; баъзе шавҳарашро, баъзе падар ё бародарашро бо дастони нозуки хеш ба хонаи охират яъне қабр мегузоштанд.

Мо кӯдак будем, мисли филм он саҳнаҳоро тамошо мекардем, занону кампирҳо дар Яшм барои шаҳидони Шулмак мегиристанду ашк мерехтанд.

Касе ҷуръат намекард, ки барои ёрӣ расондан ё ҳамдардӣ бо занҳои ғамзадаи Шулмак пулакӣ болои дарёи Сорбоғро убур намояд, ҳама тамошнобин будему коре карда наметавонистем.

Худованд ҳамаи он шаҳидони бегуноҳро раҳмату мағфират кунад ва дигар ҳаргиз он рӯзҳоро ба сари миллати мо наорад!

Омин!

Манбаъ: Сафҳаи Ҷунайдулло Худоёров дар Фейсбук

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s