Дидгоҳ

Чӣ касе барқи Тоҷикистонро ғорат мекунад?

“Аз соли 2000-ум инҷониб ба ҷои беҳтар намудани нерӯи барқ, сол аз сол дар ҷумҳурӣ норасоии шадиди барқ ба назар мерасад. Дар фасли зимистон аҳолӣ ранҷ мекашад, корхонаҳо зиён мебинанд ва бо маҳдудиятҳои шадид дучор мешаванд. Бисёр корхонаҳо зарари ҷиддӣ дида, ба ҳадде мерасанд, ки муфлис мешаванд. Банда сабаби муслифшавии корхонаҳоро дар навбати аввал баланд будани андоз мебинам. Дар навбати дуюм сари вақт таъмин набудани истеҳсолот бо нерӯи барқ аст. Ва мушкилоти асосии мо нерӯи барқи истеҳсоли худиро ба аҳолӣ ва истеҳсолот надода, яъне талаботи худро таъмин нанамуда, ба хориҷи кишвар мефурӯшем….”

(Нерӯи барқи Тоҷикистон ва ширкати “Барқи Тоҷик“-ро кӣ ғорат мекунад? (1))

Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони”Муаммои рӯз” (35)

Шароити табиӣ-ҷуғрофии Тоҷикистон хеле гуногун аст. Аз зонаи нимбиёбон то пиряхҳои кӯҳӣ тӯл кашида, кӯҳҳо ва дарёҳои хурду калон дар он ҷорӣ мешавад. Манбаи оби дарёҳо аз обҳои зеризаминӣ, борон ва барфу пиряхҳо аст.

Манбаи асосии оби дарёҳо аз боришот буда, бештари боришот ба қисми ғарбии қаторкӯҳҳои Бадахшон ва Тоҷикистони Марказӣ аз 500 то 1200 мм (қисми зиёди он дар намуди барф) меборад, ки сабабгори пайдоиши пиряхҳо гардидааст.

Дар Тоҷикистон беш аз 8493 пиряхҳои кӯҳӣ мавҷуд аст, ки қариб аз 6% то 8%-и қаламрави Тоҷикистонро пӯшидааст. Яъне 11146 км² буда, 60 фоизи пиряхҳои Осиёи Марказиро ташкил медиҳад.

Пиряхҳои ба номи Федченко, Грум Гржимайло, Гармо ва Зарафшон ҷойгиранд, ки бо якҷоягии дигар пиряхҳои хурду калон тақрибан 20%-и манбаи оби дарёҳои Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Аз ҷумла ба монанди дарёҳои Сир, Вахш, Панҷ, Зарафшон, Варзоб ва якчандто дарёчаҳои Бадахшон барои рушд ва сохтмони нерӯгоҳҳои барқии обӣ (НБО) дар минтақаи Осиёи Марказӣ роли калон мебозанд. Ин манбаъ барои рушд ва тавлиди нерӯи барқи обии нисбатан арзон ва аз ҷиҳати экологии тоза дурнамои калон дошта ва яке аз сабабҳои асосии рушди соҳаҳои иқтисодиёти Тоҷикистон аст ва роли хеле муҳимро мебозад.

Тоҷикистон аз ҷиҳати захираи обии нерӯгоҳҳои барқӣ дар байни мамлакатҳои ҷаҳон дар ҷои 8-ум пас аз Русия, Чин, ИМА, Бразилия, Заир, Ҳиндустон ва дар миёни мамлакатҳои ИДМ (собиқ Шӯравӣ) дар ҷои дуюм пас аз Русияи Федералӣ меистад.

Дар як худи дарёи Вахш НБО-ҳои зиёд ба монанди Бойғозӣ, Сарбанд, Марказӣ, Шаршара, Сангтӯда-1, Сангтӯда-2, Норак, Роғун ва дар ояндаи наздик Шӯробод ва дар дарёи Сир НБО-и Қайроққум ба номи “Дӯстии халқҳо“, дар дарёчаи Варзоб НБО-ҳои Варзоб-1, 2, 3 ва дар Бадахшони Кӯҳӣ Помир-1, Тоҷикистон ва боз бисёр НБО-ҳои хурдро сохта ба истифода додааст.

Дар охирҳои соли 2014 иқтидори нерӯгоҳҳои барқии Тоҷикистон ба 5457 МВт расид, аз ҷумла нерӯгоҳҳои обӣ 5039 МВт ва маркази барқи гармидиҳии Душанбе ва Ёвон 418 МВт иқтидорро ташкил медиҳад.

Захираҳои мавҷудаи умумии нерӯи барқи Тоҷикистон 527 млрд кВт/соатро ташкил менамояд. Ҳоло ҳамагӣ 5-6 фоиз аз ҳиссаи мавҷударо истеҳсол мекунему халос.

Дар соли 2014 нерӯгоҳҳои барқии обии Тоҷикистон 16,4 млрд кВт соат нерӯи барқ истеҳсол намуд, соли 2019 истеҳсоли нерӯи барқ ба 20,6 млрд кВт/соат расонда шуд. Аз ҷумла ҳиссаи нерӯи барқи обӣ — 19,1 млрд кВт/соат, ҳиссаи МБГ — 1,5 млрд кВт/соатро ташкил медиҳад. Истеҳсоли нерӯи барқ дар оянда ба 21 млрд кВт соат расонда мешавад.

Вале дар сатҳи рушди иқтисодӣ, беҳбудии зисти аҳолӣ, инчунин амнияти миллӣ ва истеъмоли қувваи барқ бояд кишвар соҳиби пешрафти устувори соҳаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва таъмини хуби аҳолӣ бо нерӯи барқ ба як ҷомеаи муосир мубаддал мегашт. Вале афсус..!

Дар солҳои охири фаолияти ИҶШС Тоҷикистон на танҳо дар байни давлатҳои иттифоқ, балки аз бисёри давлатҳои ҷаҳон беҳтару хубтар истеҳсолотро бо барқ таъмин менамуд ва хонаҳои мардум доимӣ фурӯзон буд. Аҳолӣ на танҳо камбудии барқро ҳис мекард, балки хеле бо нархи арзон аз 2 тин то 4 тин асосан бо нерӯи барқи обӣ таъмин буд.

Аз соли 2000-ум инҷониб ба ҷои беҳтар намудани нерӯи барқ, сол аз сол дар ҷумҳурӣ норасоии шадиди барқ ба назар мерасад. Дар фасли зимистон аҳолӣ ранҷ мекашад, корхонаҳо зиён мебинанд ва бо маҳдудиятҳои шадид дучор мешаванд. Бисёр корхонаҳо зарари ҷиддӣ дида, ба ҳадде мерасанд, ки муфлис мешаванд.

Банда сабаби муслифшавии корхонаҳоро дар навбати аввал баланд будани андоз мебинам. Дар навбати дуюм сари вақт таъмин набудани истеҳсолот бо нерӯи барқ аст. Ва мушкилоти асосии мо нерӯи барқи истеҳсоли худиро ба аҳолӣ ва истеҳсолот надода, яъне талаботи худро таъмин нанамуда, ба хориҷи кишвар мефурӯшем. Соли 2020 ширкати “Барқи Тоҷик“ 1536 800 000 кВт/соат нерӯи барқро ба хориҷи кишвар содир кард. Аз он ҷумла ба Афғонистон 533,3 млн кВт/соат ва ба Ӯзбакистон 853 млн кВт/соат содирот шуд. Соли 2021 содироти барқ дар омор бо чунин шарҳ омадааст: ба Афғонистон бо миқдори 365 млн сомонӣ ва ба Ӯзбакистон бо миқдори 260 млн сомонӣ содир ва ё фурӯхта шудааст.

Барои рушди ин соҳа Бонкҳои ҷаҳонӣ, мамлакатҳои Чин, Русия, ИМА, Эрон, Иттиҳоди Аврупо ва шаҳрвандони Тоҷикистон маблағгузорӣ менамоянд.

Танҳо як худи Бонки рушди Осиё ба Тоҷикистон 2,3 млрд доллар кӯмаки моли расондааст. Аз он 1,7 млрд доллар грантҳои бебозгашт буда, аз ҷумла ба сохтмонҳои НБО-ҳо ва истеҳсоли нерӯи барқ аз соли 1998 то соли 2019 — 1 миллиарду 540 млн доллар сармоягузорӣ намудааст. Боз кӯмакҳои бузурги молиявӣ ба нақша гирифта буд, ки аллакай 250 млн доллари дигар кӯмаки молӣ карда шуд.

Ҳоло Бонки Ҷаҳонӣ бо шарти боло бурдани нархи барқ ва ба эътидол овардани вазъи молиявии ширкати “Барқи Тоҷик“ моҳи июни соли 2020 ба Тоҷикистон 134 миллион доллар грант ҷудо намуд. Вакилони МН МО рӯзи 17-уми октябри соли 2020 созишномаи байни Бонки ҷаҳонӣ ва Тоҷикистонро қабул кард. Вазири энергетика ва захираҳои обии Тоҷикистон, Усмонали Усмонзода, созишномаро ба вакилони МН МО пешниҳод намуда гуфт, ки маблағи пешниҳод шуда барои дастгирии молиявии “Барқи Тоҷик“ ва барои беҳбудии идоракунии ширкат равона карда мешавад. Ҳукумати ҷумҳурӣ ин нишондоди бонкро қабул кард ва то соли 2025 дар назар аст, нархи нерӯи барқ афзоиш ёбад.

Аз соли 2021 15 дарсади, яъне мутаносибан аз 3,45 то 3,90 дирам боло меравад. Ва аз соли 2022 то 2025 ҳашт дарсади мутаносибан аз 2,4 то 2,56 — 2,8 дирам боло бардошта мешавад, ки қиммати нерӯи барқ дар кишвар, то охири соли 2024 ба 37,77 дирам баробар мешавад.

Соли 2020 арзиши нерӯи барқ ба 22,66 дирам (бо арзиши доллар 2,32 сент) баробар буд. Вале раиси ҷумҳур вазъи иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва бемории KOVID-19 (куруновирус)-ро ба назар гирифта, бо қарори худ, нақшаи болоравии барқро то охири соли 2020 боз дошт. Вале то ҳол нархи нерӯи барқ боло нарафтааст.

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s