Дидгоҳ

Бо вуҷуди истеҳсоли қувваи барқи арзон, чаро бо нархи боло ба фурӯш мерасад?

“Бо вуҷуди истеҳсоли қувваи барқи арзон, фурӯши он бо арзиши баланд ба аҳолӣ ба ҳар як кВт/соати он 2,32 сент, ба истеҳсолоти дохилӣ 5,61 сент, ба Афғонистон 4,11 сент ва ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон 2 сент ба роҳ монда шудааст… Магар ин нисбати миллати худ зулм нест?…”

(Нерӯи барқи Тоҷикистон ва ширкати “Барқи Тоҷик”-ро кӣ ғорат мекунад? (3))

Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони”Муаммои рӯз” (37)

Бо вуҷуди истеҳсоли қувваи барқи арзон, фурӯши он бо арзиши баланд ба аҳолӣ ба ҳар як кВт/соати он 2,32 сент, ба истеҳсолоти дохилӣ 5,61 сент, ба Афғонистон 4,11 сент ва ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон 2 сент ба роҳ монда шудааст.

Хонандаи азиз!

Худ таҳлил намоед, ки ҳар як киловат нерӯи барқ ба Ӯзбекистон 2 сент, ба Афғонистон 4,11 сент ва ба истеҳсолоти дохилӣ 5,61 сент дода мешавад, магар ин нисбати миллати худ зулм нест?

Ин аз як тараф. Аз тарафи дигар, дар сурате, ки ба истеҳсолоти дохилӣ арзиши нерӯи барқи баланд ва пардохти сарбории андози баландтарин дар ҷаҳон аст, чӣ тавр истеҳсолоти дохилӣ рушд кунад?

Қариб 30 сол аст, ки раисҷумҳур имрӯз ин ё он саноати дохилиро мекушояд (ба ҷуз худӣ) пас аз чанд моҳакак муфлис…

Аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб карда шавад, ки ба истеҳсолоти дохилӣ пардохти арзиши нерӯи барқ ва андози давлатӣ боздид шавад!

Суоле пайдо мешавад, ки аз ҳама бо нархи баланд нерӯи барқро истеҳсолоти дохилӣ пардохт мекардааст?

Чаро бо нерӯи барқ тамоми сол таъмин нест?

То ки истеҳсолоти дохилӣ тамоми сол кор кунад, маҳсулоти истеъмолиро ба бозор барорад, мардуми маҳалли бо кор таъмин бошад?!

Чаро? Кӣ ҷавоб медиҳад?

Бо вуҷуди ҳамаи ин, арзиши баланди нерӯи барқ, аз рӯи маълумоти тафтишотҳои Палатаи ҳисоби Тоҷикистон, маълум шуд, ки қарзи ширкати “Барқи Тоҷик“ дар соли 2018 — 2 миллиарду 402 млн сомонӣ ва дар тӯли 6 — моҳи аввали соли 2019-ум 811,9 млн сомонӣ афзудааст. Яъне дар тӯли 1,5 — сол қарзи ширкати “Барқи Тоҷик“ 3 миллиарду 213,9 млн сомонӣ афзуда, ширкати “Барқи тоҷик“ бо гузаштҳои пай дар пайи ҳукумат, аз давлат соли 2019 ба зиёда 26 млрд сомонӣ расидааст.

Дар охири соли 2021 қарзи ширкати “Барқи Тоҷик“ ба 32,3 миллиард сомонӣ баробар шуд, ки ин ба буҷаи солонаи давлатӣ баробар аст. Дар ду соли гузашта қарзи ширкати “Барқи Тоҷик“ боз 6,3 миллиард сомонӣ ва рӯз аз рӯз бо суръати баланд афзуда истодааст.

Чаро?

Сирри давлатӣ ва ё ғорати миллат?

Чаро то имрӯз ягон нафар ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст?!

Ҳол он ки даҳҳо нафар ҷавобгар аст!

Аз прокуратураи генералӣ талаб карда шавад, ки оиди ин масъала зуд даст ба кор бигирад ва ба миллат иттилоъ диҳад. Миллат бояд бидонад, ки пули миллатро ки ғорат карда истодааст.

Дар тӯли 11 — соли охир (аз соли 2008 то 2019) Ҳукумати ҷумҳурӣ барои миллати худ 9 — маротиба нархи барқро боло бурд.

Соли 2008 — 4,8 дирам буд.

Соли 2009 — 7,5 дирам.

Соли 2010 — 9,00 дирам.

Соли 2012 — 11,00 дирам

Соли 2014 — 12,6 дирам.

Соли 2016 — 14,65 дирам.

Соли 2017 — 16,85 дирам.

Соли 2018 — 19,37 дирам.

Соли 2019 — 22,66 дирам шуд.

Мувофиқи талабот ва нишондоди Бонки Ҷаҳонӣ бояд:

Соли 2020 — 3,45 дирам.

Соли 2021 — 3,90 дирам.

Соли 2022 — 2,40 дирам.

Соли 2023 — 2,56 дирам.

Соли 2024 — 2,80 дирам, боз арзиши барқ бардошта шуда, дар охири соли 2024 як киловатт арзиши нерӯи барқ ба 37,77 дирам бояд баробар шавад.

Вале раисиҷумҳур бо сабаби пандемияи фарогири куруновирус, бӯҳрони иқтисодӣ- ҷаҳонӣ ва сатҳи зиндагии пасти мардумро ба назар гирифта, то охири соли 2020 болоравии нархи нерӯи барқро боз дошт ва то ҳол баланд карда нашудааст.

Мансабдорон баҳонае пеш меоранд, ки пардохти арзиши қувваи барқ дар Тоҷикистон нисбати дигар давлатҳо хеле паст аст.

Вале ягон нафари онҳо намегӯяд, ки моҳонаи миёнаи муаллим дар Люксембург дар як моҳ 10 750 доллар, дар Олмон дар як моҳ 5110 доллар, дар Литва 1497,2 евро, дар Қазоқистон 486 доллар, дар Қирғизистон 216 доллар, дар Ӯзбекистон 210 доллар, вале раисҷумҳури Ӯзбакистон ваъда дода истодааст, ки моҳонаи муаллимонро то 1000 доллар боло мебарад.

Дар Тоҷикистон муаллим дар як моҳ зиёда 100 доллар моҳона мегирад. Имрӯзҳо ба ҳар яко яки мо маълум, ки муаллим фаолияти омӯзгории худро қатъ намуда, роҳи муҳоҷирати меҳнатиро ва ё дар дахил мардикориро интихоб карда истодааст. Ва аз ҳамин моҳонаи ночизе, ки омӯзгор мегирад боз барои обунаи рӯзномаю маҷаллаҳо, ободонии шаҳр ва ё ноҳия, комиссияи тафтишотии сохторҳои гуногун ва ғайра ситонида мешавад.

Боло бурдани нархи барқ, об, маводи сӯзишворӣ, роҳкиро ва хӯроквориро дар ҳуҷраҳои гарм, креслоҳои мулоим шишта баланд бардоштан хело кори саҳл аст!

Вале зиндагии сангини мардум ва сатҳи боло бурдани онро кай фикр мекунед?!

Ба раисиҷумҳур ҳаққи ҳолро расонед?!

Ман ба миллат муроҷиат мекунам, Шумо ҳам дар вохӯриҳо бо номзадҳо ва намояндагони МО, депутатҳои зинаҳои поёнӣ, ҳар касе, ки бо Шумо вохӯриҳо мегузаронад, ҷаннатро ваъда медиҳад, аз оромию рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ хабар медиҳад…

Аз шароити зиндагиатон, набудани об, нерӯи барқ, роҳкиро, аз болоравии арзиши хӯрокворӣ огоҳ намоед, ҳаққи худро талаб кунед, то талаб накунед…

Дар урфият мегӯянд, ки “Кӯдак гиря накунад, модараш шир намедиҳад”.

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s