“Рӯзе расидааст, ки Ӯзбекистон ҳавасманд аст, ки марҳамат чӣ қадар метавонед, гази табииро гиред ва истифода баред… Бинобар ин, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод мекунам, оиди таъмин намудани аҳолӣ бо ин неъмати бебаҳо, яъне гази табиӣ даст ба кор шаванд. Дар ин кори хайр соҳибкорони шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Истаравшан, Гулистон, Бӯстон, Конибодом, Исфара, Б. Ғафуров, водии Ҳисор ва дигар ноҳияҳо даъват шаванд… Вақте, ки аҳолии Тоҷикистон бо гази табиӣ таъмин мешавад, муаммои нерӯи барқ худ аз худ ҳалли худро меёбад…”
(Роҳҳои таъмин намудани аҳолӣ бо маводди сӯхт (2))
Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони”Муаммои рӯз” (41)
Ҳоло ҳам дар бисёре аз шаҳру ноҳияҳо системаҳои газворидкунӣ вуҷуд дорад. Танҳо кӯшиши Ҳукумат зарур аст, ки мардуми худро бо ин неъмати бебаҳо таъмин намояд.
Ҳукумати ҷумҳурӣ то як нуқтаи муайян системаҳои қубури газворидкуниро омода месозад ва худи аҳолӣ бо маҳалҳои худ давом медиҳад.
Ба ҷуз ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бо гази табиӣ таъмин аст ва ягон вақт бе нерӯи барқ ва гази табиӣ намондааст.
Чаро дар мо ин муаммо шуд? Кӣ ҷавоб медиҳад?
Масъуле, ки барои ворид намудани гази табиӣ то ин вақт ва минбаъд монеъ мешавад, бидонад, ки ӯ ғамхори миллат нест ва суханҳояш дурӯғ аст!
Аз лиҳози он ки Тоҷикистон кишвари кӯҳӣ аст, нисбати ҷумҳуриҳои Туркманистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон нафту гази табиӣ кам ва хеле дар чуқуриҳои зиёд ҷойгир шудааст, ки истихроҷи он кори саҳле нест. Тоҷикистон мутахассиси соҳаи тадқиқотии гази табиӣ, маблағи зарурӣ ва техникаҳои муосирро надорад, ки кашфиётҳои геологӣ гузаронад. Аз ин лиҳоз, мо ба мутахассисон ва сармоягузории ширкатҳои хориҷӣ ниёз дорем.
Ҳоло захираҳои таҳқиқшудаи нафт дар Тоҷикистон 2,2 млн тонна ва гази табиӣ 3,4 млрд м³ аст. Бинобар ин ҳоло иқтисодиёти кишвар, комилан ба воридоти маҳсулоти нафтӣ ва гази табиӣ вобастагӣ дорад.
Мирзошариф Исомаддинов бо такя бо таҷрибаи панҷсолаи худ дар ширкати “Сомон ойл“ мегӯяд, ки тайи 28 соли охир дар кишвар ягон кони бузурге таҳқиқ нашудааст ва бо ин далел, дар ин соҳа сармоягузории ҷиддӣ вуҷуд надорад. Вале ширкати канадагӣ “Тетис Петролиум” пас аз чор соли корҳои тадқиқотӣ дар ҷумҳурӣ тобистони соли 2012 оиди захираҳои бузурги нафту гази ватанӣ, ки тақрибан 27,5 млрд баррел муайян шудааст хабар дод.
Тибқи омор, дар солҳои 2012-2013-2014 дар кишвар ҳар соле то 3-4 миллион м³ гази табиӣ истихроҷ карда мешуд, ки ин нисбати солҳои Шӯравӣ ва пас аз Шӯравӣ қариб 60% коҳиш ёфтааст. Ҳатто дар маълумоти соли 2015 омадааст, ки дар 10 соли охир 10 маротиба истихроҷи гази табиӣ кам шудааст. Ҳоло ҳамагӣ 1,5 млн м³ истихроҷ мешавад.
Дар кони “Сариқамиш” ширкати “Газпром” то чуқурии 6,5 км кофтукови геологиро гузаронд, ки ин дар таърихи тадқиқотҳои геологӣ дар Осиёи Марказӣ аввалин мебошад, ки то чуқурии 6,5 км гази табиӣ ёфт нашуда бошад. Тахмин меравад, ки газ дар чуқуриҳои 8,5-9 км воқеъ аст.
Захираи тахминии ин кон 18,5 млрд м³ мебошад.
Дар робита ба ин, дар нимаи соли 2016 ширкати “Газпром” бо баҳонаи гаронии қимати тавлидот ва низоми номусоиди андозбандӣ дар кишвар аз хориҷ шудан барои истихроҷи конҳои “Сариқамиш” ва “Шоҳамбарӣ” хабар дод.
Аз ин пештар, ширкати фаронсавии “Тотаl” ва ширкати Корпоратсияи миллии нефтугази Чин (CNPC) қатъи фаъолиятро хабар дода буданд.
Хушбахтона ҳоло намояндагони Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати русии “Газпром“ барои бозпас омадани ширкати русӣ ба ҷумҳурӣ музокира доранд.
Раиси Комиссияи давлатии захираҳои канданиҳои фоиданок дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки ҳар ду тараф назари мусбӣ доранд.
Боз бо ширкатҳои чинӣ (CNPC) ва фаронсавии “Total” низ оиди тадқиқотҳои захираҳои нафтӣ ва гази табииро матраҳ карда истодаанд.
Ман пешниҳод менамоям, ки дар сурати бозгашти ин ширкатҳо, то истихроҷи нафт ва гази табиӣ, онҳо аз боҷи гумрукӣ, андоз ва ҳар гуна комиссияҳои тафтишотӣ озод карда шавад.
Бо сабаби паҳншавии бемории куруновирус, дар ҷаҳон талабот бо гази табиӣ кам шуд. Яке аз кишвари захираи калони гази табиидошта ва содиркунандаи он, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шумор меравад.
Бо хабари мақомоти Ӯзбекистон, бар асари паҳншавии пандемия ва таназзули иқтисодиёти истеҳсоли интиқоли гази табиӣ ба кишварҳои Чин ва Русия якбора коҳиш ёфт. Ӯзбекистон то соли 2020 ҳар соле, ба Ҷумҳурии Чин 10 млрд м³ ва ба Русия 4,9 млрд м³ гази табииро содир мекард. Ҳоло ба Чин аз се як ҳиссаи он, яъне 3-3,3 млрд м³ содир менамояд ва ба Русия бо пуррагӣ қатъ шудааст.
Вале якбора дар соли 2021 талабот ба гази табиӣ хеле баланд шуд. Танҳо Ҷумҳурии Федератсияи Русия аз Туркманистон 10 млрд м³ гази табииро кашида ба Иттиҳоди Аврупо ва Туркия фурӯхт.
Давлати Чин ҳам дар ҳамин сол 35 млрд м³ гази табииро аз Туркманистон бо қубурҳои А, Б, С кашида ба истифода дод.
Ҳукумати Тоҷикистон ҳам дар назар дошт, ки соли 2021 аҳолии шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷандро бо гази табиӣ то тавоноиаш таъмин намояд. Вале натавонист.
Суоле пайдо мешавад, ки чаро натавонист?
Бояд тамоми аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақлиёт бо гази табиӣ таъмин бошад?
Рӯзе расидааст, ки Ҷумҳурии Ӯзбекистон худ ҳавасманд аст, ки марҳамат чӣ қадар метавонед, гази табииро гиред ва истифода баред.
Чаро? Чунки миллати тоҷику ӯзбек бо ҳамдигар хешу таборӣ ва дӯстӣ доранд ва дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекунанд.
Пас аз дунё рафтани Ислом Каримов, мӯҳтарам Шавкат Мирзиёев, ҳамкориҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ду миллатро устувор ва барқарор намуд.
Аз ин лиҳоз, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод менамоям, сари вақт оиди таъмин намудани аҳолӣ бо ин неъмати бебаҳо, яъне гази табиӣ даст ба кор шаванд. Дар ин кори хайр соҳибкорони шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Истаравшан, Гулистон, Бӯстон, Конибодом, Исфара, Б. Ғафуров, водии Ҳисор ва дигар ноҳияҳоро даъват шаванд, то ки сари вақт аҳолии ҷумҳуриро бо гази табиӣ таъмин намоянд.
Вақте, ки аҳолии Тоҷикистон бо гази табиӣ таъмин мешавад, муаммои нерӯи барқ худ аз худ ҳалли худро меёбад.
Дар соли 2019 аз Ӯзбекистон ҳамагӣ 140 миллион м³ гази табиӣ, бо арзиши 17,7 миллион доллари амрикоӣ харидорӣ шуд. Аз рӯи нақша бояд соли 2020 ба 200 миллион м³ воридот расонда мешуд.
Соли 2021 ҷумҳурӣ 410 000 тонна гази моеъ ворид намуд. Аз он ҷумла: 300 000 тонна аз Ҷумҳурии Қазоқистон ва 105 000 тонна аз Ҷумҳурии Федератсияи Русия, 5000 тонна аз Туркманистон ворид шуд.
Ба масъулин як маслиҳати хуб (арзанда) медиҳам. Ворид намудани гази моеъ ҳам аз манфиат холӣ нест. Чунки имрӯз талаботи нақлиёт ва каме хоҷагиҳои оилавӣ таъмин шуда истодааст. Вале гази моеъ гази табииро иваз карда наметавонад. Аз ин лиҳоз, бояд роҳҳои таъмин намудани аҳолӣ бо гази табииро ҷуст. Ин навоварӣ нест, ин буд, истифода мебурдем, бо айби шахсони баландпоя мардуми ҷумҳурӣ маҳрум шуд, бояд барқарор кард.
Дар шароити имрӯза кори мушкил ҳам нест. Бо қубури газ воридкунӣ то ҷои дилхоҳ бурда мерасонед ва ҳам арзон буда, тиҷорати даромадноки рақами аввал мешавад.
Дар байни соҳибкорон, дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд… дар алоҳидагӣ тендер эълон карда шавад.
Идома дорад