Темур Варқӣ бо ишора ба моҷарои боздошти фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, бону Улфатхоним Мамадшоева, бо таъкид бар ин ки ин бону “ба кори баъзе “коргардонҳо”-и ташаннуҷи вазъият дар Бадахшон; касоне, ки ба дунболи эҷоди нооромӣ дар ин минтақаи ором ҳастанд, халал мерасонд”, тасреҳ кард: “Фикр мекунам, ӯ бо соф кардани ноҳамвориҳо, аз вуқӯъи як кудато (табаддулоти низомӣ) ҷилавгирӣ мекард; кудато аз сӯи касоне, ки худро барои сарнагуни Раҳмон омода мекарданд.” Вай афзудааст: “Имрӯз тамоми қудрати воқеии низомӣ дар Тоҷикистон, дар дастони Саймӯъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) аст. Ҳеч кас қодир нест, монеъи ӯ шавад. Худаш дар ҷомеа ҳарҷу марҷ роҳ меандозад ва контролаш мекунад. Бале, худи Ятимов ҳарҷу марҷи контролшуда эҷод ва Раҳмонро метарсонад ва боҷ мегирад ва аз ин тариқ ниёзи Раҳмон ба ӯро нишон медиҳад. Қудрати худи Раҳмон ҳар рӯз рӯ ба заъф меоварад ва аз дасташ меравад. Барои Ятимов, то расидан ба қудрати мутлақ дар Тоҷикистон, беш як қадам намонда.”

Машрӯҳи ёддошти узви Шӯрои раҳбарии ПМТ, рӯзноманигор ва шоир, Темур Варқӣ ба шарҳи зерин аст:
Улфатхоним ба ҳадде инсони меҳрубон, нарм ва таҳаммулпазир аст, ки ҳатто дар сахттарин рӯзҳо ва дақоиқи ҷанги 1992-1997 аз ӯ ҳеч калимаи нописанде дар бораи аҳаде ва ҳатто дар мавриди афроди вобаста ба ҳукумат шунида нашудааст.
Боре шоҳиди рафтори хоҳарона ва модаронаи ӯ нисбат ба сарбозони асири ҳукуматӣ будам. Ӯ ба муҷоҳидон рӯ кард ва аз онҳо хост, асиронро нороҳат накунанд ва ба онҳо даст назананд ва ғизо додан ба эшонро ҳаргиз фаромӯш накунанд. Усулан, ин бону медонад, чӣ гуна бо мухотаби худ сӯҳбат ва инсонияти ӯро мавриди хитоби хеш қарор бидиҳад, ба гунае, ки мардони ҳақиқӣ, ки аз худ хиҷолат мекашанд, наметавонанд дархости ӯро рад ё бидуни таваҷҷӯҳ раҳо кунанд.
Ҳаргиз ва ҳеч ҷо нахондаам, ки бону Улафтхоним матлабе зиддиҳукуматӣ навишта бошад. Сабки ӯ ҳамеша роҳнамоӣ ва нигариши ӯ созанда аст. Ман надида ва нашунидаам, ки ин бону касеро сарзаниш кардааст. Ҳатто дар як доираи хусусӣ.
Бинобар ин, ман ҳаргиз бовар намекунам, ӯ касеро барои сарнагунии ҳукумат хонда ва ё ба чунин чизе даъват карда бошад.

Дар Тоҷикистон, барои бисёре аз рӯзноманигорони тоҷик, як мамнӯияти нонавиштае аз иштиғол ба касбашон вуҷуд дорад. Улафтхоним солҳост, ки наметавонад ба унвони рӯзноманигор дар ҷое фаъолият ва чизе мунташир кунад. На ба ин далел, ки ӯ қодир нест, балки сирфан ба ин далел, ки мақомот аз нуфузи ӯ ва эҳтироме, ки дар ҷомеа дорад метарсанд.
Аслан, агар ӯ мехост “фарохони умумӣ” (барои сарнагунии ҳукумат) намояд, фақат метавонист аз ҳисоби корбарии худ дар Фейсбук истифода кунад. Ҳар корбари Фейсбук метавонад, ин иддаоро таъйид кунад, ки ҳеч “фарохоне” (барои сарнагунии ҳукумат) дар сафҳаи корбарии ӯ вуҷуд надорад.
Ин як суоли ҷиддист, ки мехоҳам, аз мақомот ва ҷомеа бипурсам: лутфан, “фарохони умумӣ” (барои сарнагунии ҳукумат) аз ҷониби ӯро ба мардум нишон диҳед! Мантиқан, фарохони умумӣ бояд дар дастраси умум бошад. Манбаъи аслиро ба умуми мардум нишон бидиҳед! Фарохони алании сарнагунии ҳукумат аз тарафи ӯ кай ва куҷо ва ба чӣ шакле буда, ки барои касе маълум нест ва фавқи маҳрамона монда? Чаро мардум аз ин “фарохон” огоҳ ва мутталеъ нестанд?
Посух возеҳ аст. Чунин “фарохоне” аслан вуҷуди хориҷӣ надорад. Ин иттиҳом ҷаълӣ ва сохта аст. Мақомот ва ё касоне, ки амдан касеро ин гуна муттаҳам мекунанд, ба ҳадде барои худ эҳтиром қоил нестанд, ки аланан ва ошкор ва бешармона ба як фард тӯҳмат мезананд. Раҳмон дуруст аз ҳамин ноҳия дар ҷомеа осеб дида ва мебинад.
Ман мутмаин ҳастам, Улфатхоним — ки ба оштӣ додани атроф ва соф кардани ноҳамвориҳо ва ором кардани доғтарини сарҳо машҳур аст – ба кори баъзе “коргардонҳо”-и ташаннуҷи вазъият дар Бадахшон; касоне, ки ба дунболи эҷоди нооромӣ дар ин минтақаи ором ҳастанд, халал мерасонд.
Ҳадаф аз дастгирии ӯ, рехтани бензин бар рӯи оташ аст. Ӯ зотан сулҳталаб аст. Ӯ занест, ки ҳамеша порчаи сафед байни тарафайни даргирӣ баланд карда ва тарафайн ба ҳарфи ӯ гӯш супурда ва ақиб нишастаанд. Ба ҳамин далел, ӯ на танҳо дар Бадахшон, балки дар саросари ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон мавриди эҳтиром ва муҳаббат аст.
Дастгирии ӯ як силӣ (шаппотӣ) ба сурати тамоми ҷомеа аст. Фикр мекунам, ӯ бо соф кардани ноҳамвориҳо, аз вуқӯъи як кудато (табаддулоти низомӣ) ҷилавгирӣ мекард; кудато аз сӯи касоне, ки худро барои сарнагуни Раҳмон омода мекарданд.
Имрӯз тамоми қудрати воқеии низомӣ дар Тоҷикистон, дар дастони Саймӯъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) аст. Ҳеч кас қодир нест, монеъи ӯ шавад. Худаш дар ҷомеа ҳарҷу марҷ роҳ меандозад ва контролаш мекунад. Бале, худи Ятимов ҳарҷу марҷи контролшуда эҷод ва Раҳмонро метарсонад ва боҷ мегирад ва аз ин тариқ ниёзи Раҳмон ба ӯро нишон медиҳад. Қудрати худи Раҳмон ҳар рӯз рӯ ба заъф меоварад ва аз дасташ меравад. Барои Ятимов, то расидан ба қудрати мутлақ дар Тоҷикистон, беш як қадам намонда.
Ҳоло биёед фикр кунем: чӣ касе аз кулли ин бӯҳрон суд мебарад? Чӣ касе аз берун кашидани моҷарои ғуборолуди додситон Абирзода ва тирандозӣ ба Гулбиддин Зиёбекови бесилоҳ – моҷарое, ки Бадахшонро барангехт ва ба як бӯҳрон мунҷар шуд — суд мебарад?
Барои ором кардани авзоъ дар Бадахшон, кофӣ буд фақат як таҳқиқоти шаффоф баргузор ва масъулоне, ки сабабгори шаҳодати Гулбиддин Зиёбеков гардиданд, муҷозот шаванд. Фақат ҳусни ният ва ҳокимияти қонун кофӣ буд. Ҳеч чизи дигар! Аммо чаро ин иттифоқ намеафтад?
Оё намебинед, ки як бозии бисёр касиф дар ҳоли вуқӯъ аст? Ба маҳзи ин ки авзоъ ором мешавад, аз “боло” (рӯяш бензин рехта шуда ва) доғ мегардад. Баъд аз моҷарои Гулбиддин, Амриддин (аз Русия) рабуда мешавад, сипас Чоршанбе. “Коргардон”-и пушти саҳна, ки гӯшҳояш фақат барои нобиноён дида намешавад, мебинад, ки оташ шӯълавар намешавад. Ӯ барои мунфаҷир кардани авзоъ дар Бадахшон ва кишвар, гӯӣ ба шӯълавар гардидани бештаре ниёз дорад.
Дар пасзаминаи сӯзони Укройн ва дурнамои бисёр торики он ва дар канори он, вазъияти печида дар Афғонистон, чӣ касе имрӯз ба эҷоди бӯҳрон дар Бадахшон алоқаманд аст? Чӣ касе ҳар аз гоҳе бензин рӯи оташ мерезад ва мунтазири фароҳам омадани шароит барои ба даст гирифтани қудрат дар Тоҷикистон аст? Хулоса, чӣ касе дар ҳоли гирифтани моҳӣ аз оби гилолуд аст?
Ҳеч нерӯи дигаре дар Тоҷикистон, ба шумули мухолифин, аз доман задан ба хунрезӣ дар Бадахшон суд намебаранд. Опозисиюн нерӯҳои мусаллаҳе надорад, ки ба муқобила бо сохторҳои қудратӣ даст ёзанд. Ба илова, қудрати Эмомалӣ Раҳмон ва хонаводааш дар пасзаминаи бӯҳрони иқтисодӣ, афзоиши фоҷеабори қиматҳо ва фақр, ба суръат дар ҳоли коҳиш аст.
Дар авҷи ҳамагирӣ (пандемия)-и Ковид-19, бо пешниҳоди сардори ситоди давлатии мубориза бо пандемия таъйин шудани Саймӯъмин Ятимов, аллакай як баллони озмоишӣ партоб шуда буд.
Ба назар мерасад, имрӯз кор ба самте пеш меравад, ки оташ ба соири нуқоти кишвар низ сироят хоҳад кард. Сипас пешниҳоди эҷоди як ситоди зиддибӯҳрон, ки вазъияти фавқулъода эълом мекунад, ироа мешавад. Нерӯҳои низомӣ ба хиёбонҳо хоҳанд омад. Мавзӯъ пас аз он, дигар техникӣ аст.
Дар Тоҷикистон, ба ҷои як диктотурӣ, як хунтаи низомӣ ҳукмронӣ хоҳад кард, ки иқтисод ва кишварро ба фурӯпошии комил ва ба тақсим мебарад. Фикр мекунед, дар ин сурат оё касе ҳозир аст барои дифоъ аз марзҳои кишвари дар ҳоли тақсим биравад? Магар дар Исфара генерал-қаҳрамони помирӣ, Холбаш Холбашовро дастгир накардаанд?
Қудрат дар кишвари дар ҳоли суқутро фақат як чекист тасоҳуб ва аз худ мекунад. Додситонии кулл (Прокуратураи генералӣ) ва Вазорати умури дохила фақат абзори дасти ӯст.
Бале, фақат бону Улфатхоним Мамадшоева, ин ҳофизи сулҳ буд, ки монеъи сари роҳи он чекист буд.
Оё шумо мӯътақидед, ки Улфатхоним Мамадшоева як ифротӣ ва терурист аст?
Бовар кунед, дар зарари бештар расондан ба Раҳмон ва паст задани нуфузи ӯ ва пойин овардани эътибораш на танҳо дар Бадахшон, балки дар Душанбе, беҳтар аз ин коре, ки Ятимов дар ҳоли анҷоми он аст, вуҷуд надорад.
Ҳоло, қудрати Раҳмон ба дарак, аммо вазъият хеле хатарноктар аз он аст. Ҳатто тасаввури он душвор аст, чун ин хатар суботу якпорчагии Тоҷикистонро таҳдид мекунад.
Фақат ин нукта мондааст бифаҳмем, ки оё ин кор як дебилизм аст ё хиёнат ба Ватан, ваҳдати миллӣ, ҷудонопазирӣ ва тамомияти арзии он?