Рӯзноманигор, Рустами Ҷонӣ, бо баёни ин ки “Рӯшон табиати ин ҳукуматро маълум ва чеҳраи онро манфуртар кард ва помириҳо то ин қитол бо як зеҳн мезистанд ва баъд аз он билкул дигар шуданд”, таъкид кардааст: “Ҳодисаи Рӯшон далели бузург, ҳатто як намои муқаддас барои муборизаи ин сарзамин бар муқобили истибдод аст ва ҳеч помирие дар вуҷуди худ ба ҷуз қисос аз хуни шаҳидон фикри дигареро ҷой нахоҳад дод.”
Матни пурраи ёддошти Рустами Ҷонӣ ба шарҳи зерин аст:
“Рӯшон табиати ин ҳукуматро маълум ва чеҳраи онро манфуртар кард. Помириҳо то ин қитол бо як зеҳн мезистанд ва баъд аз он билкул дигар шуданд.
Кунун ҳеч робитаеро намепазиранд ва марзҳои садоқату боварӣ дар бархе тангтар дар дигаре ба боди фано рафт.
Ҳукумат на танҳо рӯшониҳоро, дар маҷмӯъ помириҳоро, балки худро аз даст дод. Дигар дар тасаввури ин мардум чунин иттиҳодияро ба маънии давлат фаҳмидан хиёнат ба асли худ аст.
Ҳодисаи Рӯшон далели бузург, ҳатто як намои муқаддас барои муборизаи ин сарзамин бар муқобили истибдод аст. Ҳеч помирие дар вуҷуди худ ба ҷуз қисос аз хуни шаҳидон фикри дигареро ҷой нахоҳад дод.
Ин ҳангомаҳои ҳукумат аз саҳнаи куштору боздошту ҳақир сохтани помириҳо, ки васоити таблиғотии паҳн мекунанд, пирӯзии худро менамоянд, ба ҳақиқати марги низом табдил хоҳад ёфт.
Ду аксро мегузорам инҷо барои қиёс, ки дарк шавад зеҳни мардум киро бо кадом ранг дар хотирааш нақш медиҳад…
Аксҳо:

— Куштори марди инқилоб Че Гевара

— Шаҳидони Помир, ки бо тӯҳмат куштанд.”
Рубрики:Дидгоҳ, Ҳуқуқи башар, Ҷомеа