Дидгоҳ

Салмон Султонзода: “Шумо дар ҷурму ҷинояти ин режими кӯдаккуш шарикед ва то қиёмат ин лаккаи нангро аз пешонии худ пок карда наметавонед!”

Салмон Султонзода, фаъоли сиёсии тоҷик ва узви Шӯрои раҳбарии Анҷумани Озодандешон, дар ёддоште, бо ишора ба ҷиноятҳое, ки режими Раҳмон дар Бадахшон муртакиб шудааст, дар ҷавоб ба навкарони ин режим, ки мухолфионро дар ҷинояти худ айбдор мекунанд, навишт: “Ба ин режим ва навкаронаш бояд гуфт: ту ғалат мекунӣ! Ту иштибоҳ мекунӣ, ки фикр кунӣ, тоҷик бояд сокит нишинад. Ҳаргиз чунин нахоҳад шуд! Мо то қиёмат аз иқдомҳои ғайриқонунии ту, аз қатли омми ту, аз саркӯбҳои ту ва аз ин ки мардуми бегуноҳро мекушӣ, хоҳем гуфт! Мо то замоне, ки Раҳмон сарнагун нашавад, то замоне, ки озодӣ дар Тоҷикистон барқарор нашавад, то замоне, ки мардум озодона сухани дилашонро нагӯянд, хоҳем гуфт ва ба садои баланд хоҳем гуфт! То пирӯзии комили тоҷикҳо бар як идда қотил, муборизаи мо давом хоҳад ёфт! Ва аммо он қалам ба дастҳо ва журналистҳое, ки нашармида аз ин режими қотил дифоъ мекунед, бояд бидонед, ки шумо дар ҷурму ҷинояти ин режими кӯдаккуш шарикед ва то қиёмат ин лаккаи нангро аз пешонии худ пок карда наметавонед!”

Матни комили ёддошти Салмон Султонзода ба шарҳи зерин аст:

“Мо як зарбулмасла дорем, ки мегӯяд: “Ҳам ғарӣ, ҳам пешхезӣ!”

Ин зарбулмасал ба касе гуфта мешавад, ки як кори зишт ва нописандеро анҷом медиҳад, баъд барои айбашро пӯшондан, бо забони дароз ба дигарон дод мезанад.

Ин зарбулмасал айни ҳол ба режими бераҳми Раҳмон ва навкаронаш дуруст меояд. Зеро ин режим дар рӯзи равшан ва дар малаъи ом, даҳҳо мардуми бегуноҳ дар Бадахшонро кушт ва садҳо нафарро захмӣ кард, аммо имрӯз барои айби худро пӯшондан, бо забони дароз ин фоҷеаро ба гардани мухолифонаш меандозад.

Салмон Султонзода, узви Шӯрои раҳбарии АОТ

Агар диққат карда бошед, аз рӯзи аввали ин фоҷеаи инсонӣ, навкарони режим, хусусан баъзе қалам ба дастҳо ва журналистҳои берӯ, дар фазоҳои маҷозӣ ин гапро пахш мекунанд, ки агар мухолифон, махсусан мухолифоне, ки дар Аврупо ҳастанд, чизе намегуфтанд ва сокит менишастанд, режим гӯё ин балоро ба сари мардуми осоиштаи Бадахшон яъне мардуми Хоруғ ва Рӯшон анҷом намедод. Ва чун мухолифон, ба қавли онҳо аз Аврупо шӯронданд, барои ҳамин ин хунҳо ба гардани онҳост!

Ин сухан маънояш ин аст, ки тоҷикҳо, чӣ мувофиқаш ва чӣ мухолифаш, сокит нишинанд ва “алиф” нагӯянд. Раҳмон ҳар ғалате, ки дилаш хост, кунад.

Ба ин режим ва навкаронаш бояд гуфт: ту ғалат мекунӣ! Ту иштибоҳ мекунӣ, ки фикр кунӣ, тоҷик бояд сокит нишинад. Ҳаргиз чунин нахоҳад шуд!

Мо то қиёмат аз иқдомҳои ғайриқонунии ту, аз қатли омми ту, аз саркӯбҳои ту ва аз ин ки мардуми бегуноҳро мекушӣ, хоҳем гуфт!

Мо то замоне, ки Раҳмон сарнагун нашавад, то замоне, ки озодӣ дар Тоҷикистон барқарор нашавад, то замоне, ки мардум озодона сухани дилашонро нагӯянд, хоҳем гуфт ва ба садои баланд хоҳем гуфт!

То пирӯзии комили тоҷикҳо бар як идда қотил, муборизаи мо давом хоҳад ёфт!

Ва аммо он қалам ба дастҳо ва журналистҳое, ки нашармида аз ин режими қотил дифоъ мекунед, бояд бидонед, ки шумо дар ҷурму ҷинояти ин режими кӯдаккуш шарикед ва то қиёмат ин лаккаи нангро аз пешонии худ пок карда наметавонед!”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s