“Рӯзи 23-уми июли соли 2012 раиси бахши ҲНИТ дар ВМКБ, Сабзалӣ Мамадризоев, алайҳи фасод, адолати иҷтимоӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ ва ин ки аз ҳисоби интиқоли пули муҳоҷирони меҳнатӣ фарзандони мансабдорон барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд ва низ дигар масоили рӯз суханронӣ намуд. Тибқи иттилои расида ба дасти ҲНИТ, С.Мамадризоевро баъди гирдиҳамоӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт ва ба мавзеи ба истилоҳ “Қалъа“ бурда, латукӯб мекунанд ва баъд бо автомати “Калашников” мепарронанд. Афсарони артиши Тоҷикистон баъди куштор ҷасади беҷони ӯро ба партовгоҳ мепартоянд. Дар сурате, ки ӯ ҳатто агар ҷинояткор бошад ҳам, ҳеч як мусалмон набояд ба ҷисми беҷони ӯ чунин муносибат мекард…”
(Сабабҳои муноқишаи марзӣ ва дохилии Тоҷикистон (7))
Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони”Муаммои рӯз” (50)
Яке аз масъалаҳои муҳимми рӯз, ки баррасӣ менамоям, ин масълаи сарбозон ва афсарони базаи ҳарбии 201-уми Артиши Русия аст. Артиши Русия дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва Бохтар ҷойгир шуда, бо баробари шаҳрвандони Тоҷикистон баробарҳуқуқанд.
Солҳои охир Ҳукумати Русия ва вакилони Думаи давлатии он, борҳо пешниҳод карда истодаанд, ки ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистону Афгонистон дар ихтиёри онҳо бошад.
Банда юа унвони як шаҳрванди комилҳуқуқи Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки ба хотири ҳифзи қаламрав аз кишвари Чину Қирғизистон ва пурзӯр намудани мубориза бар зидди гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ, ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистону Афгонистон, Чин ва Қирғизистон аз тарафи Артиши миллии Русия дар сатҳи баланди Ҳукумати ва МН МО Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шавад ва ҳифзи сарҳадҳо ба Артиши миллии Русия вогузошта шавад. Чаро?
То ҳол Артиши миллии Тоҷикистонро кишвари Русия омӯзиш медиҳад, бо техникаҳои ҳарбӣ муҷаҳҳаз ва пуштибонӣ менамояд, бе иҷозати Президенти Русия ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон майдатарин корро дар самти сиёсӣ-низомӣ ба анҷом расонида наметавонад.
Ҳамчунин барои бозсозии Артиши миллӣ, аз рӯи маълумоти нашрияи “Время Востока“ Русия дар тӯли то соли 2025-ум ба Тоҷикистон то 1 миллиарду 590 миллион доллари амрикоӣ кӯмаки молӣ мерасонад. Моҳи октябри соли 2019 Русия бо арзиши зиёда 300 миллион доллар техникаи ҳарбӣ ҷудо намуд, ки аз ҷумла Артиши миллии Тоҷикистон дорои комплекси С-300 мешавад.
Дар соли 2021 кӯмаки техникаҳои ҳарбӣ, аз ҷумла мошинҳои зиреҳпӯш, танкҳо ва тӯпу туфангҳо расонда шуд ва дар нимсолаи якуми соли 2022 барои мустаҳкам намудани сарҳад сохтмонҳои дидбонгоҳҳои нав, боз 1,1 млн доллар кӯмаки молӣ ҷудо карда шуд. Ин аз як тараф.
Аз тарафи дигар, ворид намудани қочоқи маводди мухаддир, аз Афғонистон ба Тоҷикистон то ҳадде қатъ мешавад.
Шояд, ин суол пайдо шавад, ки жар ин сурат истиқлолият чӣ мешавад?
Ҷавоб: Дар дохили он кишваре, ки Артиши кишвари дигар давлат ҷойгир аст, истиқлолият маънои худро гум мекунад.
Инҷо баъзе фикру андешаҳои рӯзноманигор, коршинос, олими улуми динӣ, муассиси ИСЛОҲ ТВ Муҳаммадиқболи Садриддинро оиди сафари охирони (дар соли 2022) президенти ФР В.В. Путин чанд нуқтаро пешкаши хонандагон менамоям.
Аз рӯи маълумотҳое, ки то имрӯз ба дасти ӯ расидааст, чунин шарҳ медиҳад.
“Владимир Путин дар вохӯрии рӯ ба рӯ ба Эмомалӣ Рахмон дар баробари масъалаҳои мубрами рӯз гуфтааст, ки барои ҳифзи марзҳо бо Афғонистон бояд шумори сарбозони Русия дар пойгоҳи 201-ум бештар бишавад. Ҳамчунин Путин гуфтааст, ки шумори мушовирони низомии Русия дар марзҳо ҳам кофӣ нест. Дар давоми вохӯрӣ В.Путин Раҳмоновро огоҳ кардааст, ки мо медонем, ки суратҳисобҳои ту дар кишварҳои аврупоист ва агар дар қудрат набошӣ ин суратҳисобҳо автоматӣ аз дастад меравад.“
Масъалаи дигаре, ки ӯ гуфтааст, ин масъалаи мухолифин.
“Сангинтарин сӯҳбат ва тавсияе, ки В.Путин ба Раҳмонов кардааст ин аст, ки бо мухолифини дар Аврупо буда ҳатман забон ёбад ва онҳоро ба ватан баргардонад. В.Путин таъкид кардааст, ки бо рақибони исломияш забон ёбад. Ҳамчуноне Русия дар соли 1997 Раҳмоновро водор карда буд, ба он шакл ва ё, намедонам бо чӣ навье, аммо “придется“ ин корро кунад…” (Оиди сафари В.В.Путин маълумоте дошта бошед дар комментҳо бинависед.)
Боз яке аз кӯмакрасонандаи молӣ ва техникаҳои ҳарбӣ, кишвари Амрико мебошад. Рӯзи 10.05.2022, Сафири ИМА Ҷон Марк Поммершайм, дар нишасти матбуотӣ дар бораи равобити 30 соли Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Тоҷикистон суханронӣ намуда, гуфт, ки ИМА дар соли 2022 кӯмаккунандаи рақами яки Тоҷикистон мешавад. Дар давоми суханронии худ сафир иброз дошт, ки Амрико дар бораи амнияти кишвари Тоҷикистон 60 млн доллари дигар кӯмак мерасонад. Сафир қайд кард, ки дар оянда Амрико ба Тоҷикистон ҳавопаймоҳои бесарнишин барои ҳимояи сарҳади Афғонистон ба Тоҷикистон медиҳад. Ин паҳбодҳо ҳудуди 20 млн доллар арзиш доранд.
Аз рӯи гуфти сафир маълум шуд, ки дар тӯли 30 сол Амрико ба Тоҷикистон ҳудуди 2 млрд доллар кӯмаки молӣ расондааст.
* * *
Муносибати Раҳмон бо мардуми Бадахшон то ба имрӯз табъизомез буд
Инҷо яке дигар аз масъалаҳое, ки мехоҳам баррасӣ намоям, шикастани руҳияи мардуми ғаюр ва ҷасури Бадахшон аз тарафи дастгоҳи органҳои қудратӣ-низомии ҷумҳурӣ аст.
Муносибати ҳукумати Раҳмон бо мардуми Бадахшон аз гузашта то ба имрӯз табъизомез буда, мақомот борҳо ва махсусан аз соли 2012 ба ин ҷониб, дар ин минтақа амалиёти низомӣ анҷом дода, даҳҳо кушта, садҳо захмӣ гузошт. Танҳо, зиёда дар панҷ моҳи соли ҷорӣ (2022) ҳудуди панҷоҳ нафар кушта, садҳо захмӣ ва 220 нафар ба ҳабс гирифта шуд, аммо натавонист, ки онҳоро ба зону бишинонад.
Соли 2012 ҳукумат сокинони вилоятро бо баҳонаи пинҳон крадани ҷинояткорон муттаҳам кард ва соати 4-и субҳи 24 июл бо барои аз байн бурдани гурӯҳҳои ғайриқонунии ҷиноӣ, амалиёти махсусро роҳандозӣ кард.
Мақомот ният дошт, чор пешвоӣ ғайрирасмӣ — Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, Толиб Айембеков, Ёдгоршо Мамадасламов ва Имомназар Имомназаровро аз байн баранд. Дертар Имомназар Имомназаров дар хонаи худаш кушта шуд.
Тирандозӣ ба шаҳре, ки байни кӯҳҳо қарор дорад, аз баландӣ оғоз шуд, ки амалан маънии қатли дастаҷамъии сокинони маҳаллиро дошт. Вале сокинони Бадахшон муқобилият нишон доданд.
Эмомалӣ Раҳмонро маҷбур ба эълони оташбас кард. Дертар ӯ аз пешвоёни маҳаллӣ хост, яроқҳояшонро ба давлат супоранд.
Вале мардуми вилоят ба раисҷумҳуре, ки болояшон лашкар кашид, бовар надоштанд. Бинобар ин ҳукумат маҷбур шуд ба пешвои исмоилиён шоҳзода Карим Оғохон барои кӯмак муроҷиат кунад. Муроҷиати Оғохон ба мардум оиди оштӣ бо ҳукумат, боис шуд аз як хунрезии дигар дар кишвар ҷилавгирӣ шавад ва пешвоёни маҳаллӣ бо даъвати Оғохон силоҳҳояшонро ба замин гузоштанд.
Итоати мардуми Бадахшон аз имомашон дар ҳоле, ки алайҳи артиши Эмомалӣ Раҳмон қиёми густардае намуда буданд, боиси рашки дигари ӯ гардид ва дар чеҳраи Карим Оғохон рақиби худро дид.
Аз ҳамон замон шоҳзода дигар ба Тоҷикистон наомад. Сабабаш набудани хоҳиши худи ӯст ё мақомоти Тоҷикистон, маълум нест.

Рӯзи 23-уми июли соли 2012 раиси бахши ҲНИТ дар ВМКБ Сабзалӣ Мамадризоев алайҳи фасод, адолати иҷтимоӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ, аҳолии Бадахшон ва аз ҳисоби интиқоли пулӣ онҳо, фарзандони мансабдорон барои таҳсил ба хориҷи кишвар ва дигар масоили рӯз суханронӣ намуд.
Тибқи иттилои дастрасии ҲНИТ, С. Мамадризоевро баъди гирдиҳамоӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт ва ба мавзеи ба истилоҳ “Қалъа“ бурда, латукӯб мекунанд ва баъд бо автомати “Калашников” мепарронанд. Афсарони артиши Тоҷикистон баъди куштор ҷасади беҷони ӯро ба партовгоҳ мепартоянд. Дар сурате, ки ӯ ҳатто агар ҷинояткор бошад ҳам, ҳеч як мусалмон набояд ба ҷисми беҷони ӯ чунин муносибат мекард.
Масъули бахши шаҳрии шаҳри Хоруғ Шерак Карамхудоевро Додгоҳи олии Тоҷикистон дар ташкили ҷомеаи ҷиноӣ ва ширкат дар ошӯбҳои оммавӣ гунаҳкор ва додгоҳ ӯро ҳамчунин дар нигоҳ доштан ва гирифта гаштани силоҳи ғайриқонунӣ гунаҳкор дониста, ба 14 соли зиндон ҳукм баровард. Ӯ ҳукми додгоҳро беасос, дурӯғ ва бофта хонд.
Делои ҷиноии Шерак Карамхудоев сиёсӣ мебошад.
Идома дорад