Дидгоҳ

Ёдгор Файзов шахси хоксору заминӣ буд

“Ёдгор Файзов, аз рӯзи аввал тамоми қувваи худро барои оромӣ, субот ва ободии минтақа сарф намуд. Ҳама вақт ба назди мардум мебаромад, дарди мардумро рӯ ба рӯ мешунавид, барои ҳалли он кӯшиш мекард то ки мардум орому тинҷ бошанд. Файзов ба фаҳмиши банда шахси хоксору заминӣ буд…”

(Сабабҳои муноқишаи марзӣ ва дохилии Тоҷикистон (8))

Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони”Муаммои рӯз” (51)

Эътирозҳои навбатии шаҳри Хоруғ

Рӯзи 21 майи соли 2014 дар пайи як тирандозӣ дар маркази шаҳр оғоз ёфт. Дар ҷараёни як амалиёте, ки ба гуфтаи пулис, алайҳи қочоқбарони маводди мухаддир сурат гирифт, 3 нафар бо шумули як нафар афсари ОМОН кушта ва 4 тани дигар захмӣ шуданд.

Ба дунболи тирпарронӣ, ҷамъе аз сокинони Хоруғ бо талаби раҳоии боздоштшудаҳо ва муҷозоти ходимони ОМОН ба назди бинои идораи умури дохилаи вилояти Бадахшони куҳӣ рехтанд ва бинои пулису додситонӣ ва ҳамчунин ду мошини пулису як мошини марбут ба як корманди додситонӣ ва ҳам манзили сардори идораи умури дохилаи Хоруғ полковник Бахтдавлат Бахтдавлатовро дар маҳаллаи Бархоруғи маркази вилоятро ҳам оташ заданд.

Шаби 23 майи соли 2014 ба бинои раёсати амнияти миллии вилояти Бадахшони кӯҳӣ эътирозгарон ҳамла карданд, дар натиҷа боз як нафар куштаву дуи дигар захмӣ шуданд.

Бо сабаби нооромӣ дар минтақа соли 2015 дар вилояти Бадахшон ситоди байниидоравии сохторҳои қудратии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ташкил карда шуд, ки то ҳол фаолият дорад.

Эмомалӣ Раҳмон дар сафари корӣ, бо раҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 15 сентябри соли 2018 мулоқот намуда аз вазъияти ноороми минтақа изҳори норозигӣ кард, ки мақомоти маҳаллӣ натавонистаанд бо як гурӯҳи хурди ҷинояткорон мубориза баранд ва ба мақомоти қудратӣ супориш дод, ки дар ҳолати зарурӣ аз қувваҳои мусаллаҳ истифода баранд.

Аммо баъд марказ дарк кард, ки он вақт кор фармудани зурӣ номувофиқ аст ва дар он марҳила боварии сокинонро барқарор кардан лозим буд. Ва 15-уми сентябри соли 2018 собиқ раиси вилоят Шодихон Ҷамшедро аз вазифа сабукдӯш кард ва баъд якуми октябри соли 2018 Ёдгор Файзовро таъин кард ва ин қарор — қарори дуруст баромад.

Ёдгор Файзов, аз рӯзи аввал тамоми қувваи худро барои оромӣ, субот ва ободии минтақа сарф намуд. Ҳама вақт ба назди мардум мебаромад, дарди мардумро рӯ ба рӯ мешунавид, барои ҳалли он кӯшиш мекард то ки мардум орому тинҷ бошанд.

Файзов ба фаҳмиши банда шахси хоксору заминӣ буд.

Нашрияи таҳлилии CABAR.asia бо раиси ВМКБ Ёдгор Файзов дар бораи самтҳои асосии фаъолияташ сӯҳбат дошт. Дар мусоҳиба ӯ ба CABAR.asia гуфт, ки ният дорад вазъро дар Бадахшони кӯҳӣ ба сӯи беҳтару хубтар тағйир диҳад.

Инак, саволу ҷавобҳо дар шакли кӯтоҳ карда шуда оварда мешавад:

CABAR.asia: Дар ин муддат Шумо ба кадом пешравиҳо ноил шудед?

Ёдгор Файзов: Мутаассифона ман наметавонам бо ягон дастоварди назаррас дар як соли охир фахр кунам. Ягона дастоварде, ки бо пуштибонии мардум, президент ва дигар сохторҳо ба даст омадааст, ба фикрам, таҳкими сулҳу оромӣ ва паст шудани мизони бадбинии мардум нисбат ба хизматчиёни давлатӣ аст…

CABAR.asia: Шумо қайд кардед, ки мардум аз Шумо бисёр чизҳоро интизоранд ва Шумо шояд ба ин интизориҳо муваффақ нашавед. Баъзе аз коршиносон таъкид мекунанд, ки салоҳияти раиси вилоят маҳдуд аст?

Ёдгор Файзов: Ваколатҳои раиси ВМКБ ва раисони дигар вилоятҳо ҳам он қадар васеъ нестанд… Ман ҳатто ваколат надорам, ки як корманди оддии соҳаи кишоварзӣ, маориф ва тандурустиро аз вазифа барканор кунам, дар сурати мавҷуд набудани розигии вазир. Хушбахтона, ягона чизе, ки ба ман кӯмак мекунад ва ман салоҳият дорам, робитаи мустақим бо президент аст…

CABAR.asia: Дар бораи масъалаҳои амнияти чӣ гуфта метавонед…?

Ёдгор Файзов: Вазъият хеле беҳтар шуд. Муносибати мардум дар аввал на он қадар хуб буд, ҳоло хеле хуб шудааст. Вале дар хусуси гурӯҳҳои ғайри расмӣ бошад, аз нуфузи пештараи онҳо қариб, ки чизе боқи намондааст.

CABAR.asia: Оё роҳбарони ин гурӯҳҳо бо маъмурияти ВМКБ ҳамкори доранд?

Ёдгор Файзов: Дар баъзе мавридҳо мо ҳамкорӣ мекунем, дар бисёри масъалаҳо бо ҳамдигар розӣ нестем. Ҳамаи масъалаҳоро дар як сол ҳал кардан номумкин аст. Ин ғайри воқеъист. Аммо аз ҳама муҳимтарин вазифаи худ дур кардани аҳолӣ ва ҷавонон аз таъсири ин афрод буд.

Агар пештар бо як сухан даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандон ба майдон мерехтанд, акнун, шояд, танҳо 1000 нафарро ба майдон оваранд…

CABAR.asia: Дар бораи ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки бо мақсади таъмини амнияти минтақа таъсис ёфтаанд, чӣ гуфта метавонед?

Ёдгор Файзов: Кор давом дорад, вале шакли дигар гирифтааст. Пештар ба масъалаҳои амният бештар таваҷҷӯҳ зоҳир мешуд, дар куҷо будани аслиҳаро меҷустанд, таҳдид аз куҷо пайдо шуда метавонад. Ҳоло таваҷҷӯҳи бештар ба масъалаҳои волоияти қонун дода мешавад…

CABAR.asia: Ба назари Шумо, ҳамчун раиси вилоят, оё ин ситод лозим аст?

Ёдгор Файзов: Рӯзе, ки боварӣ дорам, ки тамоми вазъиятро идора карда метавонам, ба президент муроҷиат мекунам ва мегӯям, ки дигар кори штаб лозим нест. То ҳол, ман он қадар боварӣ надорам. Ҳоло штаб барои ман шӯъбаи ёрирасон такягоҳ аст.

Мусоҳиба давом дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s