Дидгоҳ

Муроҷиати сӯзноки модари Гулбиддин Зиёбеков ба мақомот ва мардум

“Тафтишоти Гулбиддин Зиёбековро то ба охир расонида аз рӯи қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гунаҳкорон ҷазои арзанда дода шавад…”

(Сабабҳои муноқишаи марзӣ ва дохилии Тоҷикистон (16))

Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони “Муаммои рӯз” (59)

Гулбиддин аз осмон наафтида буд. Балки бону Певистамоҳ Абдулмӯъминова як пора гӯштеро таваллуд карда буд, ки аз пистони худ ба ӯ шир медод, шабҳо бехобӣ мекашид, олудаҳояшро сари вақт тоза мекард. Дар давраи истиқлолият дар Помир камбудии хӯрокворӣ буд, ӯ худ намехӯрд, намепӯшид, бо чӣ азобҳо ба воя мерасонд. Дар як лаҳза намояндаҳои мақомоти қудратӣ-интизомӣ биё, паррон, захмдор кун, аз ду дасташ гиру кашола кун ва дар дохили мошина ба дилу чашм ва шикам тир холи кун. Оқибат ба сард хона бару супор.

Модар чӣ кор кунад?

Ба додаш ҳеч додрасе намерасад, танҳо додраси кулли оламиён мемонад, ки модари ҷигарсӯхта бо нолаю зорӣ, шабҳо ба Худованди довар муроҷиат мекунад…

Хонандаи азиз!

Инҷо муроҷиатномаро дар шакли айн меорам, то ба охир бихонед ва фикру андешаҳои худро бикоред:

“Салом! Салом хоҳарону бародарон, фарзандони азиз, ҳамаи онҳое, ки дар рӯзҳои сиёҳ; дар он рӯзҳои пур аз нолаю ашки хун рехтани ман, то имрӯз манро дилбардорӣ кардед, бо шеър, бо сухан ва бо навор ҷигари сӯхтаи манро, ғаму андӯҳ, шабҳои бехобӣ ва ҳафт тири кофирон, ки манро азоб медоданд, бо ман истодагарӣ намудед, миннатдории худро баён мекунам.

Дар кадом гӯшаю канори ҷаҳон бошед, ҳамаи шуморо дӯст медорам! Худо нигаҳбонатон бошад!

Акнун аз киҳо узр мепурсам? Аз ҳамаи мардуми Бадахшон, ғайр аз онҳое, ки дар қатли писарам даст доштанд, узр мепурсам. Зеро дар се рӯзи дар майдон буданам, манро танҳо намондед, маро бубахшед, зеро ҳамаи шумо хислатҳои беҳтарини инсонӣ доштани худро нишон додед ва имрӯз аксарияти шумоён паси панҷараед. Ману фарзандонам аз шумоён бахшиш мепурсем.

Халқи инсондӯсти шаҳри Хоруғ се шабонарӯз ману фарзандонамро ташнаю гушна намонданд. Ману фарзандонам ин некиҳо ва хидматҳои шуморо фаромӯш намекунем аз заҳматҳои шумо бетараф нестем. Худо нигаҳбони шумо бошад!

Акнун дарди дили худро мехоҳам баён кунам, суханро бо байти зерин сар мекунам:

Тир дар сина халанду гӯянд хомӯш,

Мил бар дида кашанду гӯянд манол.

Ин байти бузургон ба ҳаёти имрӯзаи мо хеле мувофиқ аст. Зеро ҳукумати нав бо командаи худ ба сари халқи бечора зулм мекунанд, аммо мо ҳуқуқи шикоят кардан надорем… Қонун танҳо барои халқи оддӣ аст.

Мисол, муовини раиси вилоят, Нилуфар (Нилуфар Асламшоева) дар ҷаласае дар ноҳияи Роштқалъа эълон кард, ки “Касе барои шикоят ба ҳукумат биёяд, ман ӯро дубинка мезанам!

Ин азоб кашиданҳои халқ аз давраҳои пеш, ки барои ҳақиқату адолат мубориза мебурданд, такрор мешуд. Масалан, ба чашмони Рӯдакӣ мил кашиданд, Фирдавсиро ба зери пои филҳо партофтанд, Носири Хисравро бадрақа карданд, Ҳилолиро сангсор намуданд, Айниро 75 чӯб заданд, Лоҳутӣ аз ватанаш гурехт, Восеъро ба дор овехтанд, Темурмалики қаҳрамонро барои номуси зан дар даруни хонааш куштанд ва Гулбиддини бечораро силоҳбадастони беномус ва кофирони ҳукумат назди хонааш ба қатл расониданд. Гуноҳаш чӣ буд?

Акнун ман аз тӯҳматҳою дурӯғҳои Ҳукумат, амният, прокуратура, ки дар ҳаққи фарзандам карданд, баён мекунам:

1) Ҳодисаи дар ноҳияи Роштқалъа рухдода бо айби Маҳмадов Ҳабиб ва Абирзода буд, вале сад афсӯс номбурдаҳоро ягон кас аз органҳои ҳифзи ҳуқуқ напурсид.

Дар наворе Маҳмадов Ҳабиб дар ҳаққи писарам тӯҳмат карда гуфт: “Зиёбеков Гулбиддин Абирзодаро ҳашт соат латукӯб кард, ҳашт соат гаравгон гирифт.” (Кошки он Абирзода мемурд!)

Магар ин тӯҳмати Маҳмадов далел дорад ё не?

2) Баъд аз фоҷеаи 25 ноябр газетаи “СССР” баромад, 42 ҷумлаи ин газета дурӯғанд. Сайёфи Мизроб, нависандаи ин мақола, маводдро аз кӣ гирифтааст?

 Лаънат бар ин мақоланавис!

Чӣ тӯҳматҳо карданд (дар ин мақола)! (Ҳоло, иқтибос аз газетаи “СССР”):

Коркунони амният дар натиҷаи кофтуков ба хонаи истиқоматии Зиёбеков Гулбиддин медароянд ва ӯ таслим намешаваду тир мепаронад ва дар натиҷа ду корманди амният сахт захмдор шуданд.” (Кошкӣ мемурданд!)

Охир (муаллифи мақола) шарм намекунад аз тӯҳмати худ? Кошки фарзанди ман силоҳ медошту ҳамаи тӯҳматгарону дурӯғгӯёнро мепаронд.

Ҷои қатли писарам на дар хона, балки дар назди хона буд!

Ман далел дорам, ана ин газетаи “СССР”! Чаро мухбири ин газета, мақоланависи ин газета ахбори нодурустро навиштааст?

Чаро тӯҳмат мекунад?

Канӣ ҳамон захмдорҳо?

Ман ба ҳар гуфтаи худ далеле дорам.

Ҷавоби ин мақоларо Сайёфи Мизроб медиҳад!

3) Дурӯғи дигар: “Раиси вилоятро дар митинг бо санг заданд ва ӯ бистарӣ буд.

Сайёфи Мизроб ту виҷдон дорӣ?

Бо ин мақолаи дурӯғи худ пули ҳаром мегирӣ, ки насиби кафани ту ва фарзандонат шавад!

Кормандони бесаводи ин газета дар 2 декабри соли 2021 дар саҳифаи аввал болои сӯхта намакоб, расми ману писарам, яъне модари ҷигарсӯхта сари тобути писарашро нашр карданд.

Ин кори Сайёфи Мизроб нишонаи он аст, ки мақомотҳои қудратии ВМКБ бар сари модарони Бадахшон чӣ бадбахтие оварданд!

4) Масъалаи дигар ин аст, ки дар Тоҷикистон ягон маҷалла ё рӯзнома бе иҷозати мақомоти амниятӣ ва ВКД намебарояд. Маълум мешавад, ки КДАМ ва ВКД ба чунин мухбирони беинсофу нодон барои нашр ин мақоларо доданд.

5) Тӯҳмат ва дурӯғи дигар: Орифзода Парвиз, прокурори вилоят чунин гуфт: “Силоҳро ман аз кӯпрук гузашта, ёфтам.”

Пас чаро (дар парванда) тапончаро дар ду ҷой нишон доданд: як бор хонаи Ғуломшоев мондастанд ва бори дуввум нишон доданд, ки силоҳ дар ҷои сабзазор партофтагӣ.

Охир дар Бадахшон, дар охири моҳи ноябр сабзазор куҷост?

Ту тӯҳмат кардӣ Орифзода,ту дугапа ҳастӣ!

6) Дурӯғи дигар: Орифзода гуфтааст: “Онҷо силоҳбадастон хостанд, ки фарзандатро ба касалхона баранд”, аммо … гуфтани ин бароям душвор аст, наметавонам … вай дар ҳамонҷо ҳалок шуд…

Магар одам бо 7 тир зинда мемонад?

Чаро дурӯғ мегӯӣ?

7) Тӯҳмати дигар: Чаро Орифзода чунин мегуяд: “Мо ба Гулбиддин Зиёбеков 11 бор даъватнома фиристодем, ӯ ба пурсиш наомад.”

Ҷавоби ин 11 даъватномаро медиҳӣ!

Кӣ ин 11 даъватномаро ба писарам додааст, чаро боре ҳам ба хонаи ман наомадӣ?

8) Дурӯғи дигар: Раиси ҷамоат, Латипов Муқим дар баромади худ гуфт: “Ман ба Зиёбеков Гулбиддин гуфтам, ту бояд ба пурсиш равӣ, вай ҷавоб дод, намеравам!

Муқим! Чаро тӯҳмат мекунӣ?

Талаби писарам ин буд, ки: “Ман розиам маро суд кунанд, Суд дар ноҳияи Роштқалъа шавад, маро аз маркази ҷумҳурӣ омада суд кунанд ва ман бояд адвокат дошта бошам. Суд бояд суди халқи бошад.”

9) Дурӯғи дигар: Дар дурӯғ — канали Бадахшон, 5 даъватнома гуфтанд, Ятимов дар маҷлиси коркунони маориф 3 даъватнома гуфт, Орифзода 11 даъватнома гуфт. Гапи кӣ рост аст?

10) Саволи ман аз раиси вилоят, Мирзонаботов ва прокурори вилоят, Орифзода то ҳол беҷавоб аст ва он савол ин аст, ки: “Чаро ба писарам даъватнома ба таърихи 26 ноябр додед, аммо рӯзи 25 ноябр ӯро куштед?

11) Сардори амнияти ноҳияи Роштқалъа гуфт, ки даъватномаро ба Зиёбеков Гулбиддин додам ва вай даъватномаро “маҷақ” карда гуфт, ки ба пурсиш намеравам.

Ҳоло он даъватнома дар дасти ман аст, не маҷақ асту не дарида.

Ин аст тӯҳмати сардори амнияти ноҳияи Роштқалъа!

12) Сардори амнияти Роштқалъа ва ҷонишини сардори амнияти шаҳри Хоруғ писарамро на аз рӯи қонун, балки бо роҳи ҳилаву найранг ба дасти қотилону ҷаллодони хунхор супориданд.

Магар ин ҳукумат аст?

Шахсе, ки бо роҳи фиреб касбашро ба роҳ монда, ҳаққи гирифтаи ӯ заҳри фарзандонаш шавад!

13) Ҳукумати нави Бадахшон паси панҷараро пур карданд. Бо писари парчамбардорам, ки омода буд барои ҳимояи як порча хоки Тоҷикистон ба Ворух равад, чӣ карданд?

Оё дар рӯзи равшан дар байни мардум, кӯдакону занон гузаронидани амалиёти хунин аз рӯи қонун аст?

Оё дар Сарқонун ҳукми қатл ҷорист?

Бе ҳукми Суд шахсро ба ин дараҷа расонидан магар қонунӣ аст?

Бо як варзишгари бесилоҳ ҳуҷуми 200 силоҳбадаст магар аз рӯи қонун аст?

Боз Тоҷикистони мо дар арсаи ҷаҳонӣ макони сулҳу осоиштагӣ қарор дорад?

Оё шумо одамкушҳо барои силоҳ доштани фарзандам ягон далел доред, касеро ӯ кушта буд?

Чаро амният шиносҳо ва хешутабори хонадони моро ҳабс карда истодааст?

Пас чӣ хел ман тарафдори ин Ҳукумат бошам?

Фоҷеае, ки ҳукуматдорон бар сари ман оварданд, дигар дар ягон давлат ин хел нест!

Ин азиятҳоро на танҳо ман, балки чандин модарони Бадахшон мечашанд.

14) Дурӯғи навбатӣ: Баъзе тарафдорони ҷаллодону қотилон дурӯғҳои беасос паҳн карда истодаанд, ки гӯё ба ман Ҳукумат хона ва пули калон ваъда кардааст ва ман дигар дар бораи бегуноҳ кушта шудани писарам ҳарфе намегӯям. Наход модар, то ин дараҷа бераҳм бошад, то хуни бегуноҳ рехтаи писарашро ба пулу мол иваз кунад?

Ин овозаҳо дурӯғанд.

Ман то қотилони писарамро ҷазо надиҳанд, ман ором нестам!

Ман аз Ҳукумат талаби Суд дорам!

Чаро моҳи панҷум асту аммо то ҳол Суд нест?

Баъд аз мисли Чингизи хунхор аз байн бурдани фарзанди ман, дигар зиндагӣ кардан намехоҳам.

Чаро аз Суд метарсед?

Бе ин ҳам одамкуш будани шумоён маълум шуд. Кӣ ваҳшиёна одам кушт, писарам ё шумоён?

Ҳар рӯз дуо мекунам, дар ин рӯзҳои шарифи иди Рамазон, касоне, ки дар қатли писарам даст доранд, ҳамаи он қотилон ба касалиҳои марговар гирифтор шуда, бо ҷигарбандони худ мурда раванд!

Ҳафт тири писарам ҷигари шумоёнро сӯрох кунад, ҷигарсӯхта шавед, кафани хунини се шаҳид насиби шумоён ва фарзандонатон шавад!

Омин!

Хоҳарону бародарон, фарзандони азиз!

Умед ва орзуи охирини ман чунин аст:

Ба ягон раис ва сардори мақомотҳои давлатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бовар накунед!”

* * *

Банда пешниҳод менамоям:

Тафтишоти Гулбиддин Зиёбековро то ба охир расонида аз рӯи қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гунаҳкорон ҷазои арзанда дода шавад.

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s