Дидорҳо

Мақомоти тоҷик дар эълони COVID-19 ва ё эълон накардани он ҳам, мунтазири дастур ва ё мавзеъгирии Раҳмон ҳастанд

“Вақте, ки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумат аз беморӣ пинҳон намудани маълумотҳои воқеъии куруновирус, вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоиро сахт интиқод кард ва ба вазир Ҷамолиддин Абдуллозода хитоб намуда гуфт: мо киро фиреб дода истодаем? Мо худамонро фиреб медиҳем?, пас аз як рӯз, дафтари матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, рӯзи 21.01.2022, аз 23 ҳолати гирифторшавии куруновирус хабар дод. Ин ниҳодҳо бе иҷозати Эмомалӣ Раҳмон, гирифторшавӣ ба бемории куруноро ҳам эълон карда наметавонанд?..”

(Чанд пешниҳоде ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон (4))

Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони “Муаммои рӯз” (63)

Соли 2020-ум вақте, ки бемории вабои куруно ҷаҳонро фаро гирифт, созмонҳо ва як қатор мамлакатҳои ҷаҳон, ба мамлакатҳои дастнигар (камбизоат), аз ҷумла ба Тоҷикистон ҳам барои пешгири, аз ин бемори кӯмак расонданд.

Вазорати тандурустӣ оид ба куруно гуфт, ки дар Тоҷикистон вируси куруно ба қайд гирифта нашудааст. Вале барои гирифтани кӯмак тайёр аст.

7) Инҷо давлатҳо ва созмонҳои кӯмакрасонандаро меорам:

1) Олмон, 1 млн € (20.03.2020);

2) Амрико, наздик 900 000 $ (08.04.2020);

3) Бонки Ҷаҳонӣ, 11 300 000 $ (14.04.2020);

4) Иттиҳоди Аврупо, 48+30=78 млн €;

5) Барномаи рушди СММ, 600 000 $ (02.05.2020);

6) Амрико, 1 069 000 $ (06.05.2020);

7) Сандуқи байналмиллалии асъор, 190 млн $ (07.05.2020);

8) Амрико, 2 600 000 $ (05.06.2020);

9) Ҷопон, 57 млн сомонӣ (19.06.2020);

10) Бонки Осиёи Рушд, 1 928 000 + 50 000 000 = 51 928 000 $ (24.06.2020);

11) Бонки Исломии Рушд, 400 000 $ (07.07.2020).

Ҳамагӣ: 267 797 000 $ + 79 млн € + 57 млн сомонӣ

Ҳамчунин мамлакатҳои Русия 40 000 тест, Эрон дору ва маҳсулоти гигиенӣ, Қазоқистон чанд ҳазор тонна орд, Ӯзбекистон дору, маҳсулоти гигиенӣ ва беморхонаи саҳроӣ, Чин маводи хӯрока, маҳсулоти гигиенӣ-мудофиавӣ аз ҷумла ИВЛ, Ҳиндӯстон доруҳо барои бемории COVID-19 ёрдами башардӯстона карданд.

Боз аз Русия, Чин, Ӯзбекистон, Озорбойҷон ва 20 ташкилотҳои хориҷӣ 232 номгуийи муҳофизаткунанда, безараргардонӣ, техникаҳои лабораторӣ бо миқдори 7 483 220 сомонӣ расонида шуд.

Аз ин кӯмакҳо, ба вилояти Суғд 10 адад ИВЛ, ба вилояти Хатлон 20 адад ИВЛ, ба шаҳри Душанбе 10 адад ИВЛ тақсим карда шуд ва дар тақсими дигар намуди кӯмакҳои башардӯстона ба беадолати роҳ дода шуда буд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ, мардуми кишвар фикру андешаҳои худро гуфта буданд. Масалан, нобаробари ба минтақаҳо ва аз номи шахсони алоҳидаи наздик ба “оила“ тақсим намудани кӯмаки башардӯстона.

Аз маълумотҳои ғайрирасмӣ маълум шуда буд, ки ба вилояти Суғд корвони мошинҳои холиро бо шиорҳо ва байрақҳо таҷҳизонида дар роҳи Душанбе-Хуҷанд ахборотӣ карда буданд. Дар асл ба кормандони тиб чанд килограми пиёз ва дар бакалашкаи 5 литри 2 ё 3 литри равғани растаниро нишон дода, хандаи мардум гаштанд.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, зимни ҷаласаи МН МО моҳи июни соли 2020, хабар дод, ки барои пешгирию бартараф кардани паёмадҳои COVID-19, Хазинаи байналмилалии асъор ба Тоҷикистон наздик 2 млрд сомонӣ қарзи бефоиз дод (муодили 189,5 млн доллар). Вале вазир, дар давоми суханронии худ афзуд, ки қарз ба мӯҳлати 10 сол дода шуда, аз ин 5 соли имтиёзӣ мебошад. Ҳамчунин иброз дошт, ки ҳамкориҳо бо Бонки Осиёи рушд, Бонки умумиҷаҳонӣ, Фонди авруосиёии рушд ва дигар созмонҳо ва ташкилотҳои молиявӣ гуфтугӯ давом дорад.

Мӯҳтарам вазир! Шумо, танҳо одати талабидан ва гадойиро доред, лекин қудрати кӯмаки ночизеро ҳам надоред?

Инҷо саволе меояд, ки Шумо аз вазир то боло талбандагӣ ва гадойиро кай бас мекунед?

* * *

8) Вақте, ки мавҷи дуюми куруно бо номи “Делта“ дар ҷаҳон паҳн шуд, аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанд, бо нишонаҳои куруновируси “Делта“, 14 нафар дар беморхонаи сироятии вилоятӣ дар шаҳри Хуҷанд бистарӣ шуданд, аз нишонаҳои куруно сарвари садорати марказӣ санитарию эпидемиологии вилоят Абдумавлон Абдуллозода хабар дод. Вале вазири тандурустӣ ва иҷтимоӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, ба ҷои пешгирӣ намудани ин бемории фарогир, золимона Абдумавлон Абдуллозодаро аз вазифааш сабукдӯш намуд. Вале каме вақт нагузашта ҷавобашро аз ҷиянҳои президент гирифт, бо сабаби марги модарашон Қурбонбӣ Раҳмонова, ҷоғи вазири тандурустиро зада шикастанд. Сабаб: духтурон ва худи ӯ муолиҷаи бемории куруновирусро дуруст ба роҳ монда натавонистаанд.

Вазир ҳатто чанд рӯз аз кор ҳам пинҳон шуд, касе намедонист, ки ӯ дар куҷо муолиҷа гирифта истодааст. Дар дохил ва ё дар хориҷи кишвар.

Боз аз моҳи ноябри соли 2021 сар карда борҳо эълон намуданд, ки дар Тоҷикистон ягон нафар гирифтори бемории куруновирус ба қайд гирифта нашудааст. Гӯё дар Тоҷикистон куруно вуҷуд надошта бошад.

* * *

9) Оиди бемории COVID-19 ва дигар нуқтаҳо, ду давлати собиқ Шӯравиро инҷо муқоиса менамоям:

1) Аҳолӣ:

— Тоҷикистон, то 24.08. 2022 зиёда 10 000 000 нафар;

— Литва, то 24. 08. 2022 — 2 624 428 нафар.

2) Буҷа:

— Тоҷикистон, буҷаи солонаи соли 2022, наздик ба 2,920 млрд $ баробар аст (33 млрд сомонӣ);

— Литва, буҷаи соли 2022, 14,321 млрд евро (183,645 млрд сомонӣ).

3) Буҷа барои ҳифзи иҷтимоӣ:

— Тоҷикистон — 1,300 млрд $ (14,7 млрд сомонӣ);

— Литва — 4 млрд € (58,486 млрд сомонӣ);

4) Гирифторшавӣ бо куруновирус:

— Тоҷикистон то 24.08.2022 — 17 786 нафар;

— Литва то 24.08.2022, гирифторшавӣ 1,21 миллион нафар.

5) Марг аз куруновирус:

— Тоҷикистон то 24.08.2020 — 125 нафар;

— Литва то 24.08.2020 — 9254 нафар;

— дар ҷаҳон то 24.08.2022, гирифторшавӣ ба бемории куруно, 598 млн н. марг 6,46 млн нафар.

Литва ҳамагӣ 2 624 428 нафар аҳолӣ дорад. Инҷо чанд рӯзи гирифторшавии аҳолӣ ба бемории COVID-19-ро меорам:

26.01.22, 10301 нафар, фавт 16 н.

27.01.22, 11433 нафар, фавт 17 н.

28.01.22, 11766 нафар, фавт 14 н.

29.01.22, 12517 нафар, фавт 16 н.

30.01.22, 9708 нафар, фавт 16 н.

31.01.22, 5995 нафар, фавт 12 н.

01.02.22, 9172 нафар, фавт 26 н.

02.02.22, 12916 нафар, фавт 19 н.

03.02.22, 12607 нафар фавт 19 н.

05.02.22, 12968 нафар фавт 17 н.

Дар як рӯз — рӯзи 12-уми январи соли 2022 дар ИМА ба куруновирус 860 000 нафар гирифтор шуд ва марг ба 2756 нафар расид.

Дар ҳамин рӯз дар як худи шаҳри Тошканд, бо сабаби ин беморӣ 4888 нафар муроҷиат кардаанд.

Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам, эҳтимоли пайдоиши штамми нави куруновирус, дар кишварро истисно намедорад. Аммо мегӯяд, ки то ҳол, ҳолатҳои сироятёбӣ бо “омикрон“ ба қайд гирифта нашудааст.

Дар ниҳояти ҳол, бархе аз сокинони кишвар аз табларза, ҳарорати баланд, дарди гулӯ ва буғумҳо шикоят карданд.

Вақте, ки ҳамсоя кишварҳо ва ҷаҳонро вируси “омикрон“ фаро гирифтааст, чӣ хел мешавад, ки Тоҷикистон дар эмин аст?

* * *

10) Вале вақте, ки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумат аз беморӣ пинҳон намудани маълумотҳои воқеъии куруновирус, вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоиро сахт интиқод кард ва ба вазир Ҷамолиддин Абдуллозода хитоб намуда гуфт: мо киро фиреб дода истодаем? Мо худамонро фиреб медиҳем?

Пас аз суханронии тунди Э. Раҳмон, зуд, пас аз як рӯз, дафтари матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, рӯзи 21.01.2022, аз 23 ҳолати гирифторшавии куруновирус хабар дод. (Ин вазир бе иҷозати Эмомалӣ Раҳмон, гирифторшавӣ ба бемории куруноро ҳам эълон карда наметавонад?)

Аз 21 январ то шоми 8 феврали соли ҷори дар ҷумҳурӣ 286 нафар бемори ба қайд гирифта шуд.

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s