Дидгоҳ

Яке аз сабабҳои асосии аз кор рафтани мутахассисони тиб, дар ночиз будани моҳона аст

“Яке аз сабабҳои асосии аз кор рафтани мутахассисони тиб, дар ночиз будани моҳона аст… (Пешниҳод мешавад) пеш аз ҳама ба моҳонаи арзанда, ҷои зист таъмин намудани кормандони тиб ва имтиёзҳо муайян карда шавад… Масъулони маориф ва Ҷамолиддин Абдуллозода огоҳонида шавад, то ки минбаъд, ба ҷои маршировка, порагирӣ ва порахӯрӣ, оид ба беҳдошти ҳифзи тандурустӣ ва иҷтимоӣ даст ба кор гиранд…”

(Чанд пешниҳоде ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон (8))

Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони “Муаммои рӯз” (67)

16) То давраи истиқлолият дар муассисаҳои тиббӣ 65 000 нафар табибон ва кормандон кору фаолият мекарданд. Дар давраи истиқлолият, донишгоҳ ва коллеҷҳои тиббиро 189 000 нафар донишҷӯён хатм намуданд. Вале дар соли 2021 дар муассисаҳои тиббӣ 78 800 нафар табибон ва кормандони тиб кору фаолият доштанд. Аз 78 800 нафар дар 6 моҳи соли 2022 аз рӯи гуфти вазир, 674 нафар табиб корро тарк намуда, ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд. (Оид ба ҳамшираҳои шафқат омор наомадааст).

Саволе ба вуҷуд меояд, ки агар то давраи истиқлолият 65 000 нафар табибон кору фаолият дошта бошанд, боз дар тӯли 31 сол 189 000 мутахассиси тибб тайёр карда шуда бошад. Ҷамъулҷамъ 154 000 нафар мешавад. Аз ин шумора, фарз кардем 2000 нафар ба нафақа ва ё фавтиданд. Бақия 152 000 нафар мемонанд, ки аз он 87 126 нафар фаолият дошта табибонро ҳам тарҳ кунем 64 894 нафар мемонанд.

Ин теъдоди бузурги мутахассисон куҷо шуданд? Яъне, ҳамаи ин табибон ва ҳамшираҳои шафқат роҳи муҳоҷиратро гирифтанд?

Охирҳои соли 2021 Раёсати тандурустии вилояти Хатлон хабар дод, ки дар солҳои 2020-2021 аз муассисаҳои соҳаи тандурустии вилояти Хатлон 83 пизишк бо далели мушкилоти иқтисодӣ, надоштани манзили зист ва санҷиши зиёду беасоси сохторҳои давлатӣ, тарки соҳа карда, ба муҳоҷирати меҳнати рафтанд. Аз яке аз ноҳияҳои ин вилоят, ноҳияи Қубодиён 51 нафар кормандони тибб корро тарк карданд. Аз ҷумла: 23 нафари онҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд. Аз инҷо маълум мешавад, ки омори Раёсати вилояти дурӯғ аст. Чунки аз як ноҳия 51 нафар кормандони тиб аз кор рафтаанд. Дар омори вилояти ҳамагӣ 83 нафар омадааст.

Маълумоти рӯзи 20.07.2022, дар шабакаҳои иҷтимоӣ (интернетӣ) нашр шуда омадааст, ки дар вилояти Хатлон, феълан 1157 нафар кормандони тибб намерасанд. Сардори Раёсати тандурустӣ дар вилояти Хатлон Шайдулло Шарифзода хабар медиҳад, ки ҳоло дар вилояти Хатлон мутахассисони асабшинос, асабшиносони кӯдакона, мутахассиси табобаткунандагони беморони сӯхта ва ревматолог намерасад. Ҳоло дар як вилояти зиёда 30 воҳиди маъмурӣ дошта, як нафар табиби бемории сухта кору фаолият дорад.

Магар ин “фоҷеа“ нест?

Бо такя ба гуфтаҳои сартабиби беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳринав аввалҳои моҳи декабри соли 2021, 13 нафар табибони беморхона барои кор ба Русия кӯч бастанд. Дар баробари табибон, 32 нафар кормандони хурду миёна ҳам тарки кор карда, аз ҷумла даҳ нафари онҳо бо аҳли хонавода ба Русия сафар карданд. Ба иттилои як манба аз моҳи январ то сентябри соли 2021, 7 нафар табибони болаёқат, аз ҷумлаи ҷарроҳон, урологҳо, табибони оилавӣ ва дандонпизишкон ба Русия сафари корӣ кардаанд.

Ҳамчунин, Раёсати тандурустии вилояти Суғд ҳам гузориш дода буд, ки дар як соли 2021 40 нафар пизишкон аз қаламрави вилоят ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд.

Ин дар ҳолест, ки ба қавли собиқ муовини сардори бахши тандурустӣ Маъруфҷон Ҳоҷибоев, табибони оилавӣ, анестизиолог, ревматолог, мутахассисони бемориҳои сироятӣ ва ташхисӣ радиатсионӣ, равоншиносон ва наркологҳо намерасанд.

Шумораи онҳо хеле зиёд буда, ҳудуди 80% табибони варзида ва мутахассисон, кишварро тарк кардаанд.

Дар вилоят бобаробари табибон, кормандони соҳаи маориф ҳам касбӣ омӯзгориро тарк карда истодаанд. Аз рӯи гуфти, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода, давоми соли 2021, ҳудуди 2400 омӯзгорони мактаби таҳсилоти умумӣ аз вилоят тарки кишвар карданд, ки ин раванд дар ҳоли афзоиш аст.

Чаро кишварро кормандони маориф ва тандурустӣ тарк карда истодаанд? Кӣ ҷавоб медиҳад?

Аммо, аз рафтани табибони варзидаву мутахассис, ки ба миллат зарар меорад, он ҷуброннопазир аст, ки мо дар боло чанд ҳодисаи мудҳишро иншо намуда будем.

Вазири Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, Ҷамолиддин Абдуллозода дар нишасти матбуотии навбати хабар дод, ки дар 6 моҳи аввали соли 2022, 674 табиб, 1350 ҳамшираи шафқат аз бахши тандурустии Тоҷикистон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд. (Шумораи табибони аз кор рафтаистода сол аз сол афзуда истодааст).

Дар ин муддат, танҳо аз як худи вилояти Хатлон 272 нафар кормандони тиб аз кор рафтанд.

Ба гуфтаи ӯ, сабаби рафтани онҳо, барномаҳои имтиёзнок барои кормандони соҳаи тиб мебошад, ки кишварҳои мизбон пешниҳод мекунанд.

Ӯ гуфт, ки дар ҳамаҷо пизишкон намерасанд, аз ин рӯ Тоҷикистон барномаҳои вижа таҳия ва барои ҷалби мутахассисон аз кишварҳои дигар имтиёзҳо эҷод карда истодааст.

Мӯҳтарам вазир! “Ин афасонаро ба намоишномаи “хоби ширин”-и бачагона бигӯед…”

Вай ҳамчунин гуфт, дар маҷмӯъ дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 2960 табиб ва 1340 нафар ҳамшираи шафқат намерасанд.

Имсол, бояд 2000 нафар хатмкунандагони Донишгоҳи тиббӣ ба кор шурӯъ кунанд.

Дар хусуси нарасидани ҳамшираҳои шафқат бошад имсол қариб 3000 нафар хатмкунандагон дипломи ҳамшираи тиббӣ мегиранд.

Вазири мӯҳтарам! Имсол 2000 нафар хатмкунанда не, 1847 нафар мутахассисӣ соҳаи тандурустӣ тайёр шуданд, ки аз ҷумла, 1518 нафар хатмкунандагони шаҳрвандони Тоҷикистон ва 356 нафари онҳо аз 9 давлати хориҷӣ мебошанд.

Аз 1518 нафар, 380 нафар буҷавӣ, 254 нафар бо тариқи квотаи президентӣ (дар як донишгоҳ 254 нафар квотаи…) ва 884 нафар тариқи шартномавӣ таҳсил намудаанд.

Шумо метавонед ҳамагӣ 634 нафарро ба кор ҷалб намоед.

Шаҳрвандони хориҷӣ ба кишвари худ мераванд.

Хатмкунандагони бо тариқи шартномавӣ онҳо озод ҳастанд…

Мумкин чунин мисол — дурӯғҳо боз даҳҳои дигар бошад.

Яке аз сабабҳои асосии аз кор рафтани мутахассисони тибро дар ночиз будани моҳона мебинам, ки инро барои муқоиса, дар ҷадвал меорам.

Ҷадвали N1

Номи давлатҳоМоҳонаи миёнаи табибонМоҳонаи миёнаи ҳамшираҳои шафқат
1Эстония2578 €2098 €
2Литва2500 €1350 €
3Латвия1862 €1117 €
4Русия1525 $770,7 $
5Молдова1231 $380 $
6Ӯзбекистон1117 $906 $
7Озарбойҷон1110 $580 $
8Белорус799 $551 $
9Қазоқистон721 $327 $
10Туркманистон711 $412 $
11Армения597 $320 $
12Украина538 $363 $
13Грузия524 $426 $
14Қирғизистон235 $185 $
15Тоҷикистон180 $152 $

Хонандаи азиз! Аввал фарқи моҳонаи табибони моро бо табибони дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ муқоиса намоед. Сониян, бо ин миқдори моҳона ва нархи маҳсулоти хӯрокворӣ, дар бозори имрӯза, зиндагӣ ба сар бурда метавонанд ё на?

Дар натиҷа ягона роҳ — роҳи муҳоҷират аст.

Барои ислоҳи ин камбудиҳо, чи бояд кард? То ки чунин камбудиҳо камтар ва соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ беҳтар шавад:

а) пеш аз ҳама ба моҳонаи арзанда, ҷои зист таъмин намудани кормандони тиб ва имтиёзҳо муайян карда шавад;

б) аз камбудиҳои ҷойдошта, доимӣ ба Вазорати тандурустӣ расонда шавад ва дар вақти вохӯриҳои матбуоти аз вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ талаб карда шавад, ки камбудиҳои ҷойдоштаро сари вақт ислоҳ намоянд;

г) аз лиҳози он ки, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, бемории куруновирусро рӯйпӯш кард, мутахассисони соҳа ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, оиди гирифторшавии ин бемории аср хабар доданд, нодида гирифт ва масъулони Вазорати маориф ва илм донишҷӯёнро ба ҷои дарс чанд моҳ ба маршировкаю рақсу сурудхонӣ ба ҷои таълиму тарбия банд карданд, ки ин сабабгори фарогирии бемории куруновирус шуд.

Масъулони маориф ва Ҷамолиддин Абдуллозода огоҳонида шавад, то ки минбаъд, ба ҷои маршировка, порагирӣ ва порахӯрӣ, оид ба беҳдошти ҳифзи тандурустӣ ва иҷтимоӣ даст ба кор гиранд.

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s