“Барои беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ, соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод мекунам, ки: дар соҳаҳои илму маориф ва тандурустию ҳифзи иҷтимоӣ фасод ва зерпояҳои он решакан карда шавад. Кулли кормандони соҳаҳои буҷавӣ бо моҳонаи арзанда таъмин шаванд. Ҳар сол аз якуми январ аз ҳисоби андози ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷаи ба ҳифзи иҷтимоӣ ҷудо шуда, нафақаи нафақахӯрон индексатсия карда шавад. Оилаҳое, ки то се фарзанд доранд, ба ҳар як фарзанд 300 сомонӣ, оилаҳое, ки 4 фарзанд доранд 400 сомонӣ, оилаҳое, ки панҷ фарзанд ва зиёда аз он доранд 500 сомонӣ кӯмакпулӣ пардохт карда шавад. Занҳои ҳомиладори хонашин то таваллуд ва пас аз таваллуд, шахсе, ки ба тарбияи кӯдаки то 8-сола ва тарбияи се ё аз се зиёда кӯдакони то 18-сола машғул аст, давраи тарбияи кӯдакону наврасон стажи корӣ ҳисобида шуда ва ҳам дар тӯли ҳомиладории занҳои хонашин ва тарбияи онҳо кӯмакпулӣ дода шавад…”

(Чанд пешниҳоде ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон (14))
Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони “Муаммои рӯз” (73)
25) Чанд нуқтае, аз суханронии раисҷумҳурии Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев, иқтибос меорам:
11 январи соли 2022 президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев дар парлумон бо нақшаи ислоҳот суханронӣ кард, ки аз ҷумла, тақсим намудани даромади соҳибкорони калоне, ки аз ҳисоби давлат бой шудаанд, ба фоидаи ҷомеа пешбинӣ намуд.
Ӯ чунин гуфт: “Ба шарофати президенти нахустин Нурсултон Назарбоев — Элбасӣ, дар кишвар як гурӯҳи ширкатҳои хеле даромаднок ва як табақаи сарватмандон пайдо шуданд, ки ҳатто аз рӯи меъёрҳои байналмиллалӣ дороӣ доранд. Вақти он расидааст, ки ба халқи Қазоқистон, ба таври мунтазам кӯмак кунанд.“
Вай афзуд: “Ҳамаи миллиардерҳо ва мултимиллиардерҳо дар давраи раисҷумҳурии Нурсултон Назарбоев, ки аз замони Шӯравӣ то соли 2019 дар қудрати беандоза буд ва то ҳол унвони Элбасӣ — пешвои миллатро ҳифз кардааст, дар Қазоқистон пайдо шудаанд. Тиҷорат — карйераи бархе аз сарватмандтарин афроди кишвар мустақиман ба номи собиқ раҳбари давлат марбут аст.“
Тоқаев ҳамчунин қайд кард, ки “гурӯҳҳои олигархии молиявӣ баҳрабардории асосӣ рушди иқтисодӣ“, ки рушди бозори озодро маҳдуд ва рақобатпазирии кишварро коҳиш доданд. Ӯ гуфт, ки бахши истихроҷи маъдан ва нафту газ, ки фоидаи хеле калон ба даст меорад, як қисми фоида ба давлат дода шавад. Ин соҳа чунон, ки ҳамагон медонанд, дар дасти хешовандон, ҳамкорон ва наздикони Назарбоев қарор доранд.
Токаев гуфт, ки додситонӣ, Вазорати молия ва дигар ниҳодҳои давлатӣ бояд дар гумрук, ба хусус дар сарҳад бо Чин, ки ба қавли ӯ, “воқеъан бесарусомонӣ идома дорад“ корҳоро ба тартиб дароранд. Ба эътиқоди аксарият, дар ин гузаргоҳ, гардиши коло аз Чин, таҳти назорати атрофиёни Назарбоев аст.
* * *
26) Пардохти андози ҳифзи иҷтимоӣ набояд барои ҳамаи шаҳрвандони соҳаҳои хидматӣ баробар бошад. Балки ба миқдори моҳона нигоҳ карда андози иҷтимоӣ пардохт карда шавад. Яъне шахсоне, ки то 1500 сомонӣ моҳона мегиранд 18%, шахсоне, ки аз 1500 то 2000 сомонӣ моҳона мегиранд 20%, шахсоне, ки аз 2000 зиёд моҳона мегиранд 25% андози иҷтимоӣ пардохт намоянд.
Хонандаи гиромӣ! Инҷо суханронии масъули ҳифзи иҷтимоии вилояти Хатлон Худойдод Бобовро меорам. Ӯ мегӯяд: “Дар вилояти Хатлон 333 нафар нафақахӯрон, ки бояд мемурданду нақшаи соли гузаштаро иҷро мекарданд, намурданд…” Дар давоми суханронии худ ӯ мегӯяд, ки шумораи нафақахӯрон хеле афзуданд.
О, Худойдод Бобов! Аввал Шумо шумораи нафақахӯрони Тоҷикистонро, аз рӯи хости худатон бо кадоме, аз ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ бо шумораи аҳолиашон муқоиса намоед, ки Тоҷикистон дар кадом сатҳ аст. Ин дар навбати аввал.
Дар навбати дуюм, бо кадам ақл, бо кадом рӯ чунин суханро гуфтед?
Магар беруӣ, беақлӣ ва бефаросатӣ аз ин зиёд мешавад?
Ҷадвали 4: Оид ба аҳолӣ ва шумораи нафақахӯрони давлатҳои собиқ ИҶШС (01. 10. 2022)
№ | Давлатҳо | Аҳолӣ | Шумораи нафақахӯр |
1 | Литва | 2 619 916 | 886 000 |
2 | Латвия | 1 835 447 | 440 672 |
3 | Эстония | 1 315 370 | 305 000 |
4 | Русия | 146 068067 | 42 000 000 |
5 | Украина | 43 425 488 | 11 130 954 |
6 | Ӯзбекистон | 35 600 000 | 3 824 000 |
7 | Қазоқистон | 19 470 785 | 2 247 000 |
8 | Озорбойҷон | 10 483 753 | 1 214 000 |
9 | Тоҷикистон | 10 023 095 | 749 817 |
10 | Белорус | 9 452 936 | 1 475 943 |
11 | Қирғизистон | 6 771 370 | 714 589 |
12 | Туркманистон | 6 198 849 | 524 300 |
13 | Молдова | 4 030 042 | 680 400 |
14 | Арманистон | 3 990 140 | 460 000 |
15 | Гурҷистон | 3 886 143 | 958 300 |
Хонандаи азиз! Инҷо шумораи нафақахӯронро нисбат ба аҳолии ҳар як давлати нишон додашуда муқоиса намоед ва фикру андешаҳои худро бикоред.
Аз рӯи рақамҳои нишон додашуда маълум гашт, ки нисбати аҳолӣ шумораи нафақахӯрон дар Тоҷикистон камтарин, дар байни собиқ кишварҳои Шӯравӣ аст. (Сабаб дар аввалҳои истиқлолият, саросемавор синну соли нафақаро баланд бардоштанд, ҳатто боз мехоҳанд, ба монанди кишварҳои европоиҳо синни соли ба нафақа бароиро баланд бардоранд, яъне мардҳоро то 65 солагӣ ва занҳоро то синни 60 солагӣ. Вале онҳо бехабаранд, ки шароити ҳифзи иҷтимоӣ ва дарозумрӣ дар Европа чӣ қадар баланд аст.)
Мисол кишвари Литва, то 02.10. 2022, — 2 619 916 аҳолӣ дорад, вале шумораи нафақахӯрон — 886 000 нафар.
Аҳолии Тоҷикистон, то 02.10. 2022, — 10 023 095 нафар, вале шумораи нафақахӯрон, дар Тоҷикистон ҳамагӣ 749 800 нафар аст, худ муқоиса кунед…?
Ё ки дар Русия мардум нагузошт, ки синну соли нафақаро ба боло бардоранд. Занҳо дар синни 55 солагӣ ва мардҳо дар синни 60 солагӣ ба нафақа мебароянд.
Вале пас аз 30 соли истиқлолият, тағйирот шуда истодааст.
Дар интиҳо андешаи кӯтоҳи худро инҷо меорам.
Вақте, ки истиқлолият муфт ба даст омад, мардум ба роҳбарияти ҷумҳурии вақти умед, садоқат, эътимод, самимият дошт. Вале масъулини баландпоя, ба ҷои он ки ба мардум ҷои кор диҳад, истеҳсолоти саноатӣ ва кишоварзиро ба роҳ монад, шароити иқтисодӣ — иҷтимоии аҳолиро баланд бардорад, муҳимтарин арзиши инсонӣ, озодии миллатро фароҳам орад…
Афсӯс, ки Шумо масъулин, садоқат, эътимоди мардумро аз даст додед!
Чаро?
Мардум ҷои кор ва зиндагии арзандаашро аз даст дод, озодӣ ва ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ беандоза поймол шуд, моликияташро ғорат кардед, соҳибкориашро тангтар намудед, дар андозбандӣ ба иштибоҳ роҳ дода шуд, мардуми баъзе минтақаҳо зери зулм қарор гирифт ва муфтхӯрон дар ин минтақаҳо зиёд ва боз ҳам зиёдтар шуда истодааст.
Ба болои ҳамаи ин тангиҳо, ҷанги Русияю Украина ва эълон намудани мобилизатсия дар Руссия, муҳоҷирони меҳнатии мо ба шароити зиндагии сарбаста дучор шуд, ки ҳеҷ нафаре аз масъулин ба доди онҳо нарасид ва расиданиҳам нест?!
Билетҳои ҳавопаймоҳо, ба монанди ҳавопаймо ба осмон парвоз кард. Ҳоло 100 000 рубли русӣ аст ва ё 130 000 аст…Бисёри муҳоҷирон роҳи замини ба Қазоқистон раҳсипоранд, ки оқибати ин муҳоҷирон номаълум аст.
Халоси аз ин мушкилотҳои фасодзадатарини дар боло оварда шуда чанд роҳ дорад. Ба миллат озодӣ, ҷои кор, моҳона ва нафақаи арзанда дода шавад. Вале буҷаи имрӯзаи ҷумҳурӣ кифоят кунанда не!
Аз ин лиҳоз дар интиҳо, барои беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ, соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ якчанд хулосаи пешниҳодҳоро меорам:
— дар соҳаҳои илму маориф ва тандурустию ҳифзи иҷтимоӣ фасод ва зерпояҳои он решакан карда шавад;
— таъмин намудани кулли кормандони соҳаҳои буҷавӣ бо моҳонаи арзанда;
— пеш аз ҳама бояд, нафақаи камтарин, на кам аз 500 сомонӣ муайян карда шавад;
— ҳар сол аз якуми январ аз ҳисоби андози ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷаи ба ҳифзи иҷтимоӣ ҷудо шуда, нафақаи нафақахӯрон индексатсия карда шавад;
— оилаҳое, ки то се фарзанд доранд, ба ҳар як фарзанд 300 сомонӣ, оилаҳое, ки 4 фарзанд доранд 400 сомонӣ, оилаҳое, ки панҷ фарзанд ва зиёда аз он доранд 500 сомонӣ кӯмакпулӣ пардохт карда шавад;
— занҳои ҳомиладори хонашин то таваллуд ва пас аз таваллуд, шахсе, ки ба тарбияи кудаки то 8- сола ва тарбияи се ё аз се зиёда кӯдакони то 18 — сола машғул аст, давраи тарбияи кӯдакону наврасон стажи корӣ ҳисобида шуда ва ҳам дар тӯли ҳомиладории занҳои хонашин ва тарбияи онҳо кӯмакпулӣ дода шавад;
— барои занҳои хонашин, нафақахӯрон, хонандагони таҳсилоти умумӣ, донишҷӯён, аз ҳисоби давлат, суғуртаи ҳатмии тиббӣ таъмин карда шавад;
— нуктаҳое, ки дар боло зикр карда шуд, аз ҳисоби фонди захиравии президент, даромади роҳи автомобилгарди Душанбе — Худжанд — Чаноқ ва ширкатхое, ки аз боҷи гумрукӣ ва андоз озод карда шударо, бекор намуда аз ҳисоби даромади роҳи зикршуда, боҷи гумрукӣ ва андози онҳо, ки миллиардҳо сомонӣ мешавад, пардохт карда шавад;
— кормандони маориф ва тандурустӣ бо хона ва ё барои сохтмони хона бо қитъаи замин таъмин карда шавад;
— ҳар сол, Ҳукумати ҷумҳурӣ, аз ҳисоби даромади андоз, боҷи гумрукӣ ( ба ҷуз андози ҳифзи иҷтимоӣ ) ва даромад аз истеҳсолоти соҳаҳои хоҷагии халқ ба фонди ҳифзи иҷтимоӣ маблағи ҷудо шударо эълон намояд;
— ҳиссаи буҷаи имрӯзаи ба фонди ҳифзи иҷтимоӣ ҷудо шуда, нокифоя аст! Аз ин лиҳоз, боздид шавад.
Хонандаи азиз! Оид ба ин масъалаҳои дардноки ҷомеа пешниходе дошта бошед, метавонед, пешниҳоди худро илова намоед.