“Дар солҳои охир боз як муаммои дигар пайдо шудааст ва он, норасоии асъори хориҷӣ аст… Асъори хориҷие, ки муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия, Европа ва дигар кишварҳо ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд, пас аз иваз ба сомонӣ, тавассути ширкати IRS ва дигар ширкатҳои наздик ба оила ҷамъоварӣ ва ба офшорҳои хориҷӣ интиқол дода мешавад. Дар 15 октябри соли ҷорӣ (2022), ниҳодҳои Қирғизистон 2 миллиону 750 ҳазор доллари амрикоиро дар нақлиёти як шаҳрванди Қирғизистон боздошт ва мусодира намуданд, ки дар рафти тафтишот маълум шуд, ба шаҳрванди Тоҷикистон, Зоир Соҳибов тааллуқ дошта ва аз Тоҷикистон ба Қирғизистон интиқол мешудааст…”
(Дар Тоҷикистони имрӯз кишти пахта бартарӣ дорад ё ғалладонагӣ? (6))
Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони “Муаммои рӯз” (79)
Дар солҳои охир боз як муаммои дигар пайдо шуд, ки он, норасоии асъори хориҷӣ аст. Соҳибкорон барои харидорӣ намудани ғалла аз хориҷи кишвар, асъори хориҷиро дастрас карда наметавонанд. Бо ҳисоби миёна, барои таъмин намудани аҳолии кишвар бо ғалла соле 470 000 — 480 000 доллар зарур аст. Вақте, ки аҳолиро бо ғаллаи дохилӣ таъмин мекунем, 470 000 — 480 000 доллар дар дохили кишвар мемонад. Барои таъмин намудани соҳибкорон бо асъори хориҷӣ, се роҳ вуҷуд дорад:
1) Якум, баргардондани асъори хориҷии воридшуда аз хориҷи кишвар ба соҳибони аслии он, яъне, ба муҳоҷирони меҳнатӣ;
2) Дуюм, давлатӣ гардонидани роҳи Душанбе — Хуҷанд- Чаноқ;
3) Сеюм, ширкатҳое, ки аз боҷи гумрукӣ ва андоз озод карда шудааст, бекор кардани қонуни онҳо.
Сабаби асосии камчин шудани (касри) асъори хориҷӣ ана ҳамин се роҳ аст. Чаро?
Асъори хориҷие, ки муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия, Европа ва дигар кишварҳо ба ҷумҳурӣ интиқол медиҳанд, ҳамаи он асъори ба кишвар воридшуда бо пули сомонии ширкати хориҷии IRS ҷамъоварӣ карда шуда ва дигар ширкатҳои наздик ба оила иваз шуда ба офшорҳои хориҷӣ интиқол дода мешавад.
Як аз мисоли равшан “рӯзи 15 октябри соли ҷорӣ (2022), масъулини сохторҳои қудратии ҷумҳурии Қирғизистон, дар қишлоқҳои сарҳадии Чилгазӣ (Тоҷикистон) ва Қаробек дар қаларави Қирғизистон, 2 миллиону 750 ҳазор доллари амрикоиро дар нақлиёти шаҳрванди Қирғизистон боздошт ва мусодира намуданд. Ва дар рафти тафтишот маълум гашт, ки пули боздоштшуда ба шаҳрванди Тоҷикистон, Зоир Соҳибов тааллуқ дошта, аз Тоҷикистон ба Қирғизистон интиқол додааст.“
Чунин рӯйдодҳо дар тӯли 4 — 5 соли охир, хеле зиёд шуда ва хабараш дар шабакаҳои иҷтимоӣ давр мезанад, ки ҳама аз як нуқта сар мезанад.
Мумкин вазъи нооромии сарҳади Исфара ва Бодканд ҳам, ба тиҷорати ин бародарҳо вобастагӣ дошта бошад?
Дар рӯзҳои охир, дар маҳалҳои зикршуда хатари нооромӣ афзуда истодааст. Чаро?
Хонандаи азиз! Худ андеша ва таҳлили худро бикоред!
* * *
Дар тӯли 30 — 31 сол Ҳукумати ҷумҳурӣ натавонистааст, ки як барномаи кишоварзии кӯтоҳмуддат ва дарозмуддатро омода созад ва аз рӯи он заминҳои дар ихтиёрдоштаи худро дар назардошти талаботи имрӯзаи аҳолӣ барномаи озуқаворӣ ва кишоварзиро тартиб диҳад. То ки имрӯз аҳолиро бо озуқавории экологии худ таъмин намояд.
Дар ду се соли охир ва махсусан дар 8 — 9 моҳи соли ҷорӣ масъулин камбудии худро дарк карданд, вале дер шуд.
Вақте, ки оиди масъалаҳои озуқаворӣ ва ё кишоварзӣ муаммое пайдо мешавад, раисиҷумҳур фавран аъзоҳои ҳукуматро даъват менамояд ва масъалагузорӣ менамояд, ки чаро ба ин ҳолати вазнин дучор шудем. Бояд чунину чунон мекардед.
Не, раисиҷумҳур!
Бояд барномаи кишоварзӣ дар рӯи мизи вазири кишоварзӣ ва масъулини ҳукуматҳои марказӣ, вилоятиву ноҳиявӣ бошад. Дар сурати иҷро накардани вазифаи худ, бояд ҷазо дода ва ҳатто аз вазифа сабукдӯш карда шавад.
Чӣ хеле, ки дар вақташ аз вазири кишоварзӣ Қосим Қосимовро бо сабаби изофанависии ҷамъоварии картошка ба истеъфо фиристонда шуда буд.
Банда оиди аз ҳисоби заминҳои кишти пахта барои зиёд намудани кишти зироатҳои ғалладонагӣ, маводи аввалияи кишоварзӣ ва пас аз ҷамъоварии ҳосили зироатҳои гандум ва ҷав кишти дубораи ҷуворимакка, ҷаварӣ, шолӣ, лубиёгиҳо, офтобпараст, картошка, сабзи, пиёз, лаблабу, турб, шалғам ва ҳоказо дар мусоҳибаҳоям дар телевизиони вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд), рӯзномаҳои “Ҳақиқати Ленинобод“, “Наҷот“, дар барномаҳои пешазинтихоботии МН МО ва ба вакили Маҷлиси вакилони шаҳрӣ, вилоятии солҳои 1995, 2000, 2002, 2005, 2010 иброз дошта будам, ки дар ноҳияҳои Мастчоҳ, Ашт, Зафаробод аз ҳисоби заминҳои кишти пахта, кишти зироатҳои ғалладонагиро то он дараҷае зиёд карда шавад, ки аҳолии вилоятро бо ғалла, чорводориро бо ему хошок ва паррандапарвариро бо дони арзон таъмин намуда, аҳолиро бо орд ва маҳсулоти ширию гӯштӣ, тухм ва гӯшти паррандапарварӣ таъмин карда шавад.
Магар ин кор мураккаб ва иҷронашаванда аст? На! Танҳо хоҳиш ва ба дарди миллат расидагӣ намоед кофӣ аст.
Ҳатто ба ҷаласаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, ба номи мӯҳтарам Қаҳҳор Маҳкамов (Худованди Бузург гариқу раҳмат, шоистаи ҷаннат карда бошад!) оиди зиёд намудани нақшаи кишти заминҳои ғалладонагӣ барқия ҳам фиристонда будам, ки барқия дар рӯзномаи “Ҳақиқати Ленинобод“ нашр шуда буд. Чаро?
Чун муаммои зироатҳои ғалладонагӣ, аз он рӯзе, ки истиқлолиятро ба даст овардем, вуҷуд дошт ва то ҳол ҳалли худро наёфтааст. Камбудии асосӣ дар он аст, ки масъулин ба дарди ҷомеъа ва миллат расидагӣ карда натавонист.
Вақте, ки кишти зироатҳои ғалладонагӣ зиёд карда мешавад, на танҳо аҳолиро бо маводи хӯрока таъмин мекунем, балки барои нигоҳ доштани чорво ва паррандапарварӣ ҳам шароити қулай фароҳам оварда мешавад.
Вақте расидааст, ки ҳукумат бояд на танҳо барои кишти пахта ҳама қувваи худро сарф намояд, балки қувваи асосии худро барои кишти ғалладонагиҳо ва маводди аввалияи зироатҳои кишоварзӣ сафарбар намояд. Яъне дар ҷои аввал на кишти пахта, балки кишти ғалладонагӣ ва маводди аввалияи зироатҳои кишоварзӣ бошад.
Инҷо шеъри Муҳаммадиқболи Лоҳуриро такроран меорам:
Худо он миллатеро сарварӣ дод,
Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.
Ба он миллате сару коре надорад,
Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.
Ҳатман кишти ғалладонагӣ зиёд карда шавад. Чаро?
Чун ҳар сол тахминан аҳолии кишвар 200 — 220 000 нафар афзуда истодааст. Бо баробари афзоиши аҳолӣ, талабот ба маҳсулоти озуқаворӣ рӯз аз рӯз бо суръат боло меравад. Кишти ғалла ҳам парвариш, додани пору ва сари вақт расондани обро талаб мекунад.
Дар Тоҷикистон дар бисёри хоҷагиҳо ба кишти ғалладонагӣ аҳамияти дуруст дода намешавад. Ба кишти ғалладонагиҳо сари вақт пору ва об расонда намешавад. Вале, вақте, ки ҳосили дилхоҳ рӯёнида намешавад, пас баҳона мекунанд, ки ғалла ҳосили кам медиҳад.
На! барои ҳосили дилхоҳ, бояд навъҳои тухмии серҳосилро дастрас намуда истифода ва кор кард мешуд.
Идома дорад