Ахбори Анҷуман

ВАЗИРИ АДЛИЯ ДАР СММ: ҲИЧ ГОҲ ПОМИРИҲОРО НАМЕПАЗИРЕМ

20 май дар вақти муҳокимаи вазъи ақалиятҳо дар дафтари СММ, Маҳмуд Мирзоён, вазири адлияи Тоҷикистон изҳор дошт, ки онҳо ақалияти миллиеро бо номи “помирӣ” намешиносанд. Ба қавли ӯ, ҳамаи тадқиқоти илмӣ бар он далолат мекунанд, ки сокинони Бадахшон худро ақалият намеҳисобанд.

“Чунки онҳо тоҷикони асил ҳастанд,” таъкид кард ӯ

Дар ин иҷлосия СММ вазъи помириҳо мавзӯъи асл шуд ва нозирони ҳуқуқи инсон аз ҳукумати Тоҷикистон дар бораи воқеаҳои охири солҳои 2021 ва кушторҳои Вамар тавзеҳ хостанд.

Хонум Ал Маснад пурсид, чаро намояндагони Тоҷикистон чизе дар бораи вазъи помириҳо нагуфтанд? Барои ҳимояти помириҳо аз табъизи миллӣ ҳукумат чӣ тадобир андешидааст?

“Дар гузоришҳои мо ҳич гоҳе Шумо масъалаеро бо номи “помириҳо, ҳамчу ақалияти миллӣ” нахоҳед дид. Онҳо тоҷиконе ҳастанд, ки дар яке аз манотиқи Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, ” посух дод Вазири адлияи Тоҷикистон Маҳмуд Мирзиёев

Бо ин вазир сиёсати саркубгаронаи ҳукуматро алайҳи помириҳо исбот кард. Дигар ҷои баҳс намонд, ки ҳукумат талош мекунад, помирӣ намонад. Ин дар ҳолест, ки аксари мардуми Бадахшон худро помирӣ меҳисобанд ва бо ин ном онҳоро дар Тоҷикистон мешиносанд.

Ба ин чиз тадқиқоти зиёде ва гузоришҳои созмонҳои байналмиллалӣ далолат мекунад. Аз ҳама далели қавӣ дар баробари идаъои ҳукумат ин буд ки: кулли коршиносони СММ дар гуфтори худ дар бораи помириҳо, чун дар бораи миллати алоҳида сӯҳбат мекарданд.

Онҳо дар қиёс бо намояндагони ҳукумати Тоҷикистон сухан санҷида мегӯянд ва бидуни таҳқиқи амиқ даҳан боз намекунанд.

Rustami Joni

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s