Ҳуқуқи башар

Номаи роҳбари Анҷумани муҳоҷирини Осиёи Марказӣ ба созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар

Илҳомҷон Ёқубов, роҳбари Анҷумани муҳоҷирини Осиёи Марказӣ, бо интишори баёнияе ва зикри номи рӯзноманигорон, блогерҳо, сиёсатмадорон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар феҳристи БМТ ба унвони “афроди алоқаманд ба терроризм” гунҷонида шудаанд, аз институт ва созмонҳои вобаста ба ҳуқуқи инсон дархост намудааст, то аз мақомоти расмии Тоҷикистон талаб кунанд, ки номи ин фаъолон бидуни таъхир аз ин феҳрист пок карда шавад.

Лозим ба зикр аст, ки пеш аз ин, Анҷумани Озодандешони Тоҷик низ бо ирсоли номае ба FATF, дархости мушобеҳеро намуда буд.

Матни номаи Илҳомҷон Ёқубов ба шарҳи зерин аст:

* * *

Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, ки маскун дар Аврупост, бо камоли эҳтиром ба тамоми институтҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон, Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, созмони Иттиҳоди Аврупо муроҷита мекунад.

Мо бо ин муроҷиъати худ мехоҳем таваҷҷӯҳи оммаро ба руйхати нафарони шомили терроризм, ки аз ҷониби Бонки Милли Тоҷикистон тартиб дода шудааст, ҷалб намоем.

Ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ маълум аст, ки Тоҷикистон самти сиёсати худро бо истифодаи роҳҳои ғайримашрӯъ алайҳи шаҳрвандони худаш танзим мекунад, аз ҷумла: аксари вақт кашидан ба ҷавобгарии ҷиноӣ ва маҳкум кардан ба ҳабси тӯлонӣ дар асоси иттиҳомоти бофтаи айбдоркунӣ бар терроризм ва экстремизм, табъиди шаҳрвандони худ, ғасби бизнес, маҳдудкунии озодии баён, таъқиби рӯзноманигорон барои танқид, вакилони дифоъ ва ҳуқуқшиносон бино бар фаъолияти касбӣ, сиёсатмадорон барои баёни андеша, дигарандешон, пешвоёни динӣ ва мардуми диндор бино бар ангезаҳои мазҳабӣ.

Соли 2015 бар хилофи тамоми меъёрҳои қонунӣ ва Қарори Додгоҳи Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти Ҳизби қонунӣ амалкунандаи наҳзати исломии Тоҷикистон манъ гашта, террористӣ ва экстремистӣ эълон шуд. Дар ҳошияи ин, садҳо узви ин ҳизб бидуни ҳеҷ далелу бурҳон, дар асоси парвандаҳои сохта боздошт ва маҳкум шуданд. Ҳокимияти қазоӣ (судӣ) дар Тоҷикистон фалаҷ шудааст ва ба нафъи ҳокимияти иҷроия фаъолият мекунад, содир намудани ҳукмҳои сафедкунанда ғайрирасмӣ манъ шудаанд. Амалан соли 1937 такрор мешавад. Танҳо саркӯби ғайриқонунӣ ва нобудсозии ҷисмонии афроди нописанд ба мақомот аз тарафи мансабдорони дигар иҷро карда мешавад, ки фарқе аз мансабдорони замони Сталин надоранд.

Аз он замон ҳазорон нафар кишварро тарк карданд. Хонаву дороиҳои онҳо аз тарафи мақомот сохторҳои қудратӣ ва ҳукумати Тоҷикистон талаву тороҷ гардиданд. Бидуни ҳеҷ додгоҳ ва таҳқиқ беш аз ҳазор шаҳрванд дар пайгарди Интерпол қарор дода шуда, террористу экстремист эълон шуданд.

Ду ҳафта қабл Бонки миллии Тоҷикистон рӯйхати афроди мансуб ба терроризмро нашр кард. Дар ин рӯйхат, ки аз тарафи Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллӣ тартиб дода шудааст, 1372 шаҳрванди Тоҷикистон ворид шудаанд.

Аз ин рӯйхати тартибдодаи Бонки Миллии Тоҷикистон бармеояд, ки ҳамаи 1372 шаҳрванди Тоҷикистон террорист эътироф шудаанд. Куҷост исботи ин ки аз тарафи чунин гурӯҳи калони одамон амалиёти террористӣ содир шудааст? Кӣ дар хотир дорад, ки давоми 10 соли охир ҳатто як амали террористӣ дар Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваста бошад?

Пас аз таҳқиқоти аввалияи Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ маълум шуд, ки дар руйхати мазкур беш аз панҷоҳ нафар фаъолони маданӣ аз ҷумла сиёсатмадорон, рӯзноманигорон, блогерҳо, вакилони мудофеъ, устодони донишгоҳ, муҳаққиқон ва тоҷирон номнавис шудаанд, ки ин нафарҳо амалан ба ҳама намудҳои экстремизм ва терроризм мухолиф буда баръакси он ҳамеша ба ин падидаи манфӣ мубориза бурдаанд.

Дар руйхати тартибдодашудаи Бонки Миллии Тоҷикистон афроди мансуб ба терроризм даҳҳо шахсоне ҳам дарҷ шудаанд, ки дар қайди ҳаёт нестанд, ва онҳое, низ ба руйхат ворид шуданд, ки ба назари мухолифин дар пойгоҳҳои иҷтимоӣ “лайк” монданд ва ҳамчунин фейкҳои пойгоҳи иҷтимоӣ низ номнавис шудааст, ки ба мақсади хоссе ва бе шакк барои ворид кардани даҳҳо аз фаъолони маданӣ ва мухолифини ҳукумати Тоҷикистон ин руйхат тартиб дода шудааст.

Дар зоти худ, терроризм ин тарконидан, сӯзонидан, тирпаронӣ аз яроқи оташфишон ё дигар ҳаракатхое, ки барои ҳаёти одамони зиёд хатар эҷод мекунад, зарари молӣ мерасонад ва ё ба вуқӯъ омадани ҳолатҳои хатарнок барои ҷамъият аст ва ин ҳаракот барои барҳам задани тартиботи ҷамъиятӣ, фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва мақомоти интизомӣ, тарсонидани мардум, ё таъсир гузоштан ба қабулшавии қароре аз тарафи мақомоти ҳукумат иҷро шудаанд, ҳамчунин таҳдиди ба иҷрорасонии ҳаракоти зикршуда барои ҳамин ҳадафҳо мебошад.

Барои собит кардани иттиҳомоти худ, мақомоти Тоҷикистон ҳеҷ санаде ироа накардааст ва далеле ҳам надорад, ки чанд соли охир дар қаламрави ҷумҳурӣ амали террористие ба вуқӯъ пайвастааст. Ба ҷузъ даъвоҳои беасос ва маҳкумсозии садҳо афроди бегуноҳ.

Шахсони расмӣ бо тартиб додани рӯйхати афроди ҳамдаст бо терроризм бидуни ҳукми додгоҳ ва бар хилофи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳазорҳо нафарро ба таври сунъӣ террорист эътроф намуда, ба худ намеандешанд, ки бо ин амалашон Тоҷикистонро чун кишвари террористон ба ҷаҳон муаррифӣ кардаанд.

Намояндаи САҲА оид ба озодии матбуот Харлем Дезир дар мактубаш ба вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон С. Аслов, хостори хафзи номи рӯзноманигорон аз рӯйхати афроди ҳамдаст бо терроризм шуд. Муттаҳам кардани журналистон ба терроризм хандаовар аст. Журналист ҷамъиятро бо иттилоот таъмин месозад. Магар чунин чизҳои муқаррарӣ таҳдиде ба амнияти миллӣ эҷод мекунанд?

Дар САҲА мутмаиннанд, ки дар рӯйхат бидуни ҳеҷ далеле ному насаби 14 корманди ВАО — шаҳрвандони Тоҷикистон ворид шудааст.

Харлем Дезир мутмаин аст, ки мақомоти Тоҷикистон собит накардаанд, ки журналистони ба рӯйхат воридшуда кадом ҷиноят ё амали ғайриқонуние анҷом додаанд. Воридсозии номи ин кормандони ВАО ба рӯйхати муттаҳамон бар терроризм ҳаёт ва амнияти онҳоро зери хатар мегузорад, мутмаин аст намояндаи САҲА оид ба озодии матбуот.

Воқеъан баъди нашри расмии рӯйхат, дар Туркия ду мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, ки аз РКОГ СММ дархости паноҳандагӣ намуда, мунтазири посух буданд, боздошт гардиданд.

Ин ки дар Тоҷикистон ба ҳуқуқи инсон ва худи инсон эҳтиром қоил нестанд, кайҳо ба ҳама маълум буд, вале маълум мешавад Конститутсия ҳам ҳеҷ қимате надорад, вақте сухан аз ҳадафҳои ғаразноки баъзе мақомдорон меравад.

Тибқи моддаи 20-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Ҳеҷ кас дар содир кардани ҷиноят, то ба ҳукми қонун даромадани хукми додгоҳ, гунаҳкор дониста намешавад”.

Ҳамин тавр Бонки Миллии Тоҷикистон бидуни додгоҳ ва тафтишот, бе ҳукми додгоҳ беш аз ҳазор нафарро террорист эътироф намуд, ки пурра худсарӣ аст.

Умед мекунем, ки институт ва созмонҳои вобаста ба ҳуқуқи инсон, ки зикрашон дар боло рафт, аз ин хулоса бароварда, барои пешгирӣ аз чунин қонунвайронкуниҳо чора меандешанд ва аз мақомоти расмии Тоҷикистон талаб мекунанд, ки даҳҳо фаъолони маданӣ, ки дар рӯйхати тартибдодаи Бонки Миллии ҶТ номнавис шудааст бидуни таъхир пок карда шавад. Дар зимн руйхати фаъолони маданӣ оварда шудааст:

A/ Рӯзноманигорон ва блогерҳо:

1) Бурҳонов Юнус Аббосович (Сайидюнуси Истравшанӣ) соли таваллуд 1969, рӯзноманигори тоҷик ва фалсафашинос. Коршиноси масоили сиёсӣ, муҳаққиқ, хатмкардаи Донишгоҳи байналмилаллии Ирон дар риштаи фалсафа ва маорифи исломӣ, хатмкардаи Донишгоҳи Димишқ дар риштаи “Фалсафа ва ҳикмат”, устоди донишгоҳ, дорои беш аз 21 таълиф дар умури динӣ ва фалсафӣ ва муассиси пойгоҳи сиёсӣ-таҳлилӣ ва фарҳангии “Кимиёи саодат”. Узви раёсати “Форуми озодандешони тоҷик”, маълумот олӣ.

2) Шералиев Абдуманнон Абдувалиевич, соли таваллуд 1973, узви ҲНИТ, рӯзноманигор, муҳаққиқи иқтисодӣ, дар интихоботҳои парлумони соли 2000, 2005, 2010 ҳамчун номзад дар маҷлисҳои шаҳрӣ ва вилоятӣ иштирок кардааст, пас аз интихоботи парлумонии соли 2015 кишварро тарк кардааст. Собиқ роҳбари ширкатҳои “Меҳан”, “Рашод”, ҶММ “Саро” ва ҶММ “Тротон- Аморат”. Маълумот олӣ, хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, риштаи рӯзноманигорӣ. Паноҳанда.

3) Атавуллоев Додоҷон Асадович, соли таваллуд 1955, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, муассиси рӯзномаи “Чароғи рӯз”, роҳбари ҳаракати сиёсии “Ватандор”, роҳбари Анҷумани неруҳои созандаи Тоҷикистон, чандин маротиба дар кишварҳои ғайр бо дархости мақомоти тоҷик боздошт ва дахолати созмонҳои байналмилаллӣ озод шудааст. Соли 2012 дар Москва суйи қасд ба ҷонаш суръат гирифтааст. Хатмкардаи донишгоҳи давлатии ш. Москва (МГУ) ба номи Ломоносов. Паноҳанда.

4) Садруддинов Муҳаммадиқбол Қаландарович, соли таваллуд 1978, узви ҲНИТ, рӯзноманигор, ҳуқуқшинос, солҳои 2000-2001 корманди вазорати фарҳанги ҶТ, солҳои 2002-2007 корманди вазорати саноат, роҳбари бунёди ҷамъияти “Васатият”, беш аз 118 китоб тарҷума ва таълиф кардааст. Маълумот олӣ, соли 1998 донишгоҳи Пешовар ва донишгоҳи давлатии миллиро соли 2005 хатм кардааст. Муассиси сомонаи “Ислоҳ”, паноҳанда.

5) Сатторов Меҳрубон Ҳасанович, соли таваллуд 1989, блогер, узви ҳаракати сиёсии Гурӯҳи 24, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, масъули барномаи “Взгляд”. Паноҳанда.

6) Одинаев Эҳсон Сайфуллоевич, блогери тоҷик, яке аз мунаққидони низоми имрӯзаи Тоҷикистон, соли 1991 таваллуд шудааст, таҳсилкардаи кишвари Руссия барои дифоъ аз зиндони сиёсӣ Зайд Саидов дар чанд шаҳрҳои Руссия гирдиҳамоиҳо ташкил кардааст. Роҳбари барномаи сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии “Politik.tj”. Муассис ва ташкилкунандаи ҳизби пиратҳои тоҷик (Пиратская партия Таджикистана) дар Руссия. Моҳи майи соли 2014 дар Руссия нопадид шуда то ҳанӯз дар куҷо буданаш номаълум боқӣ мондааст.

7) Шукуров Абдураҳим Назриқулович, наворбардор, собиқ корманди сайти “Озодагон”. Дар телевизионҳои “Ҷаҳоннамо”, “Сафина” ва киностудияи “Тоҷикфилм” кор кардааст. Соли 1986 таваллуд шудааст. Соли 2014 аз ҷониби ВКД дар шаҳри Душанбе боздошт шуда мавриди лату куб қарор гирифтааст, соли 2015 номзад ба маҷлиси вакилони ш. Душанбе, пас аз интихоботи парлумонии соли 2015 аз кишвари Тоҷикистон хориҷ шудааст. Маълумот миёнаи махсус. Паноҳанда.

8) Бобоев Абдусаттор Хуҷаевич, соли таваллуд 1968, Узви Раёсати Олии ҲНИТ, соли 1997 то соли 2000- ум котиби зер комисияи низомии дар комисияи оштии милли фаъолият кардааст, роҳбари ширкати сохтмони “Монолит 05”. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии милли Тоҷикистон, риштаи рӯзноманигорӣ. Маълумот олӣ. Паноҳанда.

9) Эгамов Аюб Худойбердиевич, соли таввалуд 1977, узви ҲСДТ, блогери тоҷик, роҳбари бахши ҷавонон дар шӯъбаи ҲСДТ дар вилояти Суғд. Устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, соли 2008 -2010 корманди созмони “Ҳилоли аҳмар” пас аз фишорҳои пай дар пайи мақомотҳои кудрати соли 2011 кишвари Точикистонро тарк кардааст, айни замон узви раёсати “Форуми озодандешонии тоҷик”. Маълумот олӣ, донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст. Паноҳанда.

10) Масаидов Пайрав Маюсуфович, соли таваллуд 1981, рӯзноманигор, барномасоз, хатмкардаи чанд донишгоҳи аврупоӣ, дар интихоботи парлумонии соли 2015 ҳамчун номзад ба маҷлиси намояндагони маҷлиси Олӣ аз ҲНИТ иштирок кардааст, пас аз интихоботи парлумони кишварро тарк кардааст. Паноҳанда.

11) Шарипов Шавкат Мамадҷонович, соли таваллуд 1978, узви ҲНИТ, собиқ роҳбари бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ашт, рӯзноманигор, барномасоз дар ҳаёти сиёсии кишвари Тоҷикистон фаъолона иштирок кардааст. Дар интихоботи парлумонии солҳои 2000, 2005, 2010 ҳамчун номзад дар маҷлисҳои шаҳрӣ ва вилоятӣ иштирок кардааст, пас аз моҳи марти соли 2015 кишварро тарк кардааст. Маълумот олӣ, хатмкардаи донишгоҳи ҳуқуқии ш. Екетринбурги Руссия. Паноҳанда.

12) Ғаниев Нуриддин Маҳмадсаидович (Нуриддин Ризоӣ), соли таваллуд 1987, масъули равобити хориҷии Гурӯҳи 24, барандаи барномаи иҷтимои-сиёсӣ “Садои мардум”, фаъоли сиёсӣ, хатмкардаи донишгоҳи Кувейт, бахши улуми сиёсӣ, соли 2014 кишвари Тоҷикистонро тарк кардааст, таҳсил дар донишгоҳи ш. Москва ба номи Ломоносов, бахши муносибатҳои байналмиллалӣ. Маълумот олӣ, паноҳанда.

13) Ашуров Ҳусейн Маҳмаднурович, соли таваллуд 1981, муовини ҳаракати сиёсии Гурӯҳи 24, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, блогери тоҷик, хатмкардаи донишгоҳи байналмилаллии Исломобод, маълумот олӣ. Паноҳанда.

14) Давлатов Сулаймон Ҳокимович, соли таваллуд 1986, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, блогери тоҷик, соли 2015 аз ҷониби ИНТЕРПОЛ бо дархости мақомоти кишвари Тоҷикистон дар Филляндия боздошт ва пас аз муддате озод мешавад, паноҳанда.

15) Кабирова Бибисоро Тиллоевна, соли таваллуд 1972, узви ҲНИТ, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Ошиён”, рӯзноманигор, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, факултаи журналистика ва тарҷумон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, маълумот олӣ. Паноҳанда.

16) Одинаев Вайсиддин Сайфуллоевич, соли таваллуд 1993, блогери тоҷик, мудофеи ҳуқуқи муҳоҷирин дар Руссия, муассиси барномаи иттилоотии “NTVTJ” ва “TOJTV”, муассиси ташкилоти фарҳанги ва ҳуқуқӣ “Сиёвуш”, бародари Одинаев Эҳсон, Паноҳанда.

17) Сафаров Файзуллоҷон Гурезович, соли таваллуд 1996, узви ҳаракати сиёсии Гурӯҳи 24, блогери тоҷик, барномасози барномаи мардумии “Взгляд” . Хатмкардаи донишгоҳ дар ш. Москва (Рос НОУ) Маълумот олӣ.

18) Давлатов Ҳуҷҷатулло, соли таваллуд 1985, блогери тоҷик, дар facebook Hofiz Nosiri дар ок.ru Хофиз Носири шинохта шудааст, хатмкардаи донишгоҳи байналмиллалии кишвари Покистон, маълумот олӣ пас аз фишорҳои пай дар пайи мақомотҳои кудратӣ соли 2014 аз кишвар хориҷ шудааст. Паноҳанда.

B/ Раҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳо ва ҳаракатҳои сиёсӣ:

1) Кабиров Муҳиддин Тиллоевич, Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, собиқ вакили маҷлиси намояндагони маҷлиси Оли ҶТ, соли таваллуд 1965. Аз соли 1997-2000 корманди комиссияи оштии миллӣ. Маълумот олӣ, хатмкардаи мактаби олии дипломатии вазорати хориҷаи Руссия, номзади илмҳои сиёсӣ, пас аз интихоботи парлумонии соли 2015 кишварро тарк кардааст. 16 сентябри соли 2015 аз ҷониби КДАМ ҶТ аъзоёни шурои сиёсии ҲНИТ бо гумони даст доштан дар “инқилоби зидди конститутсиони” боздошт мешаванд ва 28 уми сентябри ҳамон сол аз ҷониби Суди Олӣ қарори манъи фаъолияти ҲНИТ содир мешавад ва ба раиси ҲНИТ парванда оғоз шудааст. Паноҳанда.

2) Табаров Суҳроб Захвархонович (Suhrob Zafar), соли таваллуд 1978, роҳбари ҳаракати сиёсии Гурӯҳи 24, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, айни замон бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар Туркия боздошт шудааст.

3) Гадоев Шарофиддин Мирзоалиевич, соли таваллуд 1985, ҳуқуқшинос, ҳамшарики роҳбари Гурӯҳи 24 Умаралӣ Қувватов. Соли 2012 аз кишвар хориҷ шудааст, айни замон муассис ва узви раёсати ҳаракти сиёсии “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон”. Роҳбари ширкати “Gold Tour Trans”. Маълумот олӣ, донишгоҳи милли Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст. Паноҳанда.

4) Ёқубов Илҳомҷон Дадоҷонович, соли таваллуд 1977, собиқ роҳбари ҲНИТ дар вилояти Суғд, роҳбари ширкати тиҷории “Илҳом”. Устоди мактаби махсуси варзишӣ. Дар интихоботҳои парлумонии 2010 ва 2015 ҳамчун номзад ба маҷлиси намояндагони маҷлиси Олӣ иштирок кардааст, пас аз фишорҳои пай дари пайи мақомотҳои қудрати соли 2015 аз кишвар хориҷ шудааст. Хатмкардаи донишгоҳи давлатии Хуҷанд факултаи “молия ва қарз”. Маълумот олӣ. Роҳбари Анҷумани муҳоҷирини Осиёи Марказӣ. Паноҳанда.

5) Қувватов Анвар Иззатович, соли таваллуд 1963, бародари асосгузори ҳаракати сиёсии Гурӯҳи 24 Умаралӣ Қувватов, муассис ва узви раёсати ҳаракати сиёсии “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон”, хатмкардаи мактаби олии ш. Тошканд. Роҳбари ширкати бахши Қиргизистонии “Gold Tour Trans”, маълумот олӣ, тоҷир. Паноҳанда.

C/ Вакилони дифоъ:

1) Ёров Ҷамшед Равшанович, соли таваллуд 1974, ҳуқуқшинос, вакили зиндонии сиёсӣ Муҳамадали Ҳаитов (муоввини раиси ҲНИТ), соли 2016 аз ҷониби мақомоти кудратии Тоҷикистон боздошт шуда пас аз 3 моҳ ба озодӣ баромадааст. Хатмкардаи донишгоҳи давлатии милли Тоҷикистон, маълумот олӣ. Паноҳанда.

2) Қодирова Муаззамахон Муминовна, соли таваллуд 1969, ҳуқуқшинос ва вакили зиндонии сиёсӣ Бузургмеҳр Ёров, пас аз таҳдидҳои мақомот соли 2017 аз кишвар хориҷ шудааст. Маълумот олӣ. Паноҳанда.

D/ Фаъолони маданӣ:

1) Худойдодова Шабнам Хайруллоевна, соли таваллуд 1986, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, соли 2015 аз ҷониби ИНТЕРПОЛ дар кишвари Белорусия боздошт мешавад ва пас аз 9 моҳ бо дахолати созмонҳои ҳуқуқи байналмиллалӣ аз маҳбас озод мешавад. Хатмкардаи донишгоҳи давлатии Кулоб, факултаи забон ва адабиёти тоҷик. Маълумот олӣ. Паноҳанда.

2) Ашуров Ҳасан Маҳмаднурович, соли таваллуд 1981, узви ҳаракати сиёсии Гурӯҳи 24, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ. Паноҳанда.

3) Абдураҳмонова Розия Ҳасановна, соли таваллуд 1961, фаъоли ҷомеаи шаҳрванди, соли 2014 аз ҷониби мақомотҳои қудратии барои ақидаҳои сиёсӣ дар шаҳри Новосибирск боздошт шуда пас аз 1 соли 6 моҳ озод шудааст. Паноҳанда.

4) Давлятов Ёкубҷон Абдукаримович, соли таваллуд 1988, бародари маҳбуси сиёсӣ Абдуқаҳҳори Давлат, соли 2017 аз ҷонибии мақомоти қудратии Қазоқистон дар ш. Алмаато боздошт шуда ба Тоҷикистон истидрор шудааст, то имруз ҳолаташ норушан боқи мондааст. Маълумот олӣ.

5) Исоев Қутбиддин Қиёмавич, соли таваллуд 1983, узви ҲНИТ, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ. Паноҳанда.

6) Шехов Суҳроб Маҳмадаминович, соли 1973 таваллуд шудааст, муҳофизи асосгузори ҲНИТ ва раиси Комиссияи оштии милли С. А. Нурӣ, бародари маҳбуси сиёсӣ Шехов Мусо, пас аз интихоботи парлумонии соли 2015 аз кишвари Тоҷикистон хориҷ шудааст. Паноҳанда.

7) Мухторов Порсо Ҷунайдулоевич, соли 1975 таваллуд шудааст, пас аз созишномаи сулҳи тоҷикон дар мақомоти кудрати фаъолият кардааст ва аз ҷониби ин мақомот муҳофизи раиси Комиссияи оштии милли С. А Нури то соли 2000 ум ифои вазифа кардааст. Дар хаёти сиесии кишвари Тоҷикистон фаъолона иштирок кардааст. Пас аз интихоботи парлумони ва фишорҳоии мақомоти кудрати аз кишвар хориҷ шудааст. Паноҳанда.

8) Маюнусова Саёҳат Отаҷонова, соли таввалуд 1980, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, пас аз маҳдудиятҳо ба озодии динӣ ва фишорҳоии мақомоти қудратӣ соли 2016 аз кишвар хориҷ шудааст.

9) Майюнусов Фаррух Саъдулоевич, соли таваллуд 1976, тоҷир ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, пас аз фишорҳоии мақомотҳои кудрати кишварро тарк кардааст. Паноҳанда.

10) Наҷмиддинов Хурсанд Зикридинович, соли таваллуд 1985, барномасоз ва узви Гурӯҳи 24. Масъули таҳиягари техникии барномаи “Садои мардум”. Паноҳанда дар Аврупо.

11) Астанаев Акмал Хурсанқулович, соли таввалуд 1984, узви ҳаракати сиёсии Гурӯҳи 24, масъули ин гурӯҳ дар кишвари Лаҳистон. Паноҳанда.

12) Комилов Ҷаннатулло Изатуллоевич, соли таваллуд 1981, узви РО ҲНИТ, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, номзад ба вакили маҷлиси намояндагони маҷлиси Олӣ ҶТ дар интихоботи парлумонии соли 2015, пас аз фишорҳои пай дар пай соли 2015 кишварро тарк кардааст. Маълумот олӣ, таҳсилкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, бахши муносибатҳои байналмиллалӣ. Хатмкардаи донишгоҳи Имом Абуҳанифа дар Исломобод. Паноҳанда.

13) Лангарчиев Маъруф Гулмамадович, соли таваллуд 1984, узви созмони “Ҷавонон дар эҳёи Тоҷикистон” фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ. Паноҳанда.

14) Валиев Собир Асатулоевич, соли таваллуд 1988, собиқ муовини Анҷумани неруҳои созандаи Тоҷикистон, фаъоли сиёси, соли 2015 бо дархости мақомоти кишвари Тоҷикистон бо тариқи ИНТЕРПОЛ дар Молдова боздошт шудааст, пас аз 40 руз озод шудааст. Маълумот олӣ, таҳсилкардаи донишгоҳи давлатии Руссия. Паноҳанда.

15) Кабиров Салимҷон Муҳиддинович, соли таваллуд 1994, фарзанди Муҳиддин Кабиров раиси ҲНИТ, маълумот олӣ, таҳсилкардаи донишгоҳи Туркия.

16) Сайфова Гулбарг Қудратовна, соли таваллуд 1980, узви ҲНИТ, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳамсари зиндони сиёсӣ Давлатов Умаршоҳ, дар интихоботи парлумонии соли 2015 ҳамчун номзад ба вакили маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии ҶТ иштирок кардааст, пас аз манъи ҲНИТ ва фишорҳои пай дар пай кишварро тарк кардааст, маълумот олӣ таҳсилкардаи донишгоҳи милли Тоҷикистон. Паноҳанда.

17) Абузар Хоҷазода, соли таваллуд 1990, узви ҳаракати сиёсии Гурӯҳи 24, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, паноҳанда.

18) Абсатторов Абдусамад Ҳакимович, соли таваллуд 1974, узви ҲНИТ, тоҷир, роҳбари кулли “Сомониён” маълумот нопурраи олӣ, шунавандаи донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон. Паноҳанда.

19) Лоиқов Фируз Додарбекович, соли таваллуд 1994, узви ҳаракати сиёсии Гурӯҳи 24, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, барои ақидаҳои сиёси ва танқидӣ аз ҷониби мақомоти Руссия ва бо дархости мақомоти Тоҷикистон боздошт шуда пас аз 1 сол озод шудааст. Паноҳанда.

20) Ашуров Сайдали Маҳмаднурович, соли таваллуд 1972, сухангуйи ҳаракати сиёсии Гурӯҳи 24, муҳаққиқ, маълумот олӣ, омузгори мактаби миёна, паноҳанда.

21) Холиди Маҳмадсаид, соли таваллуд 1986, узви ҲНИТ, собиқ масъули ҷавонон ва варзиши шуъбаи ҲНИТ дар ш. Душанбе, хатмкардаи донишгоҳи давлатии милли Тоҷикистон, пас аз фишорҳои пай дар пай соли 2014 кишвари Тоҷикистонро тарк кардаст, айни замон масъули иҷроияи дафтари ҲНИТ дар Австрия. Маълумот олӣ. Паноҳанда.

22) Хоҷаев Азизхуҷа Шириншоевич, соли таваллуд 1950 узви РО ҲНИТ собиқ раиси ҲНИТ дар ноҳияи Фирдавсии ш Душанбе. Дар интихоботи парлумонии солҳои 2005,2010 ҳамчун номзад дар маҷлисҳои шаҳрӣ иштирок кардааст, пас аз моҳи марти соли 2015 кишварро тарк кардааст тоҷир. Паноҳанда.

23) Кабиров Акоша Тиллоевич, соли таваллуд 1955, узви РО ҲНИТ, бародари раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабиров, фаъоли сиёсӣ, дар интихоботҳои парлумонии соли 2005 ва 2010 ҳамчун номзад ба маҷлиси намояндагони маҷлиси Олӣ иштирок кардааст, хатмкардаи донишгоҳи давлатии милли Тоҷикистон, факултаи иқтисод, маълумот Олӣ. Паноҳанда.

24) Оева Шоира Қудратовна, соли таваллуд 1970, модари Одинаев Эҳсон ва Вайсиддин, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ. Маълумот олӣ.

25) Сироҷонов Искандар Ҳабибулоевич, соли таваллуд 1979, собиқ имомхатиби масҷид дар н. Бобоҷон Ғафуров, хатмкардаи донишгоҳи давлатии Хучанд, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ

26) Амирҳамза Тағай, соли таваллуд 1993, бародари узви РО ҲНИТ Бобоҷон Каюмов. Маълумот олии нопурра дар донишгоҳи милли Тоҷикистон таҳсил кардааст. Паноҳанда.

27) Зукриеева Рисолат, соли таваллуд 1984, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, паноҳанда.

28) Ҳомидов Абдурашид Халипаевич, соли таваллуд 1989, узви ҳаракати сиёсии Гурӯҳи 24, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, соли 2014 аз ҷониби мақомоти Туркия бо ҳамроҳии асосгузори Гурӯҳи 24 Умарали Қувватов боздошт шуда пас аз 1 моҳ озод шудааст, соли 2016 бо дархости мақомоти кишвари Тоҷикистон дар Стамбул боздошт шуда пас аз як сол озод шудааст.

Ёқубов Илҳомҷон

Роҳбари Анҷумани муҳоҷирини Осиёи Марказӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s