Ҳамзамон бо шаҳрҳои дигари Аврупо, дар шаҳри Бонни Олмон низ аз сӯи се тан аз тоҷикони муқими ин кишвар, иқдоми эътирозӣ сурат гирифт. Ин иқдомҳо дар эътироз ба фоҷеаи куштори зиндони Ваҳдат баргузор шуда истодаанд.
Сулаймон Орзуев, фаъоли сиёсии тоҷик, дар суханоне дар назди бинои намояндагии маҳаллии Комиссияи Аврупо дар Бонн, бо тарҳи ин дархост, ки “бояд як комиссияи мустақил ҷиҳати таҳқиқ дар ҳодисаи зиндони Ваҳдат ташкил шавад” гуфт: “Мо бо намояндаи Аврупо мулоқот кардем ва қазияро барояшон шарҳ додем. Онҳо ваъда доданд, ки дар кӯтоҳтарин замон, ин қазияро дида мебароянд.”
Сулаймон Орзуев дар идома, аз ҳамаи шаҳрвандони тоҷики муқими Аврупо ва дигар кишварҳо хост, ки бо баргузории иқдомҳои эътирозӣ (пикетҳо) садои мазлумияти мардуми тоҷик ва вазъи вахими зиндониён ба хусус зиндониёни сиёсиро ба гӯши ҷаҳониён бирасонанд.
Ин фаъоли сиёсии тоҷик дар як гуфтугӯи кӯтоҳ бо сомонаи Озодандешон низ дар тавзеҳи иқдоми эътирозии худ ва дӯстонаш гуфт: “Мо 3 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаҳри Бонни Олмон гирди ҳам омадем ва мақсад аз ин гирдиҳамоӣ ин буд, ки ба намояндаи Комисияи Иттиҳодияи Аврупо расонем ки он чизе, ки дар зиндони Кирпичнии Ваҳдат гузашт, ин террори маҳбусони сиёсӣ буд аз тарафи режими диктатории Эмомалӣ Раҳмон.”
Вай, дар тавзеҳи дидор ва гуфтугӯяш бо намояндаи Иттиҳодияи Аврупо баён дошт: “Мо ҳудуди 40 дақиқа бо намояндаи ин иттиҳодия мулоқот доштем. Вақте ки ман дар бораи қатлу куштори ваҳшиёнаи Қиёмуддини Ғозӣ ва Махсуми Абдусаттор нақл мекардам, аз ман хоҳиш кард, ки аксе аз ин шаҳидон барояш биёварам. Ман рафтам ва сурати ин ду нафарро овардам. Вақте аксро дид, бовар кунед, гуфт, ин чи гап аст? Посбонҳои зиндон куҷоро назорат мекунанд? Наход инҳоро ин гуна бикушанд?!”
Орзуев афзуд: “Ман барои ӯ тавзеҳ додам, ки ҳозир ҷони дигар маҳбусони сиёсӣ низ дар хатар аст. Агар маҳбусони сиёсиро озод накунанд, имкони зиёд аст, ки онҳоро низ бикушанд.”
Ӯ ёдовар шуд: “Дар охир ба ман гуфт, чаро аз дигар нафарон акс надоред, ман гуфтам дигаронро шояд аз ин дида бадтар кушта бошанд, ки ҳатто ба соҳибонашон ҷасади онҳоро нишон надода бурда гӯр карданд. Намояндаи ин иттиҳодия ба ман ваъда дод, ки дар кӯтоҳтарин муддат ин масъалаи шуморо мебинем, ба шумо хабар мерасонем.”
Гуфтанист, дар шаҳри Вилнюси Литва ҳам имрӯз аз сӯи шуморе аз шаҳрвандони тоҷик иқдоми эътирозӣ сурат гирифт.
Рубрики:Хабарҳо, Ҳуқуқи башар, Ҷомеа