Баёнияҳо

Шабакаи телевизионии Т+ оғоз ба кор мекунад

Темур Варқӣ, фаъоли сиёсӣ ва рӯзноманигор аз оғоз ба кори шабакаи мустақилли моҳвораии Т+ хабар дод. Ӯ дар эъломияе, ки дар сафҳаи корбарии худ дар Фейсбук гузоштааст, ҳадаф аз таъсиси ин шабакаи телевизиониро “пур кардани холигие” донист, ки “дар фазои расонаӣ ба вуҷуд омада”.

Ба гуфтаи ӯ, ин шабака дар рӯзи Истиқлолияти Тоҷикистон, 9 сентябр ифтитоҳ мешавад. Т+ барномаҳои худро бо ду забон: тоҷикӣ ва русӣ пахш мекунад. Нишонии ин шабакаи тозатаъсис чунин аст:

Моҳвора (Satellite): Eutelsat 7B

Мавқеият (Position): 7.0°E

Фреканс (Frequency): 11262

Суръати нишонӣ (Symbol rate): 27500

Поляризатсия (Polarization): H

FEC: 5/6

Матни эъломияи Темур Варқӣ ба ин шарҳ аст:

Ба самъу назари мардуми шарифи Тоҷикистон мерасонем, ки ба зудӣ, 9 сентябри соли равон (09/09/2020) ба муносибати 29-умин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон, шабакаи мустақилли моҳвораии Т+ оғоз ба кор хоҳад кард.

Т+ шабакаи телевизионие аст, ки бештар барномаҳои хабарӣ, таҳлилӣ ва фарҳангиеро, ки тавассути расонаҳо ва афроди мустақил иҷро мешаванд ба намоиш хоҳад гузошт. Ба илова, бозпахши гузоришҳои хабарӣ ва таҳлилии бархе расонаҳои матраҳ дар Тоҷикистон низ, ҷузъи барномаҳои шабакаи Т+ мебошад. Барномаҳои ин шабака ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ мебошанд.

Ҳадаф аз таъсис ва роҳандозии ин шабакаи телевизионӣ дар навбати аввал пур кардани холигие аст, ки дар фазои расонаӣ ба вуҷуд омада. Мутаассифона дар кишвари мо садо ва симо дар инҳисори ҳукумат аст ва мардум аз огоҳ гардидан бо дидгоҳҳо ва андешаҳои дигар маҳрум мебошанд.

Умедворем, бо таъсиси ин шабакаи телевизионӣ, дар боло бурдани сатҳи огоҳии мардуми шарифи Тоҷикистон ва минтақа саҳми ночизе гузошта бошем.

Бо эҳтиром,

Темур Варқӣ,

Раиси гурӯҳи машваратии шабакаи моҳвораии Т+

Рубрики:Баёнияҳо

Помечен как:,

Оставьте комментарий